Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ПАРВОЗИ НАВ – БЕХАТАРИИ МУСОФИРОН

ПАРВОЗИ НАВ – БЕХАТАРИИ МУСОФИРОН
309

Чоп кардан

Дар натиҷаи ташаббус ва дастгириҳои мунтазами Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар самти тақвияти ҳамкории авиатсионӣ байни Тоҷикистон ва Чин санаи 5-уми декабри соли 2023 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон 4-умин нишасти техникии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода, директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода, ҳайати меҳмонон аз мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин, сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин, мушовири раёсати кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ороми Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон Эгамзод Муҳаммад, мутахассисони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат ва суханронӣ намуданд.

 

Ҷаласаро директори агентии авиатсияи гражданӣ ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистони офтоби хайрамақдам намуд. Зимни суханронӣ Дилшод Сафарзода ёдовар шуд, ки то имрӯз ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин дар соҳаи авиатсияи гражданӣ корҳои зиёде анҷом дода шудаанд.

Дар баромади худ, директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода қайд намуд, ки бо дастгирии бевоситаи роҳбарияти олии ҳарду кишвар ҳамкориҳо дар соҳаи авиатсияи граждании Тоҷикистону Чин ба сатҳи нав бардошта мешаванд. Баҳри татбиқи нақша-чорабиниҳои пешбинишуда аз ҷониби КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар солҳои охир вохӯриҳои гуногун баргузор гардида, ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоид барои кушодани хатсайри нави байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин корҳои назаррас ба анҷом расонида, сатҳи хизматрасонии навигатсионӣ ба талаботҳои ИКАО мутобиқ карда шудаанд. Ҳамзамон зикр гардид, ки корхона ҳамчун яке аз сохторҳои муҳими соҳаи авиатсия ҳамкориро бо шарикони чинӣ ҷиҳати беҳбуди хизматрасонии аэронавигатсионӣ, роҳандозии хатсайрҳои нав ва фаъол гардонидани робитаҳои Тоҷикистону Чин дар ин самт кушишҳо ба харҷ медиҳад.

    

Дар рафти ҷаласа ҳамчунин аз ҷониби намояндагони Чин бобати ҳамкории мутақобилан судманд ва ҳалли ин масъалаи манфиатбахш барои ҳарду ҷониб андешаҳои ҷолиб иброз гардиданд. 

Сипас дар маросими тантанавӣ Созишномаи нав миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ифтитоҳи хатсайри нав ПОМИР-ШЕНЧЭ аз ҷониби директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Лоиқ Бегиҷонзода ва директори генералии Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии вилоятии Синсзяни Ҷумҳурии Мардумии Чин Лю Венчи дар ҳузури директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилшод Сафарзода ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тзи Шумин дар сатҳи якдигарфаҳмӣ ва дӯстӣ ба имзо расид, ки ифтитоҳи ин хайтсайри нав на танҳо шумораи парвозҳоро миёни Тоҷикистону Чин зиёд менамояд, балки барои парвозҳои байналмилалӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон заминаи боэътимод фароҳам меорад. 

             

Дар фарҷом барои хотира намояндагони ҳарду ҷониб расмҳои хотиравӣ гирифта ҳамчунин барои боз ҳам мустаҳкам гардидани равобити дӯстиву ҳамкорӣ ҷонибҳо ба якдигар тӯфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.

     

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”