Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
90

Чоп кардан

Бинобар бо сабаби ба имзо нагардидани созишномаҳои зарурӣ ва пурра иҷро нашудани талаботи ҷониби Чин, ширкати “Россия” чанд парвозро аз Владивосток, Красноярск ва Иркутск ба Пекин лағв намуд.

***

Ширкати “China Southern Airlines” дар масири  Пекин-Бишкек-Пекин парвозро аз санаи 24-уми январи соли 2024 амалӣ менамояд.

***

17-уми декабри соли ҷорӣ фурудгоҳи Лангҷонг Гученг дар шаҳри Нанчун, музофоти Сичуан расман фаъолияти худро оғоз намуд.

***

19-уми декабр ширкати “AZAL” парвозҳои мустақимро аз Боку ба Пекин дар масири Боку-Пекин-Боку амалӣ намуд. Тавре хабар дода шуд, парвозҳо ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва якшанбе анҷом дода мешаванд.

***

Аз санаи 14-уми марти соли 2024 ширкати “Air Asia” парвозҳоро ба Алмаато дар масири Алмаато-Куала-Лумпур ва баъдан ба Ҷидда оғоз менамояд.

***

Дар шаҳри Самарқанд мулоқоти дуҷонибаи ширкатҳои таъминкунандаи хизматрасонии аэронавигатсионии Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон ифтитоҳ ёфт. Дар доираи мулоқоти дуҷониба Ёддошти тафоҳум ба имзо расид. Инчунин дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои минбаъда ва воридшавии КВД “Ӯзаэронавигатсия” ба SOCEA, ки 21-уми декабр баргузор мешавад, баррасӣ шуд.

***

Ширкати “Уралские авиалинии” аз санаи 27-уми декабр парвозҳоро аз Москва ба Дубай барқарор менамояд.

***

Ширкати “Азимут” парвозҳоро аз Сочи ба пойтахти Ҷумҳурии Ингушетия - Магас ифтитоҳ ва парвозҳоро аз Саратов ба Уфа, Нижний Новгород ва Минералние Водӣ амалӣ менамояд.

***

19-уми декабр ширкати “Transavia Airlines” аввалин ҳавопаймои A321neo-и худро аз ширкати Air Lease ба иҷора гирифт.

***

Ширкати Чили “LATAM” панҷ ҳавопаймои Boeing 787-ро бо муҳаррикҳои GEnx фармоиш дод.

***

Бо мақсади таҳияи системаи ҳаракати гидроген барои ҳавопаймоҳои оянда ширкати “Rolls-Royce” озмоиши криогениро барои фишор ба гидрогени моеъ ва ворид намудани он ба камераи сӯзишвории муҳаррик оғоз намуд.

***

(Манбаъ: Aviation Explorer, Aviation Source News, China Southern Airlines, КВД “Ӯзаэронавигатсия” )