Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ЛИВОИ МО ҶАҲОНГИР АСТ

ЛИВОИ МО ҶАҲОНГИР АСТ
193

Чоп кардан

Бо танин андохтани Суруди миллӣ дар толори КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо иштироки роҳбарият ва аҳли коллектив чорабинии тантанавӣ таҳти унвони “Арзишҳои муқаддас” оғоз гардид, ки ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд.

   

Сараввал роҳбарияти корхона кормандонро бо идҳои фархунда шодбош ва дар идомаи сухани хеш оид ба моҳияти ду ид суханронӣ намуд. Ёдовар гардид, ки Парчами давлатии Тоҷикистон волоияти қонун, ҳимояи истиқлолу озодӣ ва якпорчагии сарзамини аҷдодиро таъмин намуд. Парчами давлатӣ дар қатори Конститутсия, Нишон ва Суруди миллӣ аз ҷумлаи муқаддасоти миллати соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлол ба ҳисоб меравад.

     

Сипас, Розиқзода  Анварҷон, мутахассиси шуъбаи шартномавӣ-ҳуқуқии корхона таҳти унвони “Рамзи муқаддаси миллат” баромад намуда, доир ба нақши Парчами давлатӣ дар сиёсати имрӯзаи кишвар ва қадру манзалати он миёни қишрҳои ҷомеа андешаҳои худро баён кард. Аз ҷумла қайд шуд, ки бо мақсади эҳтиром ва қадршиносӣ инчунин садоқат ба яке аз рамзҳои асосии давлат – Парчами Тоҷикистон, бо фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 20-уми ноябри соли 2009 рӯзи 24-уми ноябр рӯзи Парчами  давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон гардида, бо ифтихору сарбаландӣ аз давлату давлатдории миллати тамаддунсози тоҷик ҷашн гирифта мешавад. Парчами давлатӣ ба сифати яке аз рамзҳои асосии давлатдорӣ, таҷассумгари асосҳои таърихӣ, мероси ғановатманду арзишманди миллӣ, ифодагари мақсаду маром ва орзуву омоли мардуми куҳанбунёди тоҷик мебошад. Дар фазои Тоҷикистони соҳибистиқлол парафшон гардидани ин рамзи муқаддас тантанаи озодӣ, иттиҳод ва адолат ба ҳисоб меравад, ки тоҷикон дар заминаи чунин арзишҳои наҷотбахшу созанда ҳамчун миллати мутамаддин ташаккул ёфтаанд.

   
Дар баромади пурмуҳтаво аз ҷониби Муҳаббат Иброҳимзода, сармутахассиси маркази матбуоти корхона таҳти унвони “Танҳо пеши Парчам бояд ба зону зад” аз таърихи гузашта, аз нақши калидии парчам дар давраҳои таърихӣ ёдовар гардид, ки мардуми сарбаланди тоҷик Парчами давлатиро ифодагари ваҳдату ягонагӣ, якпорчагиву бахту саодат, дӯстию рафоқат ва волотарин орзуву омоли худ медонад. Парчам дар тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ифтихор ва ҳувияту худшиносии миллӣ нақши калон дошта, ҳар шаҳрванди бонангу номусро ба ифтихор аз давлату давлатдорӣ, таҳкими истиқлолияти миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои миллӣ ҳидоят менамояд.

Воқеан, эҳтироми Парчами давлатӣ ва расидан ба қадри он ҳамчун яке аз рамзҳои муқаддаси Ватани соҳибистиқлол, аз ҷумлаи вазифаҳои ифтихорӣ ва қарзи шаҳрвандии аҳли ҷомеаи ҳар як шаҳрванд ба ҳисоб рафта зарур аст, ки ҳисси ифтихор аз парафшонии он дар сиришту фитрати ҳар як шаҳрванди ватандўсту меҳанпарасти кишвар доимо пойбарҷо бошад.

   

Лозим ба ёдоварист, ки солҳои охир бо роҳбарии бевоситаи хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар марказҳои ҳар як шаҳру ноҳияҳои кишварамон анъанаи бунёд ва ба истифода додани манораҳои парчами давлатӣ оғоз шудааст, ки ин аз як тараф ифодагари эҳтиром гузоштан ба муқаддасоти миллӣ бошад, аз тарафи дигар он метавонад дар руҳияи меҳанпарастӣ ва инкишофи ғурури миллии шаҳрвандон нақши беназир мегузорад.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”