САФАРИ КОРӢ БА ВИЛОЯТИ СУҒД
7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободониву созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти таъйиноти гуногун ва мулоқоту суҳбат бо сокинон бо сафари корӣ ба вилояти Суғд ташриф оварданд.
Боздиди кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ноҳияи Айнӣ оғоз гардид. Нахуст Корхонаи металлургии сурма дар назди Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «Талко Голд» мавриди истифода қарор дода шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки корхона бо технологияҳои муосири истеҳсолӣ муҷаҳҳаз буда, иқтидори солонаи он то 5 ҳазор тонна коркард ва истеҳсоли металли сурмаро ташкил медиҳад.
Бо мавриди истифода қарор гирифтани ин иншооти истеҳсолӣ барои истифодаи самараноки захираҳои маъдании кишвар, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, баланд бардоштани иқтидори содиротӣ, рушди истеҳсолоти ватанӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ аҳамияти муҳим дорад.
Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи «TALCO Gold» бо мақсади азхудкунӣ ва коркарди кони тиллову сурмаи Канчоч таъсис дода шуда, бо истифода аз технологияҳои муосир ва низомҳои рақамии идоракунии истеҳсолот фаъолият менамояд. Захираҳои кон беш аз 23 миллион тонна маъдан, наздик ба 50 тонна тилло ва зиёда аз 265 ҳазор тонна сурмаро ташкил медиҳад ва он яке аз калонтарин конҳои минтақа ба шумор меравад.
Дар натиҷаи тадриҷан афзоиш ёфтани иқтидорҳои истеҳсолӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти корхона мунтазам боло рафта, барои соли 2026 истеҳсоли маҳсулот ба маблағи 1 миллиарду 539 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Зимни шиносоӣ бо имкониятҳои истеҳсолии корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар доираи татбиқи лоиҳа технологияҳои пешрафтаи истеҳсолӣ ҷорӣ гардида, дар фаъолияти корхона ба риояи талаботи экологӣ, истифодаи самараноки захираҳои табиӣ ва таъмини бехатарии истеҳсолот таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда мешавад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, таъкид намуданд, ки саноатикунонии босуръати кишвар ҳамчун ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути бунёди чунин корхонаҳои истеҳсолӣ, коркарди пурраи ашёи хоми ватанӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, афзоиши иқтидори содиротӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ амалӣ мегардад.
Ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин иттилоъ доданд, ки баробари ба истифода дода шудани корхона 200 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин мегарданд.
Зимни суҳбат бо роҳбарият ва кормандони корхона Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи онҳоро ба масоили экологӣ махсус ҷалб намуда, таъкид доштанд, ки ба табиати зебои муҳит муносибати эҳтиёткорона ва ғамхорона дошта бошанд.
Дар ҳамин ҷо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди боз як корхонаи металлургӣ бо иқтидори солонаи истеҳсоли 2 тонна тилло санги асос гузоштанд. Иттилоъ дода шуд, ки ин корхона то моҳи августи соли 2027 ба кор дароварда мешавад.
Сарвари давлат, ҳамчунин дастур доданд, ки масофаи 32 км аз шоҳроҳ то корхонаи сурмаи Талко голд ва мавзеи сайёҳии Искандаркул то моҳи сентябри соли 2027 пурра мумфарш карда шавад.
7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳристон ҳамчунин бо лоиҳаи сармоягузорӣ барои бунёди комплекси сайёҳии Шаҳристон - эко резорт шинос шуданд.
Ин иншооти сайёҳӣ аз чор марҳилаи сохтмонӣ иборат аст ва то ҷашни 40-солагии Истиқлоли давлатӣ дар мавзеи Хуррамдараи ноҳияи Шаҳристон бунёд мегардад.
Масоҳати умумии ин комплекси сайёҳӣ 15 гектарро ташкил дода, дар он ба масофаи зиёда аз 5 километр таноброҳ сохта мешавад.
Дар доираи лоиҳа оянда дар ин мавзеъ меҳмонхонаи зебо барои қабули 1000 сайёҳи дохиливу хориҷӣ дар як вақт сохта шуда, 100 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ мегардад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи иншооти гуногунтаъйинотро дар деҳаҳои ноҳияи Шаҳристон тадбирҳои муҳим дар самти рушди деҳот арзёбӣ намуда, роҳбарият ва сокинони ноҳияро ба саҳмгузории бештар дар ободонии Ватан ҳидоят карданд.
