Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ШИНОСОӢ БО ТАМАДДУНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

ШИНОСОӢ БО ТАМАДДУНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК
166

Чоп кардан

Дар нимаи рӯз меҳмонон дар ҳамроҳи бо намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳри Ҳисор дидан намуданд. Барои меҳмонон ҳар як гушаи диёр дилкашу гуворо менамуд. Тамошои мамнӯнгоҳ, бахусус Арк, Аскархона, Амфитеатр, Қасри Ҳоким, дӯконҳои ҳунармандӣ ва растаҳои фурӯши армуғонҳо хеле диққатҷалбкунанда буд, ки он аз таваҷҷӯҳ ва чеҳраи гарми меҳмонон ҳувайдо буд. Роҳбалади Мамнӯъгоҳи таърихию фарҳангии шаҳр ба меҳмонон оид ба таърихи сеҳазорсолаи Ҳисори шодмон маълумоти мухтасар манзур намуд. Назди ҳар як раста, ки аз асри куҳан, аз диловарию шуҷоат ва ҳунармандӣ шаҳодат медод, шарикони чинӣ, ки ҷиҳати иштирок дар 4-умин нишасти техникии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии мардумии Чин оид ба ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, акс гирифта, ба ҳунари дастии заргарону гулдӯзон ва кандакорон аҳсан мехонданд.

   

Мамнуъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳисор яке аз намунаҳои қадимаи санъати меъмории халқи тоҷик маҳсуб ёфта, дорои ёдгориҳои таърихии - Қалъаи Ҳисор, Мадрасаи Кӯҳна, Мадрасаи Нав, Мақбараи Кӯҳна, Дарвозаи Арк, Масҷиди Сангин, Мақбараи Махдуми Аъзам, Корвонсарои Хиштин, Мадрасаи Чашмаи Моҳиён, Масҷиди Одина ва Осорхонаи таърихӣ-кишваршиносии ноҳияи Ҳисор мебошад.

 

Дар замони соҳибистиқлолӣ бо ибтикор ва талошҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба таърих, маданият, фарҳанг ва ёдгориҳои таърихии халқу кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, дастовардҳои мардуми кишвар дар қарнҳои гузашта дар шакли китобу муҷассама ва ҳунарҳои дастӣ имрӯз ба насли нав пешкаш гардидааст. Ба феҳристи ёдгориҳои ЮНЕСКО дохил шудани Қалъаи Ҳисор ҳамчун як маркази таърихи нишоне аз қадршиносии Пешвои муаззами миллат мебошад.  

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”