Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – КАФИЛИ ШАФФОФИЯТ ВА РУШДИ СОҲА

МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ – КАФИЛИ ШАФФОФИЯТ ВА РУШДИ СОҲА
16

Чоп кардан

Ҳар як давлате, ки ҳадафи бунёди ҷомеаи адолатпарвар, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи шаҳрвандонро пеш гирифтааст, мубориза бо коррупсияро аз самтҳои муҳими сиёсати худ медонад. Зеро коррупсия на танҳо боиси поймол гардидани принсипҳои қонуният ва адолат мегардад, балки ба рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа, истифодаи самараноки захираҳои давлатӣ ва таҳкими эътимоди мардум ба ниҳодҳои давлатӣ низ таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рӯ, муқовимат ба коррупсия имрӯз вазифаи танҳо мақомоти дахлдор набуда, балки масъулияти ҳар як шаҳрванди соҳибмаърифат ва ҳар як корманди софвиҷдон мебошад.

Бо дарки аҳаммияти ин масъала, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мубориза бо коррупсияро яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон арзёбӣ намуда, дар паёмҳо ва суханрониҳои худ пайваста ба зарурати таҳкими волоияти қонун, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва ташаккули фарҳанги зиддикоррупсионӣ таъкид менамоянд.

Бо мақсади татбиқи сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсия дар кишвар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, барномаҳои давлатӣ ва стратегияҳои соҳавӣ қабул гардида, барои пешгирӣ ва решакан намудани ин падидаи номатлуб тадбирҳои муассир амалӣ мешаванд. Ин иқдомҳо ба баланд бардоштани сатҳи шаффофият, масъулиятшиносӣ ва қонунмеҳварӣ дар фаъолияти мақомоти давлатӣ ва муассисаҳо мусоидат менамоянд.

КВД «Тоҷикаэронавигатсия» низ ҳамчун яке аз корхонаҳои муҳими соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати давлатии муқовимат ба коррупсияро ҳамаҷониба ҷонибдорӣ намуда, дар фаъолияти ҳаррӯзаи худ ба риояи қатъии талаботи қонунгузорӣ, таъмини шаффофият, масъулиятшиносӣ ва одоби касбӣ аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти корхона дар самти пешгирии омилҳои коррупсионӣ чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ, корҳои фаҳмондадиҳӣ, вохӯриҳо ва машғулиятҳои омӯзишӣ баргузор гардида, кормандон ба риояи талаботи қонунгузорӣ, иҷрои софдилонаи уҳдадориҳои хизматӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату ҷомеа ҳидоят карда мешаванд. Ҳамзамон, дар фаъолияти сохторҳои корхона принсипҳои қонуният, ошкорбаёнӣ, ҷавобгарӣ ва таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ пайваста риоя мегарданд.

Роҳбарияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бар он назар аст, ки танҳо бо ташаккули фарҳанги баланди ҳуқуқӣ, таҳкими ҳисси масъулият, риояи одоби касбӣ ва иштироки фаъоли ҳар як корманд метавон муҳити солим, шаффоф ва бе коррупсияро фароҳам овард.

Муқовимат ба коррупсия танҳо бо қабули қонунҳо маҳдуд намешавад. Самаранокии он аз мавқеи шаҳрвандӣ, масъулиятшиносӣ, виҷдони касбӣ ва садоқати ҳар як шахс нисбат ба манфиатҳои давлату миллат вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳар як корманди КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бояд дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, поквиҷдонӣ, шаффофият ва масъулияти касбиро сармашқи кор қарор дода, дар пешгирии ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ саҳми арзандаи худро гузорад.

Танҳо бо муттаҳидии ҷомеа, эҳтироми қонун, масъулияти баланд ва иродаи қавии шаҳрвандон метавон бар зидди коррупсия муборизаи муассир бурд ва барои рушди устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳкими давлатдории миллӣ ва шукуфоии Ватани азизамон заминаи устувор фароҳам овард.

Кароматулло Саидов

Сардори раёсати кадрҳо ва меҳнати

КВД“Тоҷикаэронавигатсия