Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Хуҷанд

Филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Хуҷанд
77

Чоп кардан

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2008 таҳти №491 дар бораи аз нав ташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ташкил ёфт ва мувофиқи оиномаи корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар филиалҳои худро ифтитоҳ намуд.

Филиали Корхонаи Воҳидии давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Хуҷанд якуми марти соли 2009 таъсис ёфта, яке аз калонтарин филиалҳои корхона ба ҳисоб меравад. Сохтори ташкили филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Хуҷандро ҳайати ёрирасон, хадамоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, хадамоти таъмини радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ ва истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандӣ ташкил медиҳад.

Хадамоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ яке аз сохторҳои таркиби корхона маҳсуб ёфта, парвозҳои бехатар ва мунтазами нақлиёти ҳавоиро дар фазои вилояти Суғд ва дар фурудгоҳи шаҳри Хуҷанд таъмин менамояд, ки хадамоти мазкур аз Бахши шаҳрвандии маркази ноҳиявии ёрирасони низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ, Нуқтаи танзими низоми фуруд, Маркази танзими аэродромӣ, Танзимгоҳи ибтидоӣ ва самтдиҳӣ, Брифинг офис иборат мебошад. Танҳо дар соли 2023 хадамот ба зиёда аз 12 700 ҳавопаймоҳо хизмат расонид, зимни фаъолият хадамоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ ҳамкории судмандро бо хадамоти фурудгоҳи Хуҷанд ва танзимгарони шаҳрҳои Тошкант, Намангон ва Душанбе хуб ба роҳ мондааст. Хадамоти таъмини радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионии филиали корхона аз уқдаи «радиолокатсия ва радионавигатсия», уқдаи «алоқаи барқии авиатсионӣ» ва гурӯҳи хизматрасонии воситаҳои метеорологӣ иборат мебошад. Уқдаи радиолокатсия ва радионавигатсия (РЛ РН) аз объектҳои маркази ТРТ, DME, ОРСҶО «Уротеппа» ва стансияҳои дурдасти МЛАТ иборат мебошад. Вазифаи асосии уқдаи радиолокатсионӣ ва радионавигатсионӣ ин таъмини коршоямӣ ва истифодабарии дурусти воситаҳои радиолокатсионӣ ба монандӣ низоми мулителотератсия, низоми автоматикии «Мастер», низоми бисёрканалаи бақайдгирии автоматикии СМАР-Т ва таҷҳизоти таъмини барқии офтобию дизелӣ мебошад. Ҳамчунин ин уқда барои таъмини коршоямӣ ва истифодабарии воситаҳои радионавигатсионӣ ба монанди радиопеленгаторҳои автоматики АРП-150, радиоминои масофасанҷи DME-220 ӯҳдададор ва уқдаи алоқаи барқии авиатсионӣ (АБА) аз объектҳои маркази коммутатсияи алоқа, радиобюро ва маркази мавҷқабулкунӣ иборат мебошад. Вазифаҳои асосии ин уқда - таъмини коршоямӣ ва истифодаи дурусти воситаҳои алоқа ба монанди низоми алоқаи овозии «FREQUENTIS», радиостансияҳои махсуси авиатсионии «I-com», «Rohde & Schwarz», низоми маркази коммутатсияи алоқаи «Монитор», ташкил ва хизматрасонии хатҳои алоқаи оптикӣ, телефонӣ, телеграфӣ ва рақамӣ мебошад. Ҳамчунин ба уқдаи алоқа гурӯҳи хизматрасонии воситаҳои метеорологӣ дохил мешавад, ки барои таъмини коршоямии таҷҳизоти метеорологии хатти парвози «VAISALA», низоми Метеоэксперт, Гисметео, Лиана, АТИС ҷавобгӯ мебошад. Мутахассисон ва коргарони хадамот дар ҳамаи корҳои насб, таъмир, таҷзия ва пайвасти таҷҳизоту воситаҳои техникӣ, оргтехника, таҷҳизоти маишӣ бевосита иштирок менамоянд.

Якумин стансияи метеорологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асри XIX дар давраи шоҳигарии Александри II дар соли 1866 ташкил ва дар давраи Шуравӣ тамоми мушоҳидаи метеорологӣ ба зимаи кумитаи гидрометеорология вогузор гашта буд. Вазифаи асосӣ ин мушоҳидаи вазиши шамол, суратнокии вазиш, самти вазиш, ҳарорати ҳаво, боришот, фишори атмосферии ҳаворо ташкил мекард. Мушоҳидаҳо шабонарузӣ мебошанд.

Стансияи метеорологии Хуҷанд то соли 2009 ба сафи кумитаи гидрометеорологии Тоҷикистон дохил мешуд. Моҳи майи соли 2009 бо тариқи шартномавӣ бо Агентии гидрометеорологии стансияи Хуҷанд ба ҳайси ФКВД «Тоҷикаэронавигатсия» шаҳри Хуҷанд дохил шуд. Айни замон дар Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандии Хуҷанд (ИАМШ) бо ҳадафи боз ҳам баланд бардоштани хизматрасонии системаи АТИС пайваст карда шудааст, ки ҳолати бодуҳавоиро ба эфир медиҳад.

 Таъкид ба ёдоварист, ки кормандони истгоҳи мазкур мунтазам такмили ихтисос гузашта, соҳиби диплом ва сертификати тахассусӣ мебошанд.