Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ МЕТЕОРОЛОГҲО ДАР СОЛИ 2023

ТАКМИЛИ ИХТИСОСИ МЕТЕОРОЛОГҲО ДАР СОЛИ 2023
153

Чоп кардан

Роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ҷиҳати ҷорӣ намудани воситаҳои автоматикунонӣ ва технологияҳои нави таъмини хизматрасонии метеорологӣ тамоми чораҳои заруриро андешида роҳҳои самаранокӣ ва эътимоднокии дастрасии маълумоти метеорологиро баланд мебардорад, ки ба воҳидҳои хизматрасонии ҳаракати ҳавоӣ, экипажҳои нақлиёти ҳавоӣ ва дигар истифодабарандагони авиатсия пешниҳод мегардад.

Дар заминаи чораҳои амалӣ гардида, дар давоми соли ҷорӣ 11 нафар мутахассисони Маркази авиатсионии метеорологӣ ва Истгоҳҳои авиатсионии метеорологии шаҳрвандии филиалҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар Донишкадаи такмили ихтисоси кормандон ва мутахассисони роҳбарикунанда дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия омӯзишро бомуваффақият хатм намуда соҳиби диплом ва шаҳодатнома гардиданд. Бояд гуфт, ки дар донишкадаи номбурда таълими фосилавӣ барои муҳандис-метеорологҳо ва техник-метеорологҳо дар мавзӯъҳои “Таъминоти метеорологии авиатсионӣ, пешгӯӣ ва мушоҳидаҳо дар аэродромҳо мутобиқи стандартҳои тахассусии Ташкилоти умумиҷаҳонии метеорологӣ” баргузор гардид.

Бояд ёдовар гардид, ки омӯзиши мазкур тибқи нақша барои метеорологҳои авиатсионӣ на камтар аз як маротиба дар панҷ сол гузаронида мешавад. Ҳадафи омӯзиш такмил ва бозомӯзии кормандон ва инчунин мутахассисони ҷавони Маркази авиатсионии метеологоии корхона мебошад.

 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”