Чорабинии тантанавӣ бахшида ба 101-солагии Рӯзи таъсисиёбии авиатсияи гражданӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарият ва мутахассисиони соҳа дар бинои ҶСК “Тоҷик Эйр” баргузор гардид.



Дар оғоз директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарзода Ҳабибулло Темур суханронӣ намуда, ҳозиринро бо иди касбӣ табрик ва аз дастовардҳои соҳа дар тӯли 34 соли Истиқлоли давлатӣ ёдовар гардид. Қайд гардид, ки Авиатсияи граждании Тоҷикистон ҳарчанд ки таърихи беш аз садсола дорад, вале соҳа асосан дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушду нумуъ ёфта, ба дастовардҳои зиёд ноил шуд.
Сипас намояндаи Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Забирзода Олимҷон ба сухан баромада, нақши соҳаро дар рушди иқтисодиёт ва сайёҳии кишвар назаррас арзёбӣ намуд.
Дар баромади худ директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ёдовар шуд, ки рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дошта, маҳз бо шарофати дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат инфрасохтори соҳаи авиатсионӣ ва аэронавигатсионии кишвар ташаккул ёфта, таҳти ин дастгириҳо КВД “Тоҷикаэронавигатсия” низ дар таъмини бехатарии парвозҳо ба дастовардҳои беназир ноил гардид. Дар баробари таъмини мунтазами ҳаракати бехатари ҳавоӣ дар ҳарими ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхона дар васеъ намудани ҷуғрофия парвозҳо, таҷдиди таҷҳизотҳои соҳавӣ, омода намудани мутахассисони соҳибихтисос ва рушди ҳамкориҳои минтақавию байналмилалӣ саҳми калидии худро мегузорад.
Дар доираи таҷлили Рӯзи таъсиси авиатсияи гражданӣ кормандони фаъол ва собиқадорони соҳа бо медал, сипоснома ва ифтихорномаҳои Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.
Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”