DataLife Engine / ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНӢ – РОҲИ АСОСИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

ИСТЕҲСОЛИ ВАТАНӢ – РОҲИ АСОСИИ ТАЪМИНИ АМНИЯТИ ОЗУҚАВОРӢ

Дар шароити муосири ҷаҳонӣ, ки бо тағйирёбии иқлим, ноустувории бозорҳои ҷаҳонӣ ва болоравии нархи маводи ғизоӣ тавсиф мешавад, масъалаи таъмини амнияти озуқаворӣ ба яке аз самтҳои калидии сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун кишвари рӯ ба рушд ба ин масъала таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, рушди соҳаи кишоварзиро дар меҳвари сиёсати иқтисодии худ қарор додааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таъмини амнияти озуқавориро ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ арзёбӣ намуда, ба баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва истифодаи самараноки замин таваҷҷуҳи махсус зоҳир карданд.

Зимни баррасии ин масъала таъкид гардид, ки таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти босифат ва ватанӣ, коҳиш додани вобастагӣ аз воридоти маҳсулоти озуқаворӣ ва таҳкими иқтидори иқтисодии кишвар аз ҳадафҳои асосии давлат маҳсуб меёбанд. Дар чунин шароит худтаъминкунии озуқаворӣ ба унсури муҳими амнияти миллӣ табдил ёфта, татбиқи сиёсати самаранок дар соҳаи кишоварзиро тақозо менамояд.

Дар Паём, инчунин, ба истифодаи оқилона ва самараноки замин ҳамчун омили асосии афзоиши истеҳсолот таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд. Бо дарназардошти маҳдуд будани заминҳои корам дар кишвар, истифодаи пурмаҳсули ҳар ваҷаб замин, ҷорӣ намудани кишти такрорӣ ва истифодаи усулҳои муосири обёрӣ, аз ҷумла обёрии қатрагӣ, метавонад ба баланд бардоштани ҳосилнокӣ мусоидат намояд.

Ҷорӣ намудани технологияҳои муосир ва таҷрибаҳои пешқадам низ аз ҷумлаи самтҳои муҳим ба ҳисоб меравад. Таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи тухмиҳои серҳосил, техникаи муосири кишоварзӣ ва бунёди гармхонаҳо имконият фароҳам меорад, ки истеҳсоли маҳсулот дар тамоми фаслҳои сол таъмин карда шавад.

Дар баробари ин, нақши деҳқонон ва соҳибкорон дар рушди соҳаи кишоварзӣ калидӣ арзёбӣ мегардад. Баланд бардоштани маърифати аграрии аҳолӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда ва дастгирии давлатии истеҳсолкунандагон метавонад ба рушди устувори соҳа заминаи мусоид фароҳам оварад.

Таъмини амнияти озуқаворӣ, ҳамзамон, ба беҳтар гардидани сатҳи зиндагии аҳолӣ мусоидат менамояд. Фаровонии маҳсулоти ватанӣ дар бозор ба танзими нархҳо, таъсиси ҷойҳои нави корӣ ва баланд гардидани некӯаҳволии мардум мусоидат мекунад.

Ҳамин тариқ, Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таъмини амнияти озуқаворӣ ҳамчун барномаи мукаммали амал баромад намуда, татбиқи он метавонад заминаи боэътимод барои рушди устувори иқтисоди миллӣ ва таҳкими амнияти давлатӣ фароҳам оварад.

Амнияти озуқаворӣ яке аз пояҳои асосии истиқлолияти иқтисодӣ ва суботи ҷомеа маҳсуб меёбад. Аз ин рӯ, истифодаи самараноки замин, рушди соҳаи кишоварзӣ ва баланд бардоштани истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бояд дар меҳвари фаъолияти тамоми қишрҳои ҷомеа қарор дошта бошад.

  Кароматулло Саидов

Сардори РКваМ-и ММ

Сегодня, 11:28
Вернуться назад