
Директори генералӣ
Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон (18.08.1975 с.т.)
Соли 2001 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати Ширкати давлатии молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасонии Тоҷикистон ва соли 2016 Донишгоҳи давлатии авиатсияи граждании ш.Санкт-Петербургро хатм карда, фаъолияти кориашро дар Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1996 оғоз намудааст.
Дар системаи Авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2006 ҳамчун менеҷери маркази идораи захираҳо фаъолияти кориашро оғоз намудааст. Аз соли 2009 то соли 2016 дар вазифаи муовини сардори хадамоти истеҳсолӣ-тиҷоратӣ, муовини директори генералии ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе» фаъолият кардааст.
13 октябри соли 2016 бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» таъин шудааст.