Ҳамчунин ҷиҳати рушди устувори сайёҳӣ дар шароити кӯҳӣ, бунёди шакли нави осоишгоҳҳо барои сайёҳон ва ҷавобгӯи талаботи замони муосир, ҷалби ҳар чи бештари сайёҳони дохиливу хориҷӣ ба Тоҷикистон ба масъулон дастуру тавсияҳо доданд.
7 июл Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар ноҳияи Деваштич ба таври фосилавӣ 12 иншооти гуногунтаъйинотро, ки дар доираи сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ёфтаанд, ифтитоҳ намуданд.
Бо мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти нави технологӣ дар корхонаи Ҳаҷмис иқтидори солонаи корхона аз 5 миллион дона хишт ба 10 миллион дона расонида шуд. Аз ин ҳисоб шумораи коргарон қариб як маротиба афзуда, ба 90 кас расид.
Дар коргоҳи дӯзандагӣ ва қолинбофии деҳаи Далёни Болои деҳоти Далёни Боло, ки бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ сохта шуда ба таври фосилавӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, дар он 40 сокини маҳаллӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.
Дар коргоҳи истеҳсолӣ асосан духти либосҳои мактабӣ пешбинӣ гардида, дар асоси дархости мизоҷон либосҳои занона, мардона ва варзиширо низ омода месозанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳи ду иншооти соҳаи саноатро дар доираи татбиқи ҳадафи чоруми стратегии Ҳукумати кишвар барои афзоиши истеҳсоли маҳсулоти ивазкунандаи воридот, фарогирии сокинони маҳаллӣ бо кори доимӣ ва рушди саноат муҳим арзёбӣ намуданд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ду муассисаи таҳсилоти томактабии хуштарҳу замонавиро дар деҳаи Далиёни Боло бо фарогирии то 300 кӯдак ва 50 ҷойи кории нав, муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 80 кӯдак, бо 10 ҷойи корӣ дар деҳаи Чуянчии деҳоти Ваҳдат ва муассисаи таҳсилоти томактабӣ барои 40 кӯдакро бо 8 ҷойи корӣ дар деҳаи Дархони деҳоти Исмоили Сомонӣ ба таври маҷозӣ ифтитоҳ намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки кӯдаконро бо таълими босифат фаро гирифта, барои ташаккули шахсият, омӯзиши донишҳои муосир, тарбияи ватандӯстӣ ва аз хурдӣ дар қалби онҳо ҷо кардани эҳтирому садоқат ба Ватан тамоми тадбирҳоро роҳандозӣ намоянд.
Дар ҳамин ҷо Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 барои 640 хонанда дар як баст, бо 60 ҷойи корӣ дар деҳаи Далёни Поён, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 барои 480 хонанда дар ду баст бо 40 ҷойи корӣ дар деҳаи Сурхоби деҳоти Исмоили Сомонӣ ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ рақами 69 барои 350 нафар хонанда дар ду бастро бо 40 ҷойи корӣ дар деҳаи Панҷбоғ ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд.
Ба истифода додани се муассисаи нави таълимӣ дар деҳот дар заминаи сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд гардидааст.
Марказии саломатии рақами 7-и деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич, ки баъд аз тармим ба таври фосилавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, аз таваҷҷуҳу ғамхориҳои доимии Роҳбари давлат дар самти боз ҳам беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолии деҳот дарак медиҳад.
Бинои замонавӣ, шароити корӣ ва дастгоҳу таҷҳизоти муосир барои баланд бардоштани хизматрасониҳои тиббӣ мусоидат менамояд.
Ба таври фосилавӣ ифтитоҳ гардидани бинои нави хонаи фарҳанг дар деҳаи Хӯҷаҳои деҳоти Исмоили Сомонӣ ва деҳаи Муҷуни ноҳияи Деваштич аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи эҳёи арзишҳои миллӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои истеъдодҳои маҳаллӣ мусоидат хоҳад кард.
Иншооти фарҳангӣ бо мақсади рушди фаъолияти ҳунарӣ ва тарбияи маънавии ҷавонон пешбинӣ гардида, дорои толори консертию маҷлисӣ, китобхонаи замонавӣ ва дигар бахшҳои зарурӣ мебошад.
Ифтитоҳи як зумра ишооти соҳаҳои саноату маориф, тандурусӣ ва фарҳанг аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Деваштич ба беҳтар гардидани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир, таъсиси ҷойҳои кории нав, боз ҳам беҳтар гардидани раванди таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, баланд бардоштани хизматрасониҳои тиббӣ дар деҳот ва эҳёи арзишҳои фарҳангӣ нигаронда шудааст.


































