ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
Бо мақсади пешгирии хатарҳои вобаста ба молҳои хатарноки эъломиянашуда ё нодуруст эъломияшуда ҳангоми интиқоли борҳои ҳавоӣ, Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) даъват намуд, ки чораҳои пешгирикунанда ва ҳамоҳангшуда андешида шаванд.
***
Дар 21-умин Симпозиуми Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO), ки дар шаҳри Монреал баргузор гардид, беш аз 600 намояндаи ҳукуматҳо ва роҳбарони соҳа аз 70 кишвар ва ҳафт созмони байналмилалӣ масъалаи ҳарчи зудтар ҷорӣ намудани низоми рақамии муайянкунии шахсият ҳангоми убури сарҳадро баррасӣ карданд. Тибқи гузоришҳо, ин низом аллакай дар фурудгоҳҳои ҷаҳон татбиқ шуда, ба баланд бардоштани самаранокии фаъолият, рушди иқтисодӣ ва беҳтар гардидани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон мусоидат мекунад.
***
Хадамоти аэронавигатсионии Арабистони Саудӣ (SANS) дар доираи Барномаи аккредитатсияи экологии GreenATM-и CANSO соҳиби аккредитатсияи сатҳи 2 гардид.
***
Дар пайи ошкор шудани хатои нармафзор дар ҳавопаймои Boeing, Идораи федералии авиатсияи ИМА (FAA) раванди сертификатсияи ҳавопаймои Boeing 737 MAX 10-ро боздошт.
***
Тибқи қонуни нави Сенати ИМА оид ба навсозии фазои ҳавоӣ, барои таҷдиди низомҳои идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ҷудо намудани 30 миллиард доллари ИМА пешбинӣ шудааст.
***
Бонки «Lesha Bank»-и Қатар беш аз 30 ҳавопаймои ширкати «Avolon», аз ҷумла ҳавопаймоҳои Airbus A350 ва A330-ро харидорӣ намуд.
***
Олимони Федератсияи Россия усули истеҳсоли биокеросини аз ҷиҳати экологӣ тозаро бо истифода аз гардчӯба ва пӯчоқи офтобпараст таҳия намуданд. Санҷишҳо нишон доданд, ки сӯзишвории нав ба стандартҳои экологии Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) мувофиқат мекунад. Бартарии асосии он коҳиш додани партовҳои зараровар ва сатҳи садо мебошад.
***
Ширкати «FTAI» аз ширкати ҳавопаймоии «WestJet» 27 ҳавопаймои кӯҳнаи Boeing 737-ро харидорӣ намуд.
***
Фурудгоҳи Махачқалъа бо низоми муайянкунии биометрии «Взор» муҷаҳҳаз гардид. Он аввалин маркази ҳавоӣ дар Федератсияи Россия мебошад, ки аз ин технология истифода мебарад.
***
Ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Lufthansa», ки аз Франкфурти Майн ба Лиссабон парвоз мекард, дар пайи сар задани сӯхтор дар таҷҳизоти барқтаъминкунандаи сайёр (пауэрбонк) маҷбур шуд дар шаҳри Лион фуруд ояд.
***
Бо мақсади рафъи мушкилоти коркарди бағоҷ дар фурудгоҳи Суварнабхуми, ки боиси 4–6 соат интизории мусофирон гардид, ширкати ҳавопаймоии «Thai Airways» кормандони низомиро сафарбар намуд. Боришоти шадид ва обхезӣ боиси халалдор шудани раванди коркарди бағоҷ дар фурудгоҳ гардиданд.
***
Канада ва Ветнам ба мувофиқа расиданд, ки ҳамкориҳоро ҷиҳати роҳандозии парвозҳои мусофирбар миёни ду кишвар ба роҳ монанд.
***
Аз 28 сентябри соли 2026, хизматрасонии Wi-Fi аз ширкати “Starlink” дар ҳавопаймои A320neo-и ширкати “SWISS” дастрас гардид.
***
(Манбаъ: CANSO, IATA, Aviation Explorer, Flight Global, FL360aero, Airways Magazine)


































