Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ

ТАҚВИЯТИ ҲАМКОРИҲОИ КВД “ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ” ҶИҲАТИ ПЕШГИРИИ КОРРУПСИЯ
42

Чоп кардан

Бо мақсади татбиқ намудани сиёсати зиддикоррупсионии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” Барномаи идоравии зиддикоррупсионӣ барои солҳои 2022-2030 таҳия ва тасдиқ гардида, дар доираи он Нақшаи чорабиниҳо амалӣ карда мешавад.

Санаи 15 январи соли 2026 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқгардида дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” вохӯрии роҳбарият ва кормандони корхона бо намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар вохӯрӣ нозири раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани хадамоти зиддикоррупсионӣ Ҳусейнзода Файзиддин ва нозири калони ҳамин раёсат, капитани адлия Абдуллозода Одил Толиб иштирок намуданд.

     

Зимни ҳамоиш таъкид гардид, ки мубориза бо коррупсия, ки ба иродаи қатъӣ ва бебозгашти роҳбарияти сиёсии давлат такя намуда, ба муттаҳидсозии ҳамаи нерӯҳои оқилонаи ҷомеа, густариши тадриҷӣ ва татбиқи амалии сиёсати зиддикоррупсионӣ равона гардидааст, аз маҷмӯи чораҳои ҳамаҷонибаи пешгирикунанда барои таъмини ислоҳоти мақомоти давлатӣ ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат мебошад.

Ҳамчунин зикр гардид, ки бо мақсади пешгирии сатҳи нокифояи дониши кормандон оид ба асосҳои ахлоқи касбӣ ва моҳияти коррупсия, инчунин барои ноил шудан ба ҳадафҳои “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Барномаи мазкур, дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” як қатор чораҳо амалӣ карда мешаванд. Аз ҷумла, такмили санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, татбиқи чораҳо ҷиҳати беҳтар намудани идоракунии хуб, рушди доимии касбӣ, фароҳам овардани шароити зарурии моддиву техникӣ барои фаъолияти самараноки кормандон, андешидани чораҳои иловагӣ барои рушди захираҳои инсонӣ, нигоҳ доштани интизоми хизматӣ ва иҷроия, инчунин ба роҳ мондани таълими зиддикоррупсионӣ барои кормандон таъмин мегардад.

Дар интиҳо таъкид шуд, ки минбаъд КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи огоҳии зиддикоррупсионӣ дар байни кормандон, тақвияти интизоми хизматӣ, мусоидат ба шаффофият дар фаъолияти молиявию иқтисодӣ, рушди фарҳанги ҳуқуқӣ, таҳкими ахлоқи касбӣ, фароҳам овардани муҳити таҳаммулнопазирӣ нисбат ба коррупсия, пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ дар дохили корхона ва баланд бардоштани нақш ва имиҷи корхона дар ҷомеа тамоми чораҳои зарурӣ ва саривақтиро амалӣ менамояд.

   
                                                                    Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”