Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Филиали КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳри Кӯлоб

Филиали КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳри Кӯлоб
303

Чоп кардан

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2008 таҳти №491 дар бораи аз нав ташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ташкил ёфт ва мувофиқи оиномаи корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар филиалҳои худро ифтитоҳ намуд.

Филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Кӯлоб аз рӯзи ба фаъолият шуруъ кардан, хизматрасонии ҳаракати ҳавопаймоҳо, иҷрои хатсайрҳо ва бехатарии онҳоро таъмин намуда истодааст. Дар соли аввали корӣ шумораи кормандони филиал 25 нафарро ташкил медод, ки дар ҳоли ҳозир шумораи онҳо ба 43 нафар мерасад. Зиёд шудани хатсайрҳо, харидорӣ ва насби технологияи ҳозиразамон аз тарафи корхона дар пешрафт ва ноил шудан ба дастовардҳои назаррас замина гузошт.

Айни замон дар филиали мазкур мисли маркази асоси корхона хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба хатсайрҳои дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ тавассути Хадамоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, Хадамоти таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ ва шӯъбаи Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандӣ таъмин мегардад. Фаъолияти хадамотҳои мазкур аслан барои таъмини бехатарии парвозҳо, таъмини фаъолияти кории воситаҳо ва таҷҳизотҳои радиотехникӣ ва алоқа, таъмини техникии воситаҳои назоратӣ, аэронавигатсионӣ, истифодабарии техникии таҷҳизотҳои метеорологӣ, корҳои васлкунӣ, таъмир ва хизматрасонии воситаҳои техникии филиал ва аз ҳама кори муҳим, бехатарии парвозҳо ва нигоҳ доштани таҷҳизотҳои техникии филиалро дар ҳолати хуби корӣ, таъминоти мушоҳидаҳои боду ҳавосанҷӣ барои бехатарӣ ва нишасту парвози тайёраҳо дар аэродроми Кӯлоб вогузор карда шудааст. Истифодаи ахборотҳои боду ҳавосанҷӣ (метеорологӣ) дар дохил ва берун аз аэродроми Кӯлоб бо воситаи таҷҳизотҷои автоматикӣ ирсол карда мешаванд.

Бо ҳадафи мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Кӯлоб бо дастгирии директори генералии корхона муҳтарам Лоиқ Бегиҷонзода таҷҳизотҳои замонавӣ, аз ҷумла низоми алоқаи нутқии «FREQUENTIS», системаи MLAT, таҷҳизоти низоми автоматикунонии идораи ҳаракати ҳавоӣ КСА УВД «Мастер-АС», таҷҳизоти радиоминои масофасанҷ  «ДМЕ 2020», таҷҳизоти низоми автоматикунонидаи обуҳавосанҷии авиатсиони  «AviMet», радиостансияҳои УКВ  ICOM IC F120, 110 ва 111, радиостансияҳои КВ   ICOM 78, таҷҳизоти СМАР-Т, таҷҳизоти  интиқоли автоматии иттилооти аэродромӣ «ATIS», таҷҳизоти барқтаъминкунанда дизели генераторҳои  тамғаи «RID» ва VAISALA «AviMET», «ATIS», «AFTN» ва радиостансияи сенсории FREQENTIS харидорӣ ва насб гардида, сатҳи кору сифати таъминоти ахборотҳои метеорологӣ бамаротиб  баланд гардидааст. Дар утоқҳои кории кормандон шароитҳои мусоид   фароҳам буда, кормандон хамарӯза корҳои ба зиммадоштаашонро саривақт ва пурмаҳсул ба иҷро мерасонанд.