Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАҶРИБАИ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ВА МУҚОВИМАТ БА ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ

ТАҶРИБАИ КИШВАРҲОИ ПЕШРАФТА ДАР МУБОРИЗА БО КОРРУПСИЯ ВА МУҚОВИМАТ БА ИН ПАДИДАИ НОМАТЛУБ
347

Чоп кардан

Масъалаи муқовимат ба коррупсия яке аз масъалаҳои муҳими нигаронкунанда дар ҳама давру замон ба ҳисоб меравад. Мафҳуми мубориза бо коррупсия пеш аз ҳама бояд дар нахостани шаҳрвандон барои иштирок дар муносибатҳои коррупсионӣ ифода ёбад.

Аз ин рӯ, барои он ки қурбонии коррупсия нашавем ва ба содир шудани ҷиноят роҳ надиҳем, пеш аз ҳама, бояд дар бораи роҳҳои мубориза бо он тасаввуроти возеҳ дошта бошем.

Масоили муқовимат бо коррупсия дар Тоҷикистон низ яке аз масъалаҳои муҳиму печидаи ҷомеа ба шумор меравад. Барои пешгирии самараноки ин зуҳуроти номатлуб, зарур аст, ки чораҳои ҳамаҷониба, муассир ва дарозмуддат андешида шаванд.

Дар зер роҳҳои асосии пешгирии коррупсия оварда мешаванд:

1.Тақвияти қонунгузорӣ ва таъмини иҷрои он 

• Қонунҳои қатъӣ ва равшан: Қонунҳо бояд ҷазоҳои мушаххас ва ҷиддӣ барои амалҳои коррупсионӣ муқаррар намоянд. 

• Иҷрои беғаразона: Қонун бояд ба таври одилона ва беистисно барои ҳама — новобаста аз мансабу ҷойгоҳ — татбиқ гардад. 

2. Тозакунии низоми идорӣ  

• Коҳиш додани бюрократия: Ҳар қадар расмиёти давлатӣ зиёдтар бошад, ҳамон қадар имкони ришваситонӣ бештар мешавад. 

• Автоматсозӣ ва рақамикунонӣ: Гузариш ба хидматрасониҳои электронӣ шаффофиятро зиёд ва имкони амалҳои коррупсиониро кам мекунад. 

3. Шаффофият ва масъулиятнокӣ

• Назорати ҷамъиятӣ ва воситаҳои ахбори омма: Рӯзноманигорӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бояд озодона масъалаҳои фасодро фош намоянд. 

• Эъломияҳои молу мулк: Мансабдорон бояд дороии худро ба таври шаффоф ва расмӣ эълом кунанд.

4. Тарбияи маънавӣ ва ахлоқӣ 

• Маориф ва маърифатнокӣ: Дар мактабҳо ва донишгоҳҳо омӯзиши ахлоқи зидди фасод ҷорӣ карда шавад. 

• Ислом ва фарҳанги миллӣ: Тарғиби арзишҳои динӣ ва миллӣ, ки бар зидди фасод ҳушдор медиҳанд. 

5. Пардохти муносиб ва беҳтарсозии шароити кор

• Музди кори рақобатпазир: Кормандони давлатӣ бояд музди кофӣ дошта бошанд, то ба ришва ниёз надошта бошанд. 

• Мукофот барои ростқавлӣ: Чораҳои ҳавасмандгардонӣ барои кормандони содиқу поквиҷдон роҳандозӣ шаванд. 

6. Системаи самарабахши қабули шикоят ва ҳимояи шаҳрвандон  

• Хатҳои доимии тамос (hotline): Гузоришдиҳӣ дар бораи амалҳои коррупсионӣ бояд осон, дастрас ва махфӣ бошад. 

• Ҳимояи шаҳодатдиҳандагон: Шахсоне, ки фасодро фош месозанд, бояд аз ҷониби қонун ва сохторҳои марбута ҳимоя карда шаванд. 

7. Таҳқиқ ва муҷозоти одилона  

• Тафтиши мустақил: Агентӣ ё сохтори зиддикоррупсионӣ бояд мустақил буда, аз дахолати сиёсӣ озод амал намояд. 

• Ҷазои ногузир: Ҳар гуна амали коррупсионӣ бояд ҳатман таҳқиқ ва бе таъхир муҷозот карда шавад. 

Коррупсия низоме аст, ки дар он тамоми ҷомеа ба ин ё он тарз дохил мешавад. Барои муборизаи самаранок бо ин падидаи номатлуб, иштироки фаъолонаи ҳамаи аъзои ҷомеа зарур аст. Қадами аввал — таҳия ва ташаккули заминаи ҳуқуқӣ — аллакай гузошта шудааст. Акнун ҳар як шаҳрванди мамлакат вазифадор аст, ки аз истифодаи роҳҳои “осон кардани” зиндагии худ тавассути амалҳои коррупсионӣ даст кашад.

Коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии пешрафти иқтисодӣ ва иҷтимоии давлат маҳсуб меёбад. Бе аз байн бурдани он, ягон миллат ё давлат наметавонад ба рушду тараққиёт ноил гардад, зеро фаъолияти босамар низ зери хатар қарор мегирад.

Ҳар як шаҳрванд бояд ҳуқуқу уҳдадориҳои худро хуб донад, онҳоро ҳимоя карда тавонад ва мавқеи устувори ахлоқӣ дошта бошад. Ӯ бояд истифодаи усулҳои коррупсиониро дар ҳаёти шахсӣ, ҷамъиятӣ ва касбии худ қатъиян рад намояд.

Агар шахс дар истифодаи ғайриқонунии мақоми хидматӣ ё мавқеи дигарон ба хотири ба даст овардани манфиатҳои моддӣ ё ғайримоддӣ иштирок кунад, пас ӯ ба як ҷузъи системаи коррупсионӣ табдил меёбад.

Шаклҳои маъмултарини коррупсия инҳоянд:

- Ришва — маблағ, дигар арзишҳои моддӣ ё ғайримоддӣ, хизматрасонӣ, имтиёзҳо ва манфиатҳои иҷтимоие, ки барои иҷро ё сарфи назар кардани вазифаҳои мансабдор пешниҳод ё қабул мешаванд;

Сӯиистифода аз ваколатҳо — истифодаи шахси мансабдор аз мақоми хидматии худ бар зидди манфиатҳои давлат ё ташкилот, ё берун аз ваколатҳои хеш ба хотири манфиати шахсӣ, ки боиси халалдор шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ҷомеа мегардад.

          Ришва ва тӯҳфа. Шаҳрвандон бояд хуб дарк намоянд, ки гирифтани ҳар гуна мукофотпулӣ аз ҷониби кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунӣ вобаста ба иҷрои вазифаҳои мансабӣ манъ мебошад. Ба ин мукофотҳо дохил мешаванд: тӯҳфаҳо, маблағҳои пулӣ, қарзҳо, хизматрасониҳои дорои хусусияти молу мулкӣ, пардохти истироҳат ва вақтхушӣ, хароҷоти нақлиёт ва дигар шаклҳои манфиати шахсӣ.

Дар таърихи инсоният барои мубориза бо коррупсия ягон усули комилан беназир ихтироъ нашудааст. Аксари кишварҳо дар ин самт се равиши асосиро бо дараҷаҳои гуногун истифода мебаранд:

Масъулиятшиносӣ ва ҷазои сахт.

Пешгирӣ:

   - Ташкили низоми ошкорсозии далелҳои ришва ва ришваситонӣ;

   - Назорати даромад ва хароҷоти мансабдорон;

   - Пешгирӣ ва бартарафсозии бархӯрди манфиатҳо.

Мукаммалсозии қонунгузорӣ: Қонунҳо бояд ба тавре таҳия ва татбиқ шаванд, ки фазои ҳуқуқӣ барои амалҳои коррупсионӣ маҳдуд бошад.

Масалан:

   - Гузаронидани экспертизаи зиддикоррупсионии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

   Пас биёед бубинем, ки кишварҳои мубориз бо фасод кадом равишҳоро истифода мебаранд.

Ҷумҳурии Мардумии Чин

Гумон меравад, ки дар ин кишвар қонунгузорӣ дар самти мубориза бо коррупсия аз шадидтаринҳост ва барои баъзе ҷиноятҳо ҳатто ҷазои қатл низ пешбинӣ шудааст. Дар давраи раҳбарии Си Ҷинпин мубориза бо фасод дар тамоми сатҳҳои ҳокимият бо номи “Шикори аждаҳо ва мушҳо” (яъне алайҳи мансабдорони калон ва хурд) оғоз гардид. Мақсади асосии ин иқдом — ба вуҷуд овардани тарси ҷазо ва расондани паём аст, ки ҳатто пуштибонии шахсиятҳои баландмақом низ наметавонад ришвахоронро наҷот диҳад.

Ҷазо барои ҷиноятҳои коррупсионӣ дар Чин хеле сангин аст:

- Барои гирифтани пора — то 5 соли зиндон;

- Агар ришва бо ҳолатҳои вазнинкунанда анҷом ёбад — аз 10 сол то ҳабси абад бо мусодираи амвол;

- Барои дуздии амволи давлатӣ — ҳатто ҷазои қатл;

- Агар гунаҳкор то мурофиаи додгоҳӣ айбашро эътироф намуда, изҳори пушаймонӣ кунад, мумкин аст аз ҷазо озод гардад.

