Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ДИДОРИ МАЪМУРИЯТИ АВИАТСИЯИ ЧИН АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН

ДИДОРИ МАЪМУРИЯТИ АВИАТСИЯИ ЧИН АЗ ОСОРХОНАИ МИЛЛИИ ТОҶИКИСТОН
169

Чоп кардан

Санаи 7-уми декабри соли 2023 ҳайати меҳмонон аз мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин дар доираи сафари худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон ташриф оварда аз осори баргузидаи миллати тоҷик дидан намуданд. Диққати онҳоро экспонатҳои нодир, ки чун оина таъриху тамаддуни тоҷиконро таҷассум менамояд ҷалб менамуд. Аз ҷумла бозёфтҳои марбут ба “Асри санг”, “Асри биринҷ”, “Ҳахоманишиҳо”, “Юнону Бохтар”, “Кушониён”, “Сосониён”, “Ҳайтолиён”, “Панҷакенти қадим”, “Мероси хаттӣ”, “Аҷинатеппа”, “Сомониён”, толорҳои “Кулолгарӣ”, “Мисгарӣ”, “Мардумшиносӣ”, “Дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ” ва “Туҳфаҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” ба меҳмонон як ҷаҳон таассуроти рангин бахшид. Ин ҷо низ кормандони осорхона бо факту далелҳо ба меҳмонон маълумотҳои мухтасар пешниҳод намуданд. 

 

Ҳангоми боздид аз толорҳои намоишӣ ва шиносии бештар бо таърихи куҳан ва фарҳанги пурғановати миллати тоҷик меҳмонони чинӣ, ки бо мақсади иштирок дар 4-умин нишасти техникии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварда буданд, дар чеҳри ҳар яки аз онҳо изҳори хушҳолӣ намудор буд.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”