Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Натиҷаҳои фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар чоряки аввали соли 2023

Натиҷаҳои фаъолияти КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар чоряки аввали соли 2023
385

Чоп кардан

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар семоҳаи аввали соли 2023 ба 12 899 адад киштиҳои ҳавопаймо хизматҳои аэронавигатсионӣ расодидааст, ки он ба андозаи 22% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 мебошад. Ин нишондод санаи 6-ми апрели соли 2023 зимни ҳисоботи директори генералӣ Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон дар ҷаласаи ҷамъбастии натиҷаҳои фаъолият дар фосилаи ҳисоботӣ садо дод.

Дар ин давра, корхона ҳама намуди пардохтҳои боҷи давлатиро пурра таъмин намуда, дар ин самт мушкилӣ ба бор наовардааст. Илова ба он, дар асоси хулосаи Комиссияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар қатори дигар субъектҳои хоҷагидор ҳамчун яке аз “Андозсупорандаи беҳтарини соли 2022” интихоб гардид.

Ҷиҳати ҳамкорӣ ва вусъат бахшидани самараи кори истеҳсолӣ бо намояндагони техникии ширкатҳои Пеленг (Россия), Замар (Шветсария), Серагон (Исроил) ва ғайраҳо оиди азнавсозӣ, таъмиру тармими таҷҳизотҳои соҳавӣ ба роҳ монда шуд.

Дар ин давра баҳри таъмини фаъолияти босамари корхона  дар самти нишондодҳои дақиқ, ба истифода супоридани низоми Д-АТИС дар дастгоҳи марказии шаҳри Душанбе ва филиалҳои корхона васлу насб гардиданд.

Дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгўии Маркази авиатсионии метеорологии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” тибқи низоми «TAF» бо ҷамъи филиалҳои корхона дар семоҳаи аввали соли 2023 салоҳияти нишондодҳои пешгӯиро 90,2% хабар доданд, ки ин нишондиҳандаи хуб ба шумор меравад.

 

Бо мақсади татбиқи амалии лоиҳаҳои грантии марбут ба ворид намудани “Навигатсия дар асоси хусусиятҳо PBN” аз ҷониби Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалии “JICA” гуфтушунидҳо гузаронида, марҳила ба марҳила корҳо идома доранд.

Ба истиқболи иду ҷашнҳои Соли нав, Сада, Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи модар, Иди байналмилалии Наврӯз, конфронсу маҷлис ва ҷамъомадҳои тантанавӣ бо ҷалби аҳли илму адаб ва санъат баргузор гардидааст.

Дар давраи ҳисоботӣ, корхона мутобиқи дастуру фармоишҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қишри ниёзманди ҷомеа, маъюбон, оилаҳои камбизоату барҷомондагон ва ғайраҳо кӯмакҳои моддиву маънавӣ расонидааст.

Дар фарҷоми ҷаласа музокирот миёни коллективи корӣ ва ҳайати роҳбарикунанда сурат гирифт.

Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”