САФАРИ РАСМӢ БА ҶУМҲУРИИ КОРЕЯ
16 сентябр дар шаҳри Сеул дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Корея мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея баргузор гардид.
Дар мулоқоти сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ли Ҷе Мён масоили таҳкиму тавсеа ва густариши муносибатҳои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.
Дар оғози мулоқот Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷониби Корея барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари расмӣ ва иштирок дар нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ – Ҷумҳурии Корея” изҳори сипос намуданд.
Тақвияти муносибатҳои дӯстона бо Ҷaумҳурии Корея аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии Тоҷикистон арзёбӣ гардида, пайвандҳои таърихӣ, муносибатҳои деринаи дӯстӣ ва арзишҳои инсондӯстии мардумони ду кишвар таъкид карда шуд.
Муколамаи фаъоли сатҳи олӣ ва баланди байнидавлатӣ омили таконбахши муносибатҳои гуногунҷанба миёни ду кишвари дӯст арзёбӣ гардид.
Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея заминаи муносиби ҳуқуқии робитаҳо фароҳам мебошад.
Таъкид гардид, ки дар робитаҳои ду кишвар авлавият ба бахшҳои тиҷорату иқтисод, сармоягузорӣ, саноат, энергетика, нақлиёту логистика, рақамикунонӣ, технология ва зеҳни сунъӣ, кишоварзӣ, муҳоҷирати корӣ, ҳифзи муҳити зист ва сайёҳӣ дода мешавад.
Иштироки фаъоли доираҳои соҳибкорӣ, ҷалби сармояи мустақим ва технологияҳои навини Ҷумҳурии Корея ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур шумурда шуд.
Аз баргузории Форуми нахустини маъданҳои муҳимми Тоҷикистону Корея дар шаҳри Сеул дар моҳи август ва муаррифии имкониятҳои сармоягузорӣ ба бахши коркарди захираҳои маъдании Тоҷикистон истиқбол карда шуд.
Иштироки фаъоли ниҳодҳои дахлдор ва сармоягузорони Корея дар амалисозии лоиҳаҳои стратегии Тоҷикистон ба манфиати кор дониста шуда, идомаи татбиқи марҳилаи сеюми лоиҳаи “Рушди деҳоти Тоҷикистон”, ки дар ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея шуруъ аз соли 2021 амалӣ мегардад, муҳим арзёбӣ гардид.
Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши Кореяро дар татбиқи барномаҳои иҷтимоӣ дар Тоҷикистон, омодасозии кадрҳои баландихтисос ва рушди зарфиятҳои инсонӣ тавассути барномаҳои таълимию академӣ ва ҷудо намудани квотаҳои давлатии таҳсилӣ ба шаҳрвандони мо муҳим донистанд.
Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки теъдоди ин бурсияҳо, бахусус дар соҳаҳои технологияҳои иттилоотӣ, зеҳни сунъӣ, тиб, авиатсия ва муҳандисӣ зиёд гардида, ба тавсеаи робитаҳои миёни ду кишвар дар соҳаи сайёҳӣ ва ташкили парвозҳои мустақим миёни Тоҷикистону Корея бартарӣ дода шавад.
Дастгирии молиявии лоиҳаи сохтмони бинои асосии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”, ҳамкорӣ дар доираи иқдоми муштараки кишварҳо ва ташаббуси ҷониби Корея - “Дурнамои шарикии Осиёи Марказӣ – Корея дар самти зеҳни сунъӣ, илм ва технология” ва рушду тавсеаи ҳамкорӣ бо Ҷумҳурии Корея дар бахши сайёҳӣ, бахусус дар самти рушди инфрасохтори соҳа, аз мавзуҳои муҳими мулоқоту музокироти сатҳи олӣ буд.
Зимни мулоқот ҳамчунин, тақвияти ҳамкорӣ дар самти мубориза бо пайомадҳои тағйирёбии иқлим, аз ҷумла обшавии босуръати пиряхҳо, татбиқи барномаҳои экологӣ ва ҳифзи гуногунии биологӣ ҳам баррасӣ шуд.
Дар ҷараёни музокирот мавзуъҳои алоҳидаи вобаста ба авзои минтақа ва ҷаҳон низ муҳокима гардид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми музокироти сатҳи олӣ аз Президенти Ҷумҳурии Корея муҳтарам Ли Ҷе Мён даъват намуданд, ки дар вақти барояшон муносиб ба Тоҷикистон ташриф биёранд.
Дар шаҳри Сеул аз руи натиҷаи мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Корея 15 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.
Аз қабили:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ ва ёрии миёниҳамдигарӣ дар фаъолияти гумрукӣ;
Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар самти ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ дар сарҳад;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Корея дар бораи ҳамкории ҳамаҷониба дар соҳаи моликияти зеҳнӣ;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба коррупсия миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Комиссияи зиддикоррупсионӣ ва ҳуқуқҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Корея;
- Ёддошти тафоҳум миёни Департаменти мониторинги молиявии Бонки миллии Тоҷикистон ва Воҳиди кашшофии молиявии Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи иттилоотии кашшофии молиявӣ дар бораи қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, ҷиноятҳои асосии ба он алоқаманд ва маблағгузории терроризм;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо, саноат ва захираҳои Ҷумҳурии Корея;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф ва омодасозии кадрҳо дар соҳаи наклиёт;
- Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи роҳи оҳан миёни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати замин, инфрасохтор ва нақлиёти Ҷумҳурии Корея;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ оид ба барқарорсозии рақамии ҷангалҳо ва амалиёти иқлимӣ миёни Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти ҷангали Ҷумҳурии Корея;
- Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ дар соҳаи содирот миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии рушди тиҷорат ва сармоягузории Корея (KOTRA);
- Созишномаи ҳамкории техникӣ миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии бехатарии меҳнат ва саломатии Корея;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Корпоратсияи энергетикии Корея (KEPCO) оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика;
- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудирияти кадрҳои Ҷумҳурии Корея;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Точикистон ва Агентии миллии Политсияи Ҷумҳурии Корея оид ба ҳамкорӣ.
