Филиалҳо

КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» Ш.ХУҶАНД

Суроға: 735715, Ҷумҳури Тоҷикистон, вилояти Суғд, ноҳияи Б. Гафуров, куч. Аэропорт 15

Телефон: (+992) 48-701-20-92, (+992) 92-990-10-00   

Шодизода Шоҳин Шодӣ (24 октябри соли соли 1990 ш. Ваҳдат) – Директори филиали КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳри Хуҷанд.

Соли 2010 Маркази таълимии “Қирғизаэронавигатсия”, соли 2016 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, соли 2022 Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм намудааст.

Фаъолияти кориашро соли 2010 ҳамчун танзимгар брифинг-офиси маркази танзими аэродромии Хадамоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоии филиали КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ш. Хуҷанд оғоз намуда то соли 2018 дар ин вазифа фаъолият намудааст. Аз соли 2018 то моҳи марти соли 2023 дар вазифаи танзимгари дараҷаи 3-юми танзимгоҳи ибтидоӣ ва самтдиҳии маркази танзими аэродромии Хадамоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоии филилали Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар ш. Хуҷанд кор кардааст. 

 17 марти соли 2023 бо фармоиши директори генералӣ ба вазифаи Директори филиали КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳри Хуҷанд таъин шудааст. 


КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» Ш.КӮЛОБ

Суроға: 735360, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш. Кӯлоб, ҷамоати Зиракӣеҳаи Корезӣ поён

Телефон: (+992) 3322-48-701-36-55, (+992) 93-880-04-33

Солиев Зокирҷон Қурбоналиевич (22 ноябри соли 1990 ш. Кӯлоб) – Директори филиали КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳри Кӯлоб.

Соли 2014 филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлобро хатм намуда, фаъолияташро соли 2014 ҳамчун техники алоқаи объекти таъминоти радиотехникии Хадамоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии филиали ш. Кӯлоб оғоз намуда то соли 2023 дар ин вазифа кору фаъолият намудааст.

17 марти соли 2023 бо фармоиши директори генералӣ ба вазифаи Директори филиали КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳри Кӯлоб таъин шудааст.


КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» Ш. БОХТАР

Суроға: 735140, Ҷумҳури Тоҷикистон, вилояти Хатлон, ш. Бохтар, ноҳияи Бохтар, минтақаи Аэропорт

Телефон: (+992) 93-880-02-03, (+992) 48-701- 37-01

Диретор филиала Куляб

Исоев Салоҳиддин Шамсудинович (16 ноябри соли 1986, ш. Сарбанд, вилояти Хатлон) - директори филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Бохтар.

Соли 2015 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Н.Хисравро хатм карда, дар системаи Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2006 фаъолияти кориашро оғоз намудааст. Вазифаҳои ишғолнамудааш: Радиотехники ХИТРА фурудгоҳи Бохтар (2006ғ2009), Техники алоқаи филиали КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ш. Қӯрғонтеппа (2009), Техники калони радиолокатсия, радионавигатсия ва алоқаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ш. Қӯрғонтеппа (2009-2017).

20 январи соли 2017 бо фармоиши директори генералӣ ба вазифаи Директори филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Бохтар таъин шудааст.