Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ТАҒЙИРОТ БА КОНВЕНСИЯ ОИД БА АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ҚАБУЛ НАМУД

МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОН ТАҒЙИРОТ БА КОНВЕНСИЯ ОИД БА АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ БАЙНАЛМИЛАЛИРО ҚАБУЛ НАМУД
24

Чоп кардан

7 октябр таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзалӣ Идизода ҷаласаи навбатии иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид. Дар иҷлосия, аз ҷумла протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 50 (а) ва 56-уми Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ баррасӣ гардида,  оид ба он қарори дахлдор қабул карда шуд. Дар ин хусус КВД «Тоҷикаэронавигатсия» бо истинод ба АМИТ «Ховар» итттилоъ медиҳад.

Зимни пешниҳоди протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 50 (а) ва 56-уми Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иброз намуд, ки протоколҳо дар бораи ворид намудани тағйирот ба моддаҳои 50 (а) ва 56-уми Конвенсия оид ба авиатсияи граждании байналмилалӣ 6 октябри соли 2016 дар шаҳри Монреал зимни баргузории ҷаласаи 39-уми Ассамблеяи Ташкилоти байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд.

Мақсади асосии қабули протоколҳои мазкур такмили сохтори идоракунии ICAO, баланд бардоштани сатҳи намояндагии давлатҳои аъзо ва мутобиқ намудани фаъолияти мақомоти асосии ташкилот ба рушди босуръати соҳаи авиатсияи граждании байналмилалӣ мебошад.

Тибқи тағйироти пешниҳодшуда ба моддаи 50 (а) шумораи аъзои Шурои ICAO аз 36 то 40 давлат зиёд карда мешавад.

Зарурати қабули тағйироти мазкур ба он вобаста аст, ки аз замони охирини таҷдиди ҳайати Шуро дар соли 1990 шумораи давлатҳои иштирокчии Конвенсияи Чикаго ба таври назаррас афзоиш ёфта, ҳоло зиёда аз 190 давлатро дар бар мегирад. Дар чунин шароит нигоҳ доштани тавозуни муносиби минтақавӣ ва таъмини иштироки васеи давлатҳо дар раванди қабули қарорҳо аҳаммияти махсус касб менамояд.

«Афзоиши ҳайати Шуро ба таъмини намояндагии мутавозини минтақаҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла давлатҳои рӯ ба рушд ва кишварҳое, ки соҳаи авиатсияи онҳо босуръат рушд менамояд, равона гардида, ин иқдом ба баланд гардидани шаффофият ва самаранокии фаъолияти Шурои ICAO мусоидат менамояд.

Тибқи тағйироти ба моддаи 56 пешниҳодшуда шумораи аъзои Комиссияи аэронавигатсионии ICAO аз 19 то 21 нафар зиёд карда мешавад», — афзуд Ҳабибулло Назарзода.

Гуфт шуд, ки бо назардошти рушди босуръати технологияҳо ва мураккаб гардидани муносибатҳои техникию ҳуқуқӣ дар соҳаи авиатсияи граждании байналмилалӣ ҷалби шумораи бештари мутахассисони баландихтисос барои таҳия ва такмили стандартҳо ва амалияи тавсияшавандаи байналмилалӣ ниҳоят муҳим арзёбӣ мегардад.

Афзоиши ҳайати Комиссияи аэронавигатсионӣ имкон медиҳад, ки таҷриба ва донишҳои касбии коршиносон аз давлатҳои дигар бештар истифода гардида, сифати таҳияи стандартҳои байналмилалии авиатсионӣ боз ҳам беҳтар карда шавад.

Илова бар ин, иштироки васеи давлатҳо дар фаъолияти мақомоти техникии ICAO ба онҳо имконият медиҳад, ки дар раванди таҳия ва такмили санадҳои байналмилалии соҳа фаъол бошанд.

«Қабули ин протокол ба манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгӯ  буда, ба таҳкими ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, баланд бардоштани сатҳи иштироки давлатҳо дар фаъолияти ICAO ва такмили низоми байналмилалии амнияти авиатсионӣ мусоидат менамояд»,-таъкид намуд Ҳабибулло Назарзода.