Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Бохтар

Филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Бохтар
45

Чоп кардан

Дар асоси қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми октябри соли 2008 таҳти №491 дар бораи аз нав ташкилдиҳии Корхонаи воҳиди давлатии ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр», КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ташкил ёфт ва мувофиқи оиномаи корхона дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар филиалҳои худро ифтитоҳ намуд.

Филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Бохтар аз рӯзи ба фаъолият шуруъ кардан, хизматрасонии ҳаракати ҳавопаймоҳо, иҷрои хатсайрҳо ва бехатарии онҳоро таъмин намуда истодааст. Дар соли аввали корӣ шумораи кормандони филиал 15 нафарро ташкил медод, ки дар ҳоли ҳозир шумораи онҳо ба 24 нафар мерасад. Зиёд шудани хатсайрҳо, харидорӣ ва насби технологияи ҳозиразамон аз тарафи корхона дар пешрафт ва ноил шудан ба дастовардҳои назаррас замина гузошт.

Айни замон дар филиали мазкур хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба хатсайрҳои дохилӣ, минтақавӣ ва байналмилалӣ тавассути Хадамоти хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, Хадамоти таъминоти радиотехникии парвозҳо ва алоқаи барқии авиатсионӣ ва шӯъбаи Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандӣ таъмин мегардад. Фаъолияти хадамотҳои мазкур аслан барои таъмини бехатарии парвоз, таъмини фаъолияти кории воситаҳо ва таҷҳизотҳои радиотехникӣ ва алоқа, таъмини техникии воситаҳои назоратӣ, аэронавигатсионӣ, истифодабарии техникии таҷҳизотҳои метеорологӣ, корҳои васлкунӣ, таъмир ва хизматрасонии воситаҳои техникии филиал, ҳамзамон бехатарии парвоз ва нигоҳ доштани таҷҳизотҳои техникии филиал дар ҳолати хуби корӣ,  таъминоти мушоҳидаҳои бодуҳавосанҷӣ барои бехатарӣ ва нишасту парвози тайёраҳо ба аэродроми Бохтар вогузор карда шудааст.

 
 Бо ҳадафи мутобиқ намудани сатҳу сифати хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар филиали КВД «Тоҷикаэронавигатсия» дар шаҳри Бахтар бо дастгирии директори генералии корхона муҳтарам Лоиқ Бегиҷонзода таҷҳизотҳои замонавӣ, аз ҷумла низоми алоқаи нутқии «FREQUENTIS», MLAT, КСА УВД «Мастер-АС», «ДМЕ 2020», мини КРАМС-4, радиостансияҳои УКВ ICOM IC F120, 110, КВ   ICOM 78, СМАР-Т, «ATIS», «AFTN», ҳамзамон таҷҳизоти барқтаъминкунанда дизелӣ генераторҳои тамғаи «RID» ва дигар техникаҳои зарурӣ харидорӣ ва насб гардиданд, ки сатҳи хизматрасонии аэронавигатсиониро дар филиали мазкур беҳтар менамояд.