Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАҶЛИЛИ ҶАШНҲОИ ДАВЛАТӢ ВА КАСБӢ

ТАҶЛИЛИ ҶАШНҲОИ ДАВЛАТӢ ВА КАСБӢ
1 522

Чоп кардан

Бахшида ба 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва кормандон дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

 

Дар оғоз муовини аввали директори генералии корхона Даврон Шодмонбекзода аз номи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ҳозиринро бо ҷашнҳои миллӣ ва касбӣ табрик намуд. Изҳор гардид, ки Истиқлолият сарчашмаи ҳамаи дастовардҳои бузурги даврони муосири Тоҷикистони азиз буда, дар тӯли 34-соли истиқлолият, Тоҷикистон ба дастовардҳои зиёде ноил гардид. Соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла кору фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, низ маҳз дар замони Истиқлоли давлатӣ рушду нумӯъ ёфт. Дар ин солҳо инфрасохторҳо таҷдид шуданд, заминаҳои муосир барои таъмини ҳаракати бехатару мунтазами ҳавопаймоҳо фароҳам омаданд.

    

Муовини директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Раҳимҷон Саидзода иброз намуд, ки дастоварди Истиқлоли давлатӣ ин рушди иқтисоди миллӣ буда, дар таъмини таҷҳизотҳои муосиру замонавии соҳавӣ ва муфовиқ намудани сатҳу сифати таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ ба талаботҳои ICAO дар корхона мусоидат намуд.

  

Роҳбари Дастгоҳи директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Эмомназар Сироҷзода қайд намуд, ки маҳз Истиқлоли давлатӣ заминаи мусоид барои рушди соҳаи аэронавигатсия дар ҷумҳурӣ, такмили инфрасохтор, баланд бардоштани малакаи кормандон ва таҳкими робитаҳои байналмилалиро гузошт.

  

Раиси Иттифоқи касабаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Исроил   Нуралиев аз таърихи таъсисёбии авиатсияи гражданӣ дар ҷумҳурӣ ёдовар шуд. Иброз гардид, ки маҳз дар даврони истиқлоли давлатӣ хизматрасонии аэронавигатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд намуд, ки ин барои таъмини бехатарии парвозҳо ва васеъ гардидани ҷуғрофияи парвозҳо шароити мусоид фароҳам овард.

   

Сардори Раёсати кадрҳо ва меҳнати КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Кароматулло Саидов ҳозиринро бо таҷлил гардидани Истиқлоли давлатӣ ва Рӯзи таъсисёбии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, нақши истиқлолро дар суботи ҷомеа ва рушди соҳа назаррас арзёбӣ намуд.

       

Дар фарҷом як зумра кормандони корхона бо ифтихорнома ва сипосномаҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” сарфароз гардонида шуданд.

 
                                                                           Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”