Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕТЕОРОЛОГИИ ICAO

ИШТИРОК ДАР ҶАЛАСАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МЕТЕОРОЛОГИИ  ICAO
17

Чоп кардан

Мутахассисони Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар 24-умин ҷаласаи муштараки солонаи Гурӯҳи кории 4-уми ИДМ “Хизматрасонии метеорологии авиатсияи гражданӣ” (WG-4) ва Гурӯҳи лоиҳавии Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) оид ба татбиқи меъёр ва таҷрибаҳои тавсияшуда дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ (PT/EAST METG ICAO), ки аз 18 то 21 майи соли 2026 дар шаҳри Бишкек, Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор гардид, ширкат варзиданд.

Дар ҳамоиш намояндагони ICAO, Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК), зиёда аз 53 коршиносон аз кишварҳои Арманистон, Беларус, Гурҷистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Тоҷикистон ва Федератсияи Россия иштирок доштанд.

Дар доираи чорабинӣ инчунин семинар оид ба ҳамкории амалиётӣ байни Марказҳои амалиётии минтақавӣ (ROC) ва Марказҳои амалиётии миллии метеорологӣ (NOC) бо диққати асосӣ ба мубодилаи иттилоот дар формати рақамии IWXXM баргузор гардид. Ҳамзамон, иштирокчиён ҷанбаҳои асосии модернизиатсияи таъмини хизматрасонии метеорологии парвозҳо, чаҳорчӯбаи танзимкунандаи фаъолияти марказҳои минтақавӣ, татбиқи усули рақамии интиқоли маълумоти IWXXM дар кишварҳои минтақа, инчунин дурнамои гузариши марҳила ба марҳила ба муҳити иттилоотии SWIM – консепсияи глобалии ҳамкории рақамӣ миёни ҳамаи иштирокчиёни ҳаракати ҳавоӣ, аз ҷумла ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо, хадамоти метеорологӣ, хадамоти идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, ва ғайраро ҳамаҷониба баррасӣ намуданд.

Ширкаткунандагон тағйироти глобалӣ, аз ҷумла тағйироти эҳтимолӣ ба Замимаи 3-и Конвенсияи Чикаго ва қоидаҳои нави PANS-MET-ро муфассал муҳокима намуданд. Дар анҷом, қадамҳои афзалиятноки миллӣ ва минтақавӣ барои татбиқи Нақшаи аэронавигатсионии глобалӣ ва таҷдиди системаҳои авиатсионӣ (GANP/ASBU) муайян карда шуданд. Маҷмӯи ҳуҷҷатҳои корӣ инчунин барои муаррифии минбаъда дар ҷаласаҳои Гурӯҳи таъмини хизматрасонии метеорологӣ (METG) ва Гурӯҳи банақшагирии аэронавигатсионии аврупоӣ (EANPG) тартиб дода шуданд.

Зикр бояд намуд, ки ширкати мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар ҷаласаи мазкур барои табодули таҷриба, баланд бардоштани сифати хизматрасонии метеорологии авиатсионӣ ва татбиқи системаҳои рақамии соҳавӣ дар кишвар заминаи мусоид фароҳам меорад.

 

                                                                                 Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”