Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
21

Чоп кардан

Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) аз 24 то 25 июни соли 2026 дар шаҳри Мадрид Симпозиуми ҷаҳонии нигоҳдорӣ ва муҳандисӣ (WMES)-ро таҳти унвони “Эҳёи занҷираи таъминот” баргузор менамояд, ки чорабинии мазкур ба ҳалли мушкилии занҷираи таъминот, хизматрасонии техникӣ ва муҳандисӣ бахшида мешавад.

***

Тибқи изҳороти ҳукумати Федератсияи Россия, содироти сӯзишвории авиатсионӣ аз Федератсияи Россия аз 1 июн то 30 ноябри соли 2026 муваққатан қатъ карда мешавад, ки ҳадафи ин қарор таъмини субот дар бозори дохилии сӯзишворӣ мебошад.

***

Ширкатҳои “Space Energy” ва “Clear Space” Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар рушди инфрасохтори кайҳонии заминӣ “Startup Village”-ро имзо намуданд, ки шарикӣ барои таҳияи роҳҳои ҳалли муосир дар соҳаи навигатсия, мониторинг ва бехатарӣ барои системаҳои кайҳонӣ ва мушакӣ равона шудааст.

***

1 июни соли ҷорӣ, ширкати “China Southern Airlines” хатсайри навро дар масири Франкфурт-Урумчи-Гуанчжоу оғоз намуд.

***

Филиппин ва Федератсияи Россия густариши парвозҳои мутақимро пешбинӣ менамоянд.

***

Ширкати “Belavia” барқарор намудани парвозҳоро аз Минск ба Шри-Ланка аз 27 октябри соли 2026 пешбинӣ менамояд.

***

Ширкати “Saudia” бо ширкати “Myanmar Airways” Созишномаи махсус оид ба тақсимоти мутаносиб (Special Prorate Agreement)-ро имзо намуд, ки дар доираи созишномаи мазкур сафарҳои яквақта миёни Ҷидда, Мадина ва Янгон тавассути Бангкок, Сингапур, Куала-Лумпур ва Дубай имконпазир мегарданд.

***

Аввалин ҳавопаймои истеҳсолии Федератсияи Россия MC-21-310, марҳилаи омодагӣ ба парвозҳои озмоиширо оғоз намуд.

***

Ширкати “Honda” парвози аввалини намунаи eVTOL-и худро анҷом дод.

***

Ширкатҳои “JAL” ва “MHI” корхонаи муштарак барои таъмини хизматрасонии техникӣ ва таъмири ҳавопаймоҳои минтақавиро таъсис доданд.

***

Ширкати “LOT Polish Airlines” парвозҳои мустақимро миёни Алмаато ва Варшава оғоз намуд, ки парвозҳо дар ин масир чор маротиба дар як ҳафта дар мавсими тобистон ва дар дигар фаслҳо се маротиба дар як ҳафта роҳандозӣ мегарданд.

***

(Манбаъ: IATA, Aviation Explorer, Aviation A2Z, Aviation Source News, China Southern Airlines, Flight Global, https://news.mail.ru/tag/306/)