Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Хонишҳои идоравӣ

Хонишҳои идоравӣ
654

Чоп кардан

Хониши идоравии навбатии кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар мавзӯҳои “Саҳми қаҳрамонони тоҷик дар ғалабаи ҷанги бузурги ватанӣ”, “Ҷавонон ояндаи миллат” ва “Дар бораи тартиби сафарҳои хизматии кормандони корхона” баргузор гардид. Дар мавзӯъи “Саҳми қаҳрамонони тоҷик дар ғалабаи ҷанги бузурги ватанӣ”, ки мавзӯи аввалини ҳамоиш буд Файзиев Абдулқосим - мудири амволи хоҷагидории КВД “Тоҷикаэронавигатсия” баромад намуда, дар бораи саҳми фарзандони абарманди тоҷик дар Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар таърих ҳамчун ҷанги даҳшатноктарин ба ҳисоб меравад, ёдовар шуд.  Дар баромади худ Файзиев А. оид ба саҳми ҳамватанони азизамон ҳам дар майдони ҳарб ва ҳам дар ақибгоҳ ёдовар шуда, қайд намуд, ки ҷонфидоиҳои ҳалқи тоҷик ҳеҷ гоҳ фаромуш нахоҳад шуд.
Пирова Нуринисо нозири Шуъбаи бехатарӣ ва сифати истеҳсолоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар баромади худ таҳти унвони “Ҷавонон ояндаи миллат”, оид ба нақши ҷавонон дар ҷомеаи кунинӣ, имкониятҳо ва дастгирии давлат ва ҳукумат, ки дар дораи сиёсати ҷавонон амали карда мешавад, ёдовар шуд. Таъкид гардид, ки ҷавонон нерӯи  асосии рушди ҷомеа ба ҳисоб рафта, барои рушди соҳаҳои ҳаётан муҳими иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар саҳми худро гузашта истодаанд ва саҳми онҳо дар муаррифи намудани Тоҷикистон ва баланд бардоштани парчами давлат дар арсаи байналмилӣ нақши калидӣ мебошад.
Саидхоҷаев Тоир муҳосиби Шуъбаи баҳисобгирии муҳосибот ва молияи КВД “Тоҷикаэронавигатсия”, дар баромади худ “Дар бораи тартиби сафарҳои хизматии кормандони корхона” маълумотҳои муфассал пешниҳод намуда ба иштирокчиёни ҳамоиш тартиби сафарҳои хизматӣ дар дохил ва хориҷи кишвар, тарзи пешниҳоди ҳисобот дар бораи фаъолиятҳои анҷомдодашуда дар доираи ин сафарҳо ва тартиботи пардохти сафарҳои хизмати нутқи фаҳмондадиҳи гузаронд. Дар фарҷом, миёни маърӯзачиён ва коллективи корӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.
Маркази матбуоти
КВД “Тоҷиаэронавигатсия”