Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
98

Чоп кардан

Чин аввалин ду чархболи бесарнишини баҳрии нави AR500-ро ба Идораи умури баҳрии шаҳри Вейҳай дар музофоти шарқии Шандун супурд, ки дарозии ҳар як чархбол 7,33 метр, бараш 1,58 метр, баландии онҳо 2,43 метр, иқтидори борбардорӣ 75 кг ва радиуси максималии идоракунии фосилавӣ 150 километрро ташкил медиҳад. Ин намунаи чархболи бесарнишин метавонад дар масофаи 400 километр бо суръати максималии то 150 км/соат парвоз намояд.

***

Ҳавопаймо аз Хабаровск дар давоми чанд сол бори аввал ба Пекин парвоз намуд. Бори охир парвоз ба пойтахти Чин тибқи ҷадвали зимистона соли 2017 сурат гирифта буд.

***

Комиссияи ҳукуматӣ оид ба фаъолияти қонунгузорӣ тасвиби созишномаи ҳамкории Россияву Чинро дар бораи таъсиси истгоҳи байналмилалии илмии моҳвора, ки моҳи ноябри соли гузашта баста шуда буд, тасдиқ кард. Сухан на танҳо дар бораи сохтмони истгоҳ, балки дар бораи муштарак тадқиқ намудани моҳ низ пешбинӣ шудааст.

***

Ширкати “Utair” парвозҳоро ба Озарбойҷон ба ҷадвали тирамоҳу зимистони худ ҷорӣ намуд. Парвозҳо ба Боку, Ганҷа ва Нахичеван - аз Масква ва дигар минтақаҳо анҷом дода мешаванд.

**

Бонки “HSBC” ҳушдор медиҳад, ки эҳёи парвозҳои мустақим байни Чин ва ИМА метавонад ба хизматрасонии дарозмуддати ширкати “Cathay Pacific” таъсир расонад.

***

Ширкати Индонезия “Aerospace” барои таҳвили 25 ҳавопаймои N129 ба Чин қарордод имзо намуд.

***

Ширкати “China Southern Airlines” санаи 29-уми ноябр парвози нави мустақимро дар масири Гуанчжоу-Анян оғоз намуд.

***

Дар шаҳри Тирмиз муколамаи кушоди ширкати Uzbekistan Airways” бо сокинони вилоят, соҳибкорон, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ ва намояндагони ВАО баргузор гардид, ки барои ҳаллу фасли масъалаҳои марбут ба фаъолияти ширкат равона шуда буд.

***

Намояндагони КВД “Ӯзаэронавигатсия” дар Саммити авиатсионии Осиёи Марказӣ, ки 23-юми ноябри соли 2023 баргузор гардид, иштирок намуданд. Конфронс ба вазъи кунунӣ ва дурнамои бозори ҳамлу нақли ҳавоӣ дар Осиёи Марказӣ ва кишварҳои ҳамсоя бахшида шуда, роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо, ширкатҳои лизингӣ, маблағгузорон, истеҳсолкунандагони ҳавопаймо ва коршиносони соҳаро гирди ҳам овард, то рушди нақлиёти ҳавоӣ дар минтақаро баррасӣ намоянд.

***

Намояндагони КВД “Ӯзаэронавигатсия” дар идораи ҳудудии идоракунии ҳаракати ҳавоии Урганч як қатор чорабиниҳоро баргузор намуданд.

***

Пас аз ҳодиса бо ҳавопаймои Ҳиндустон, дар Магадан фурудгоҳи нав сохта мешавад.

***

Ширкати “Red Wings Airlines” аз 28-уми ноябр шумораи парвозҳоро ба Тбилиси аз фурудгоҳи Пулково дар як ҳафта аз як то ду маротиба афзоиш дод.

***

Ширкати “Avia Solutions Group” як ширкати ҳавопаймоии наверо дар Таиланд таъсис медиҳад, ки ҳузури бренди BBN Airlines-ро дар Индонезия васеъ менамояд.

***

Ширкати “Qatar Airways” бо аввалин ширкати боркашии ҳавопаймои бесарнишин дар ҷаҳон “Dronamics” шарикӣ менамояд. Дар айни замон Dronamics барои фаъолият дар Аврупо иҷозатнома дорад. Созишномаи мазкур дар аввал бандарҳои Юнонро фаро мегирад, ки метавонад хизматрасониҳои боркашониро тавассути Qatar Airways Cargo ба самтҳои гуногун, аз ҷумла ба Сингапур, Ҳонконг ва Ню-Йорк васеъ намояд. Дар навбати худ, Qatar Airways Cargo ба маконҳои хизматрасонии дурдасти Dronamics дар тамоми ҷазираҳои Юнон ва берун аз он дастрасӣ пайдо мекунад.

***

Фурудгоҳи Байналмилалии Денвер хати парвози таҷдидшударо бо чароғҳои LED барои беҳтар кардани бехатарӣ муаррифӣ намуд.

***

  (Манба: Aviation Explorer, Aviation Source News, AVIA.RU, Simple Flying, КВД “Ӯзаэронавигатсия”, Uzbekistan Airways)