Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ва натиҷагирӣ аз ТИ “Тоҷикаэронавигатсия”

Шарҳу тавзеҳи Паёми Президент ва натиҷагирӣ аз ТИ “Тоҷикаэронавигатсия”
527

Чоп кардан

Дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия” санаи 13.01.2023 ҳамоиш оид ба шарҳу тавзеҳи нуқтаҳои меҳварии Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва  натиҷагирӣ аз фаъолияти ТИ “Тоҷикаэронавигатсия”  дар давоми соли 2022 ва вазифаҳо барои минбаъда  бо иштироки роҳбарият, кормандони корхона ва меҳмонони даъватшуда - Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Шоҳмансур Каримзода Н.Р. ва муовини раиси Кумитаи мазкур Наботов Ш.С. баргузор гардид.

Зикр гардид, ки санаи 23-уми декабри соли 2022 дар Паёми худ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ” ҳамаи шохаҳои муҳими давлатдориро барои давраҳои минбаъда муайян намуда, ба масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони кишвар ва ғамхории васеъ нисбат ба ҳар як қишри ҷомеа таваҷҷуҳи хоса зоҳир намудаданд. Ҳамзамон, барои рушди устувори ҳар як соҳа ва рафъи камбудиҳои ҷойдошта дар онҳо дастуру супоришҳои қатъӣ ва таклифу ҳидоятҳои зарурӣ дода шуданд.

Дар идомаи ҷаласа муовини сардори Маркази таълимии авиатсионӣ Афсаҳзод А.А. дигар нуқтаҳои муҳими Паёмро маърӯза намуда, бозтоби андеша намуд.

 

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар н. Шоҳмансур Каримзода Н.Р. пас аз ҳисоботи муовини Раиси ТИ “Тоҷикаэронавигатсия”  Исрофилзода Н. оид ба фаъолияти сиёсии ҳизбӣ дар соли 2022 тазаккур дод, ки аъзо ва ҷонибдории ҲХДТ дар ташкилоти ибтидоӣ дар соли сипаригардида дар чорабиниҳои сиёсӣ, маъракаи сиёсии Обуна-2022 ба рӯзномаҳои ҳизбии “Минбари халқ”, ва “Мароми пойтахт” иштироки фаъол доштанд. Инчунин, дар тарғиби идеологияи миллӣ, дастгирии сиёсати созандаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши сазовор гузоштанд. Зимнан масъалаҳои ҳаракати аъзои ҳизб, риояи талаботи Оинномаи ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҳисобот қаноатбахш арзёби гардид.

Дар фарҷом ба як қатор фаъолони ҳизб дар вазъияти тантанавӣ шаҳодатномаҳои ҳизбӣ супорида шуд.

Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”