ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Ширкатҳои “Shohin Airlines” ва “Turkish Airlines” Ёддошти тафоҳумро имзо намуданд, ки ҳуҷҷати мазкур таъмини дастгирии ҳамаҷонибаи техникии ширкати “Turkish Technic” ва омӯзиши махсус барои кормандони ширкати “Shohin Airlines” дар Академияи парвозҳои ширкати “Turkish Airlines”-ро дар бар мегирад.
***
Бо мақсади татбиқи системаи фароғатӣ ҳангоми парвоз дар ҳашт адад ҳавопаймои нави Boeing 737 MAX 8, ширкати “Somon Air” бо ширкати “Moment” созишнома имзо намуд. Парки “Somon Air” айни замон пурра аз ҳавопаймоҳои оилавии Boeing 737 иборат буда, қаблан ҳавопаймоҳо бо системаҳои фароғатӣ дар парвоз муҷаҳҳаз нашуда буданд.
***
Тибқи фармони нав шаҳрвандони Ветнам то 15 октябри соли 2027 имкони сафар бидуни раводид ба Федератсияи Россия дар муддати на бештар аз 30 рӯзро доранд.
***
Ширкати “Etihad Airways” ҳамаи парвозҳо миёни Абу-Дабӣ ва Риёз то 19 октябр ва ширкати “Gulf Air” парвозҳо ба Риёз то 17 октябри соли ҷорӣ лағв намуданд.
***
Ширкати “Avolon Holdings” аз ширкатҳои “Airbus” ва “Boeing” 250 адад ҳавопаймои насли ояндаро ба маблағи тақрибан 46,7 миллиард доллари ИМА харидорӣ менамояд.
***
Ширкати “flydubai” парвозҳои боркашониро дар масири Дубай-Алмаато-Дубай оғоз намуд, ки парвозҳои боркашонӣ дар ин масир ҳафтае як маротиба бо истифода аз ҳавопаймоҳои Boeing 737 анҷом дода мешаванд.
***
Дар фурудгоҳи байналмилалии Ню-Йорк системаи гумрук ва ҳифзи сарҳад қатъ гардида, чораҳо барои бартараф намудани он сафарбар шудаанд.
***
Федератсияи Россия ва Куба имкони оғози парвозҳои мустақимро миёни ду кишвар баррасӣ намуданд.
***
Бо мақсади таҳияи турбогенератор барои ҳавопаймои ES-36 ширкати “Heart Aerospace” аз Идораи федералии авиатсонии ИМА 2,9 миллион доллари ИМА грант ба даст овард.
***
Ширкати “Vietjet” парвозҳоро дар хатсайрҳои пайвасткунандаи Ҳаной бо Алмаато ва Прага роҳандозӣ менамояд, ки парвозҳои нав байни Ҷумҳурии Чех ва Ҳаной аввалин пайвастагии ширкати ҳавопаймоӣ бо Иттиҳоди Аврупо мебошанд.
***
Тибқи изҳороти мақомоти танзимкунандаи Федератсияи Россия ҳавопаймои Яковлев MS-21-310 ҳанӯз беш аз нисфи парвозҳои сертификатсияшудаи худро анҷом надодааст.
***
7 октябри соли 2026, ширкати “LOT Polish Airlines” парвозҳои мунтазамро дар масири Варшава-Бангкок, ки моҳи марти соли 2000 қатъ шуда буданд, барқарор намуд.
***
(Манбаъ: Your.tj, Aviation Explorer, Flight Global, Airways Magazine)


































