ҚАДАМИ НАВ ДАР РУШДИ АВИАТСИЯИ МИЛЛӢ: «ШОҲИН ЭЙРЛАЙНЗ» ҲАМКОРИРО БО ШИРКАТҲОИ ПЕШРАФТАИ ТУРКИЯ ГУСТАРИШ МЕДИҲАД
Моҳи марти соли 2026 ҳайати ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» таҳти роҳбарии директори генералӣ Зафар Аҳмадзода ба шаҳри Истанбул сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи ин сафар як қатор мулоқоту музокирот бо роҳбарият ва коршиносони ширкатҳои пешрафтаи авиатсионии Ҷумҳурии Туркия баргузор гардид. Дар ин хусус КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо истинод ба ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз» иттилоъ медиҳад.
Аз ҷумла, вохӯриҳо бо ширкатҳои «Turkish Airlines», «Turkish Technic», «Turkish Aviation Academy», «TCI Aircraft Interiors», «Turkish Technology», инчунин «IGA Istanbul Airport» ва «Aeroglobe Aviation Services» доир шуданд. Ҷонибҳо дурнамои рушди ҳамкориҳоро дар самтҳои хизматрасонии техникии ҳавопаймоҳо, омодасозӣ ва такмили ихтисоси мутахассисони соҳа, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, инчунин баланд бардоштани самаранокии амалиётӣ ва сифати хизматрасонӣ ба мусофирон баррасӣ намуданд.
Сафари мазкур марҳилаи муҳим дар таҳкими ҳамкориҳои байналмилалии «Шоҳин Эйрлайнз» маҳсуб ёфта, имкони табодули таҷрибаи амалӣ бо яке аз бозорҳои пешрафтаи авиатсионии минтақа фароҳам овард.
Дар доираи барномаи сафар ҳайат аз «Turkish Aviation Academy» боздид намуда, бо инфрасохтори муосири таълимӣ, аз ҷумла марказҳои тамринӣ ва барномаҳои омодасозии мутахассисони авиатсионӣ шинос гардид. Ба равандҳои омӯзиши халабонҳо, роҳбаладон ва мутахассисони техникӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.
Ҳамзамон, намояндагони ширкат аз иқтидорҳои истеҳсолии «Turkish Technic» боздид карда, бо равандҳои хизматрасонии техникӣ, инфрасохтори муҳандисӣ ва таъмирӣ, инчунин амалиётҳои MRO шинос шуданд. Ҷонибҳо дурнамои ҳамкориҳоро дар самти дастгирии техникӣ баррасӣ намуданд.
Зимни боздид аз «TCI Aircraft Interiors» роҳҳалҳои муосир дар самти тарҳрезӣ ва таҷҳизонидани дохили ҳавопаймоҳо, ки ба беҳтар намудани сатҳи хизматрасонӣ ва бароҳатии мусофирон равона шудаанд, мавриди омӯзиш қарор гирифтанд.
Ҳамчунин, дар мулоқот бо намояндагони «IGA Istanbul Airport» имкониятҳои рушди фаъолияти амалиётии «Шоҳин Эйрлайнз» дар Истанбул баррасӣ гардида, ҷонибҳо омодагии худро барои роҳандозии ҳамкориҳои дарозмуддат иброз намуданд.
Таваҷҷуҳи хоса ба ҳамкорӣ бо «Aeroglobe Aviation Services» зоҳир гардид. Дар натиҷаи музокирот Ёддошти тафоҳум ва шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид, ки заминаи мусоид барои рушди ҳамкориҳои минбаъда дар самти дастгирии амалиётӣ ва роҳандозии хатсайрҳо фароҳам меорад.
«Шоҳин Эйрлайнз» ширкати ҳавопаймоии хусусӣ буда, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ба рушди авиатсияи граждании миллӣ, инчунин тавсеаи ҳамлу нақли ҳавоии минтақавӣ ва байналмилалӣ равона гардидааст. Айни ҳол ширкат парвозҳои махсусро бо истифода аз чархбол анҷом медиҳад. Ҳамзамон, бо истеҳсолкунандагони пешбари техникаи авиатсионӣ музокирот бурда, дурнамои рушди ҳамлу нақли мусофирӣ, боркашонӣ ва бизнес-авиатсияро дар кишвар баррасӣ менамояд.
АКС: Ширкати ҳавопаймоии «Шоҳин Эйрлайнз»

































