Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Хонишҳои идоравӣ

Хонишҳои идоравӣ
492

Чоп кардан

Дар толори маҷлисгоҳи КВД “Тоҷикаэронавигатсия” санаи 28-уми апрели соли 2023 ҳамоиш оид ба Нақшаи хонишҳои идоравии кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар мавзӯҳои “Робитаи омӯзиши касбӣ ва рушди истеҳсолӣ дар роҳи садоқат ва хизмат ба халқу ватан”, “Фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ ва талаботи муосири истеҳсолии либоспӯшӣ” ва “Қоидаҳои асосии ба роҳ мондани тартиби баҳисобгирии молиявӣ дар корхона” баргузор гардид. Дар ҳамоиш Муовини якуми директори генералӣ Шодмонбекзода Даврон ва дигар  сардорони  шӯъбаҳо ва сохторҳои таркибии корхона иштирок намуданд.

Дар мавзӯи “Робитаи омӯзиши касбӣ ва рушди истеҳсолӣ дар роҳи садоқат ва хизмат ба халқу ватан” корманди Бахши шаҳрвандии маркази асосии низоми ягонаи ташкили ҳаракати ҳавоӣ  Шамсов Ҳабибулло суханрони намуда оид ба масъалаҳои омода намудани мутахассисони баландихтисос, бозомӯзии кормандон дар муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар, такмили ихтисоси онҳо ва ғайраҳо, фикру ақидаҳои худро баён намуд. Тарбия намудани насли ҷавон дар руҳияи ватандӯстӣ, хештаншиносӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, ҷорӣ намудани системаи нави таълимӣ, мутобиқ намудани он ба талаботи муосири соҳаи маориф ва бозори меҳнат,   масъалаҳои муҳими баромади ӯ буд. Қайд гардид, ки дар сатҳи баланд пешниҳод намудани хизматрасонӣ вазифаи асосии корхона ба ҳисоб рафта, бо мақсади ноил шудан ба ин ҳадаф аз ҷониби роҳбарияти корхона тамоми чораҳои саривақтӣ ва зарурӣ андешида шудааст. Тадқиқоти байналмилалӣ нишон додааст, ки 53% кормандон ҳар 3 сол ба такмили ихтисос ниёз доранд. Татбиқ намудани ин иқдом дар баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти кормандон ва маҳсулнокии кори онҳо мусоидат менамояд. Сармоягузори дар соҳаи маориф, таъмин намудани технологияи муосир ва пайваст намудани онҳо ба шабакаи интернетӣ дар муаасисаҳои таълимӣ дигар масоили баромад буд.

Дар идомаи ҳамоиш, мутахассиси Шуъбаи меҳнат ва музди меҳнат  Пирназарзода Фарангис маърӯзаи худро таҳти унвони “Фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ ва талаботи муосири истеҳсолии либоспӯшӣ” ироа намуд. Масоили  фарҳанги либоспушӣ, махсусан занон ва бонувон, риояи оину суннатҳои миллӣ, тарғиби анъана, расму оин ва фарҳанги тоҷикӣ, инчунин ҳифз намудани онҳоро фаро гирифт. Дар баромад қайд гардид, ки новобаста аз рушди босуръати техника ва технологияи муосир ва ҷаҳонишавӣ занону бонувони тоҷик дар ҳама гӯшаву канори мамлакат тавонистанд либосҳои миллӣ, фарҳангу оинҳои аждодони худро ҳифз намоянд ва ба мо – насли оянда мерос гузоранд. Аз ин лиҳоз, мо ҷавонони имрӯзу фардо вазифадор ҳастем, ки тарғибгари фарҳангу анъанаҳои миллӣ бошем. Ақидаҳои бегонапарастӣ, тарғиби расму оин ва анъанаҳо, инчунин либоспӯшии бегона, ки ба фарҳанги халқи тоҷик алоқаманди надоранд, мушкилии асосии ҷомеаи кунуни дар ҷумҳурӣ гардидааст. Решакан намудани чунин равандҳо на танҳо вазифаи ҳукумат ва масъулони соҳаҳои гуногуни ҷомеа, балки ҳар як фарди ватандӯсту хештаншинос мебошад. Ҳар яки мо вазифадор мебошем, ки барои ҳалли ин мушкилии ҷомеа ҳиссаи худро гузорем.  


 


Дар интиҳои ҳамоиш муовини Шуъбаи баҳисобгирии муҳосибот ва молия Некрӯз Исрофилзода дар мавзӯъи “Қоидаҳои асосии ба роҳ мондани тартиби баҳисобгирии молиявӣ дар корхона” суханрони намуда ба ҳозирин оид ба санадҳои меъёриву ҳуқуқӣ, низомномаи қабулшуда ва амалкунандаи корхона маълумоти муфассал пешкаш намуд. Иштирокчиёни ҷаласа маълумоти пурра оид ба пардохти саривақтии андоз, маоши кормандон, кӯпакпули, сафарҳои хизматӣ, ва ғайра гирифтаанд. Таъкид шуд, ки тамоми пардохтҳо тибқи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, низомномаи корхона саривақт амали карда шуда, ҳамаи фаъолиятҳо тибқи онҳо ба роҳ монда шудааст. Иштирокчиён инчунин оид ба дигар  масоил ва қонунгузориҳо маълумоти пурра гирифтанд.

Ёдовар шудан ба маврид аст, ки ҳамоиши мазкур тибқи Нақшаи кории Раёсати кадрҳо ва меҳнат давра ба давра баргузор мегардад.  

Дар охир миёни маърӯзачиён ва коллективи чамъомада мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази матбуоти КВД “Тоҷикаэронавигатсия”