Гузоришҳо ва натиҷаҳои таҳқиқот нишон медиҳанд, ки мубориза бо фасод дар Чин натиҷаҳои чашмгир доштааст. Аз соли 2000 то имрӯз, дар кишвар тақрибан 10 ҳазор мансабдор барои фасод ба қатл маҳкум ва 120 ҳазор нафари дигар ба муҳлати аз 10 то 20 сол зиндонӣ шудаанд. Танҳо дар солҳои 2013–2018 дар Чин тақрибан 1,34 миллион мансабдори фасодзада ҷазо гирифтаанд. Ин дар ҳолест, ки шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ дар кишвар зиёда аз 70 миллион нафар аст.

Сингапур

Афсонае маъмул аст, ки гӯё мубориза бо фасод дар Сингапур ба шарофати “мошини репрессивӣ” ба даст омадааст. Аммо коршиносон муваффақияти ин кишварро пеш аз ҳама ба ислоҳоти қонунгузорӣ марбут медонанд.

Яке аз сабабҳои асосии густариши фасод, фарқияти зиёд миёни даромади хизматчиёни давлатӣ ва кормандони бахши хусусӣ буд. Ғайр аз ин, қонунгузории мураккабу ношаффоф ба ташаккули схемаҳои ғайриқонунӣ ва шустушӯи маблағҳо мусоидат мекард.

Дар солҳои 60-уми асри гузашта дар Сингапур муборизаи васеъмиқёс бо коррупсия оғоз ёфт:

- Ваколат ва салоҳияти мансабдорон таҷдид шуд. Ҳамаи хизматчиёни давлатӣ вазифадор шуданд, ки на танҳо даромад, балки хароҷоти худро низ ошкоро эълом намоянд. Дар ҳолати номувофиқат миёни даромад ва хароҷот, тафтишот оғоз мешавад. Ҳамчунин, хешу табор ва дӯстон низ метавонанд мавриди санҷиш қарор гиранд.

- Гирифтани ҳар гуна тӯҳфаҳо барои мансабдорон қатъиян манъ гардид. Барои камтарин хато дар санадҳои расмӣ ва ё изҳорот, ҷазои сахт пешбинӣ шудааст.

- Сиёсати зидди фасод фаъолона тавассути васоити ахбори умум тарғиб мегардид. Ба туфайли маъракаҳои васеи иттилоотӣ ва инъикоси оммавии парвандаҳои ҷиноятӣ, мансабдорони беинсоф ва ҳатто хешовандони онҳо дигар имкони кор кардан дар идораҳои давлатӣ ва сохторҳои марбутро аз даст медоданд.

“Фишка”-и асосии Сингапур Бюрои тафтиши ҳолатҳои коррупсия (БТК) мебошад. Ин сохтор салоҳияти хеле васеъ дорад ва метавонад нисбати корманди ҳар сатҳ санҷиш гузаронад.

БТК ҳуқуқ дорад бе қарори суд гумонбаршударо дастгир кунад, ба ҳар гуна бино ворид гардад, суратҳисобҳои бонкӣ ва маълумоти шахсиро бе иҷозати махсус тафтиш намояд.

 

Дания

Дания ҳамасола дар сегонаи кишварҳое қарор мегирад, ки дорои поинтарин сатҳи фасод мебошанд. Коршиносон ин суботи сиёсӣ ва иҷтимоиро ба низоми қонунгузории устувори кишвар марбут медонанд. Дар Дания тақрибан 20 қонуни зиддикоррупсионӣ амал мекунад, ки муҳими онҳо Қонуни зиддикоррупсионӣ ба шумор меравад.

Ҷанбаҳои ҷолиби таҷрибаи Дания:

- Созишномаҳои муштарак: Ширкатҳо ва сохторҳои давлатӣ ҳангоми татбиқи лоиҳаҳои муштарак, санадҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд, ки дар онҳо принсипи таҳаммулнопазирӣ нисбат ба ҳама гуна зуҳуроти коррупсионӣ қайд мешавад. Яке аз чунин санадҳо "Эъломияи истифода набурдани пора" мебошад.

- Назорати шаффоф: Фаъолияти мансабдорон зери назорати доимии вакилон ва шаҳрвандон қарор дорад. Ҳар як узви парлумон метавонад дар бораи фаъолияти ҳар як вазир маълумоти пурра талаб кунад. Шаҳрвандон низ ҳуқуқ доранд, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи гумонҳои худ оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, ҳатто ба таври номаълум (аноним), муроҷиат намоянд.

- Маҳдудият барои манфиатҳои шахсӣ: Кормандони давлатӣ иҷозаи доштани саҳмия ё саҳм дар ширкатҳои хориҷиро надоранд, то аз ба миён омадани бархӯрди манфиатҳо ва зарар ба манфиатҳои миллӣ пешгирӣ шавад.

