МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ – КАФОЛАТИ РУШДИ ДАВЛАТ ВА ҶОМЕА

Коррупсия ҳамчун зуҳуроти номатлуб ба рушди иқтисоди миллӣ, эътимоди мардум ба давлат ва устувории низоми қонунмандӣ зарба мезанад. Бино ба таъкиди ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мубориза бо коррупсия бояд бо иродаи устувор ва иштироки фаъоли ҳар як шаҳрванди бедордил сурат гирад. Пешвои миллат борҳо зикр намудаанд:
“Мо бояд ҷомеаро аз ин падидаи номатлуб пок созем ва барои рушди шаффофу устувори давлат тамоми имкониятҳоро истифода барем”.
Бо дарназардошти ҷиддияти масъала, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон механизмҳои муассири ҳуқуқӣ ва сохторӣ роҳандозӣ шудаанд:
- қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо коррупсия”, фаъолияти пурсамари Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия,
- амалисозии Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия то соли 2030
мусоидат ба шаффофияти кору идоракунии давлатӣ ба ҳисоб мераванд.
Аммо, бо вуҷуди ин ҳама тадбирҳо, ҳанӯз ҳам мо шоҳиди онем, ки сафи шахсони ба ин амали нангин дастзананда кам нест. Вақте, ки шаҳрванд худ ба ришва додан одат мекунад, ё коргар аз ҳақи дигарон бо роҳи ғайриқонунӣ манфиат мегирад, ин танҳо як муомила нест — ин заҳролуд кардани пояҳои давлатдорӣ аст.
Кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо дарки масъулияти касбӣ ва садоқат ба сиёсати Пешвои миллат дар ҳама сатҳ зидди ҳама гуна шакли коррупсия баромад мекунанд. Дар баробари ин, роҳбарият пайваста дар байни кормандон корҳои фаҳмондадиҳӣ, омӯзишӣ ва ҳуқуқшиносӣ анҷом медиҳад, то ки фарҳанги зиддикоррупсионӣ дар дохили корхона таҳким ёбад.
Мубориза бо коррупсия на танҳо масъулияти мақомоти давлатӣ, балки вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост.
Агар мо фарзандони худро бо ифтихори поквиҷдонӣ, меҳнатдӯстӣ ва росткорӣ тарбия кунем, наслҳои оянда бо ин вабо дар зиндагӣ рӯ ба рӯ намешаванд.
Мо барои ҳақиқат, қонунмандӣ ва адолат садо баланд кунем, пас метавонем наслҳои ояндаро аз ин вабои иҷтимоӣ эмин нигоҳ дорем. Танҳо бо иродаи сиёсӣ, иттиҳоди ҷомеа ва фаъолсозии худогоҳии шаҳрвандӣ метавон ба натиҷаи назаррас ноил шуд.
Тоҷикистонро танҳо дар ҳолати шаффофият ва адолати иҷтимоӣ метавонем ба пешрафти устувор расонем.
КВД “Тоҷикаэронавигатсия” мубориза бо коррупсияро як самти афзалиятноки фаъолияти худ медонад ва дар асоси сиёсати давлатӣ ҳамеша барои аз байн бурдани омилҳои он, пайваста иқдомоти муассир меандешад.
Ҳусниддин Холов
сардори Маркази матбуоти
КВД “Тоҷикаэронавигатсия”