Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲОИ МАҲАЛЛӢ

ТАЪМИНИ БЕХАТАРИИ ПАРВОЗҲОИ МАҲАЛЛӢ
177

Чоп кардан

Барои таъмини маълумоти метеорологӣ, яке аз ҷанбаҳои муҳими таъмини бехатарии парвозҳо ба ҳисоб меравад, имрӯзҳо аз ҷониби роҳбарияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда, бо мақсади таҷдиди техникаҳои замонавии соҳа чораҳои зарурӣ ҷараён дорад.

Дар доираи ин тадбирҳо, бо мақсади таъмини бехатарии хатсайрҳои ҳавоии маҳаллӣ дар ноҳияи Мурғоб, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Ҷиргатол таҷҳизоти метеорологӣ бо панелҳои офтобӣ насб гардида, дар ноҳияи Данғара, инчунин дар шаҳрҳои Панҷакент ва Исфара  иқдоми мазкур ҷараён дорад.

Таҷҳизоти метеорологӣ барои муайян намудани ҳарорат, намнокӣ, фишори атмосфера, суръат ва самти шамол пешбинӣ шудааст.

Қобили зикр аст, ки маълумоти метеорологӣ аз ноҳияи Мурғоб, шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ванҷ, Ҷиргатол ва Данғара ба Маркази авиатсионии метеорологии шаҳри Душанбе ва маълумоти метеорологӣ аз шаҳрҳои Панҷакент ва Исфара ба Истгоҳи авиатсионии метеорологии шаҳрвандӣ дар филиали шаҳри Хуҷанд дастрас мегардад.

 

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”