- Эъломия ва санҷиши даромад: Дар Дания эъломияи оммавии даромади мансабдорон ҷорӣ аст. Хадамоти даромадҳои дохилӣ ин маълумотро бо хароҷоти онҳо муқоиса мекунад ва дар сурати номувофиқат, тафтишотро ҳамчун ҳолати эҳтимолии сарпечӣ аз пардохти андоз оғоз менамояд.

Тӯҳфаҳо ба мансабдорон ва истироҳати онҳо аз ҳисоби ширкатҳои хусусӣ тибқи қонунҳои Дания ҳамчун пора арзёбӣ карда мешаванд. Бо вуҷуди ин, дар худи Дания низ моҷароҳои коррупсионӣ ба амал меоянд, ки, одатан, ба фаъолияти ширкатҳои байналмилалӣ марбутанд.

Таҷрибаи кишварҳои дигар нишон медиҳад, ки муваффақият дар мубориза бо коррупсия танҳо бо равиши системавии “ҷазо + пешгирӣ + қонунҳо ва расмиёти шаффоф” имконпазир аст. Феҳристҳои рақамии иҷозатномаҳо ва аттестатсияҳо, ки дар онҳо ҳар як тағйирот осори худ (“пай”) мегузорад, навбатҳои электронӣ ва бекор кардани бисёр маълумотномаҳо эҳтимолияти сӯиистифода аз салоҳиятро коҳиш медиҳанд.

Сахттар кардани ҷазо, ошкорбаёнӣ ва ногузирии он бештар ба гунаҳкорон таъсир мерасонад. Барои аксари мансабдорон, чораҳои пешгирикунанда самараноктаранд: назорати даромад ва хароҷот, пешгирии бархӯрди манфиатҳо ва назорати ҷамъиятии фаъолияти онҳо.

Тавре таҷрибаи бисёр кишварҳо нишон медиҳад, барои решакан кардани коррупсия иродаи қавии сиёсӣ, қонунҳои муассир ва як мақоми мустақили зиддикоррупсионӣ зарур аст, ки на танҳо сохторҳои тафтишотиро, балки суди мустақили зиддикоррупсиониро низ фаро гирад.

Муҳим он аст, ки амалҳои коррупсионии мансабдорон ва вакилон дар паси ҳафт муҳр махфӣ намонанд, балки барои омма дастрас бошанд.

Ҳамзамон, барои коҳиш додани “иштиҳо”-и мансабдорон ба гирифтани пора набояд шароит фароҳам оварда шавад. Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории зиддикоррупсионӣ, мансабдор бояд ҳуқуқи кор дар сохторҳои давлатӣ ва тамоми имтиёзҳои иҷтимоиро, аз ҷумла нафақа ва таъминоти иҷтимоиро аз даст диҳад. Ин ҷузъи ҷазоҳои пулӣ ва дигар ҷавобгарии сахти маъмурӣ ва ҷиноӣ бояд бошад.

Тибқи таҷрибаи ҷаҳонӣ, барои решакан кардани коррупсия, чораҳои таъсиррасонӣ ба мансабдорон бояд то ҳадди имкон шадид ва қатъӣ бошанд.

Ислоҳоти идорӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо

• Хизматрасониҳои давлатӣ ба таври ҷиддӣ рақамӣ шуда истодаанд, ки ҳадафи асосии он коҳиш додани муомилаи рӯбарӯ байни шаҳрвандон ва мансабдорон мебошад. 

• Марказҳои “Шаҳри бе коррупсия” дар бархе аз шаҳрҳо ба таври таҷрибавӣ роҳандозӣ шудаанд. 

• Аз платформаҳои онлайнии додани иҷозатномаҳо, патентҳо, пардохтҳои давлатӣ ва дигар хидматрасониҳо фаъолона истифода мешавад. 

• Ҳамзамон, пардохтҳои ғайринақдӣ дар тамоми идораҳо ва корхонаҳои давлатӣ ва ғайридавлатӣ такмил дода шуда истодаанд, ки дар ин самт аз таҷрибаи давлатҳои пешрафта истифода мешавад. 

Масалан, дар баъзе кишварҳо ришваситонӣ ҳамчун хиёнат ба давлат арзёбӣ шуда, баробар бо вайрон кардани Конститутсия ва қонунгузории миллӣ баҳо дода мешавад.

Хулоса:  

Мубориза бо коррупсия танҳо вазифаи ҳукумат нест — ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд нақши худро дар пешгирии он иҷро намояд. Ин мубориза танҳо бо ҳамкории ҷомеа, давлат ва сохторҳои байналмилалӣ метавонад самаранок бошад.

 

Урози Раҳмон, муовини сардори раёсати рушди 

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”