Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Вохӯрии муфид

Вохӯрии муфид
257

Чоп кардан

18 майи соли 2023 дар доираи Нақшаи чорабиниҳои тасдиқшудаи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” бо мақсади татбиқи “Стратегияи давлатии муқовимат бо коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” бо иштироки муовини якуми директори генералӣ Даврон Шодмонбекзода ва ҳайати кормандони корхона бо сарнозири Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Назриён Васлибек Қурбон вохӯрӣ баргузор гардид.

Номбурда зимни суханронӣ доир ба роҳҳои афзалиятноки мубориза бо коррупсия дар кишвар, нақши “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва таҳрири нави Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба коррупсия”, ҳамчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва барномаҳои дар ин самт қабулшуда ибрози назар кард.

 

Дар охир, намояндаи Раёсати муқовимат ба коррупсияи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо аҳли нишаст вобаста ба роҳҳои самарабахши пешгирии амалҳои коррупсионӣ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”