Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

Фаъолияти хоҷагию истеҳсолии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар соли 2022 ҷамъбаст гардид

Фаъолияти хоҷагию истеҳсолии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” дар соли 2022 ҷамъбаст гардид
350

Чоп кардан

Санаи 4-ми январи соли 2023 дар КВД “Тоҷикаэронавигатсия”  ҷаласаи ҷамъбастӣ оид ба фаъолияти хоҷагию истеҳсолии корхона дар соли 2022 доир  гардид.

Директори генералии КВД “Тоҷикаэронавигатсия” Бегиҷонзода Л.Б. дар баромади худ оид ба иҷрои амру фармон ва дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва «Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Тоҷикистон то соли 2025», ки  самтҳои асосии фаъолият дар давраи ҳисоботӣ ба шумор мераванд, қайд намуда, корҳои муҳимӣ анҷомёфтаро таҳлилу баррасӣ намуд.

Маълум гардид, ки корхона аз ҳисоби хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ дар соли 2022 ҳамагуна пардохтҳои буҷети давлатиро пардохт намуда, дар ин самт мушкилӣ ба бор наовардааст.

Дар соли сипарӣ ба 69 068 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматрасониҳо пешкаш намудааст, ки 26 659 адад, яъне 62,8% зиёдтар нисбат ба нишондоди ҳамин фосилаи соли 2021 мебошад. Дар соли 2021 ба 42 399 адад киштиҳои ҳавопаймоӣ хизматрасонӣ гардида буд.

Ҳамзамон, болоравӣ дар самти парвозҳои транзитӣ дар маҷмӯъ ба андозаи 132,3% расидааст, ки он нишондоди хубро мемонад.  Дар ин давра теъдоди парвозҳои транзитӣ 23 371 ададро ташкил додааст, ки он 13 275 адад  зиёдтар нисбат ба ҳамин фосилаи соли 2021 мебошад.

 

Дараҷаи салоҳияти нишондодҳои пешгӯии маълумотҳои метеорологӣ, ки тибқи низоми “TAF” корбари мегарданд, дар мвҷмӯъ дар давоми соли 2021 беш аз 93,8 %-ро ташкил намудааст, ки ин нишондиҳандаи хуб ба ҳисоб меравад. Таҳлилҳо нишон доданд, ки солҳои қаблӣ аз ҳисоби нуқсонҳои истеҳсолӣ дар самти таҳияии иттилооти метерологӣ мушкилиҳои зиёд ба бор меомад. Пас аз омӯзишу таҳлили бомаромӣ ин масъала аз ҷониби роҳбарияти корхона бо ҷалби мутахассисони Пажӯҳишгоҳи радарии “ИРАМ”-и Федератсияи Россия барномаи пешрафтаи муосири “МетеоЭксперт” бо тамоми таҷҳизоти марбут харидорӣ гардида, насб ва ба истифода супорида шуд.

Дар давоми фосилаи таҳлилӣ ҷиҳати баланд бардоштани малакаи касбии авиатсионии кормандони КВД “Тоҷикаэронавигатсия” аз самтҳои мухталифи сохторҳои корхона мутахассисон баҳри гузаштани такмили ихтисос ба янчанд давлатҳои хориҷӣ сафарбар гардида, соҳиби сертификат шуданд, ки он самараи хубе дар раванди корбарӣ додааст.

Илова ба он, доир ба дигар корҳои муҳими корхона дар самти дурнамои нишондиҳандаҳои воқеии рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҷалби сармояи грантӣ, татбиқи барномаи табдили мамлакат ба кишвари транзитӣ, васлу насби дизел генераторҳо ҷиҳати таъмини барқи кафолатӣ дар объектҳои мухталиф, ташкилу татбиқи корҳо ҷиҳати эътимотнокии алоқа, таъмиру азнавсозии биноҳои корӣ ва дигар корҳои ба сомон расида  муҳокимаронӣ гардид.

Дар фарҷоми ҷаласаи корӣ миёни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта вазифаҳо баро соли 2023 гузошта шуданд.

Маркази матбуоти

КВД “Тоҷикаэронавигатсия”