Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

30-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон
420

Чоп кардан

Ба ифтихори 30-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” ҷаласаи тантанавӣ доир гардид. Роҳбарият аҳли коллективи корхонаро бо ин санаи фархунда табрик намуда, иброз доштанд, ки “таҳти сиёсати хирадмандонаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ рисолати хизмативу касбии худро бошарафона иҷро кардаистодаанд ва Артиши миллии мо ба як сохтори воқеан боэътимод ва дорои назму тартиби муосири давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон табдил ёфтааст.

Дар ҷараёни ҳамоиш доир ба таъсиси Артиши миллӣ аз рӯзҳои аввали артишсозӣ ёдовар шудаанд, ки дар он сохтори ташкиливу воҳидӣ, таъминоти моддиву техникӣ ва пуррагардонии сафи артиш яке аз равандҳои муҳим ба шумор мерафт.

Зикр гардид, ки агар ин тадбирҳо дар он давра андешида намешуданд, таъмин намудани амнияти мамлакат, пойдории сулҳу субот, зиндагии осудаи мардуми кишвар ва ҳифзи манфиатҳои милливу давлатӣ дар шароити мураккабу пешгӯинашавандаи минтақа ва ҷаҳони имрӯза вазъро ноором месохт.

 

Ҳамингуна ҷаласаҳои тантанавӣ дар филиалҳои КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар низ доир гардид.

 

Паёми табрикии директори генералиии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Б.Л. Бегиҷонро роҳбарони филиалҳо ба  кормандон  расонида доир ба саҳми Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза намуданд.

Дар фарҷом, миёни роҳбарият ва коллективи корӣ мубодилаи афкор оид ба саҳми Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сулҳу суботи мамлакат сурат гирифт.

Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”