Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ АВИАТСИЯИ ЧИН

ТАШРИФИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ АВИАТСИЯИ ЧИН
313

Чоп кардан

Намояндагони мақомоти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин бо мақсади иштирок дар 4-умин нишасти техникии КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-и Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бюрои ташкили ҳаракати ҳавоии Маъмурияти авиатсияи граждании Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба ифтитоҳи долони нави ҳавоӣ ва ҳамоҳангсозии Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ ба шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе меҳмононро намояндагони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” пешвоз гирифтанд.

Ёдовар мешавем, ки Созишномаи ҳамкорӣ миёни марказҳои ноҳиявии Душанбе ва Урумчӣ санаи 5-уми декабри соли 2023 дар Китобхонаи миллӣ Тоҷикистон бо иштироки мутахассисони Тоҷикистону Чин ба имзо мерасад. 

     

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”