Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” андозсупорандаи беҳтарини соли 2022

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” андозсупорандаи беҳтарини соли 2022
409

Чоп кардан

Дар асоси хулосаи Комиссияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷикаэронавигатсия” дар қатори дигар субъектҳои хоҷагидор ҳамчун яке аз “Андозсупорандаи беҳтарини соли 2022” интихоб гардид.

Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол бо мақсади қадршиносӣ кардани андозсупорандагони фаъолу пешсаф ва баланд бардоштани сатҳи фарҳанги андозсупории онҳо озмуни «Беҳтарин андозсупорандаи сол»-ро ташкил менамояд. Маросими ҷойзасупорӣ дар соли 2023 рӯзи 13-уми январ дар толори маҷлисии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Раиси Кумитаи андоз Нусратулло Давлатзода ҳамаи андозсупорандагони мамлакатро ҷиҳати саҳмгузоштан дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ арси сипос намуда, дар радифи дигарон КВД “Тоҷикаэронавигатсия”-ро бо роҳбарии директори генералӣ Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон дар пардохти боҷи давлатӣ назаррас арзёби намуда, “Диплом”-и андозсупорандаи беҳтарини соли 2022 -ро дар вазъияти тантанавӣ, тақдим намуд.

Хотирасон мегардем, ки КВД “Тоҷикаэронавигатсия”  барои иҷрои софдилонаи қонунгузории андоз, саҳми арзанда дар рушди иқтисодиёт ва буҷети давлатӣ андозсупорандаи беҳтарин дар солҳои 2018 ва 2019 низ гардида буд.

 

КВД “Тоҷикаэронавигатсия” чун солҳои қаблӣ аз ҳисоби хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ дар соли 2022 низ ҳамагуна пардохтҳои буҷети давлатиро пардохт намуда, дар ин самт мушкилӣ ба бор наовардааст.

Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”