16 сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Сеул дар Ҳамоиши иқтисодию тиҷоратии муштараки Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Корея, сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва доираи васеи соҳибкорону сармоягузорони ин кишварҳо иштирок доштанд.
Зимни суханронӣ дар кори ҳамоиш Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ин чорабинӣ барои муайян кардани роҳҳои татбиқи ҳадафҳои нишасти якуми Сарони давлатҳо дар қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея” заминаи мусоид фароҳам месозад.
Гуфта шуд, ки ҳамоиши “Ҳамкорӣ ва шарикии Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Корея баҳри пешбурди инноватсия, шукуфоӣ ва пайвастагӣ” метавонад барои ояндаи устувор тавассути ҳамкории судманд ва эҷоди фазои эҳтирому боварӣ замина фароҳам орад.
Роҳбари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қолаби “Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея”-ро заминаи муҳими ҳамкорӣ ва ҷавобгӯи барномаҳои рушди миллӣ ва манфиатҳои мардумони кишварҳо номиданд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати рушди соҳаҳои стратегӣ, бахусус энергетика, нақлиёту коммуникатсия, саноат, рақамикунонӣ, кишоварзӣ ва сайёҳӣ чораҳои зарурӣ меандешад.
Аз ҷумла, тайи солҳои охир барои таҳкими устувории макроиқтисодӣ, рушди бахши хусусӣ, дастгирии соҳибкорӣ, рақамикунонӣ ва татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ ислоҳоти фарогир амалӣ гардид.
Гуфта шуд, ки қонунгузории кишвари мо барои сармоягузорон беш аз 240 номгӯи кафолату имтиёзҳо, аз ҷумла зиёда аз 110 сабукиҳои андозиву гумрукиро муқаррар намудааст.
Ба таъкиди муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон узвияти Тоҷикистон дар Созмони тиҷорати ҷаҳонӣ (WTO) далели мутобиқати қонунҳои мо ба меъёрҳои байналмилалӣ дар ин ҷода мебошад.
Зимни суханронӣ дар ҳамоиши иқтисодию тиҷоратӣ Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкониятҳои сармоягузорӣ, зарфиятҳои бузурги гидроэнергетикӣ ва захираҳои табиӣ, аз ҷумла энергияи “сабз”, саноат, кишоварзӣ, нассоҷӣ, нақлиёт, сайёҳӣ, бонкдорӣ ва молияро муаррифӣ намуданд.
Изҳор гардид, ки ин самтҳои ҳамкорӣ мавриди алоқамандии доираҳои соҳибкорӣ ва сармоягузорони Ҷумҳурии Корея қарор хоҳанд гирифт.
Дар фарҷом, Президенти кишвари мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон омодагии ҷониби Тоҷикистонро ба амалисозии мувофиқаҳои дар доираи нишастҳои имрӯза ҳосилшуда, ки дар шакли Баёнияи муштарак қабул мегарданд, иброз доштанд.
17 сентябр дар доираи сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Корея Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Донишгоҳи Корея бо устодону донишҷӯён мулоқоти самимӣ анҷом доданд.
Дар оғози мулоқот бо қарори Шурои илмии Донишгоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо унвони Доктори фахрӣ сарфароз гардонда шуданд.
Зимни суханронӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарият ва Шурои илмии Донишгоҳ барои ба ин унвони баланд сазовор донистанашон изҳори сипос намуданд.
“Ман ин тасмимро боз як таъкиди алоқамандии ду кишвар ба рушду густариши муносибатҳои дӯстона, ҳамчунин, арзишҳои муштараки илмӣ ва фарҳангии миллатҳои куҳантаърихи мо медонам”, - изҳор доштанд Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид гардид, ки илму маърифат, адабиёт ва саъю талош ба сӯйи дониш тайи ҳазорсолаҳо таҳкурсии ташаккули тамаддуни бостонии миллати тоҷикро ташкил додааст. Маҳз ба шарофати ҳамин мардуми тоҷик ба ҷаҳониён мутафаккирони барҷастаеро эҳдо кардааст, ки осори онҳо дар тӯли асрҳои зиёд таконбахши пешрафти илму фарҳанги ҳам Шарқу ҳам Ғарб гардидааст.
Гуфта шуд, ки ниёгони мо бо мероси адабиву фалсафӣ ва кашфиёти илмии худ дар самти илмҳои дақиқ, аз ҷумла риёзӣ, нуҷум, табиатшиносӣ, тиб, кимиё, ҷуғрофиё, зироату обёрӣ ва меъморӣ дар рушди тамаддуни башарӣ саҳми назаррас гузоштаанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ташаккули шароити мусоиди илмиву таълимӣ дар кишвар андешаронӣ намуданд.
Аз ҷумла, таъкид шуд, ки дар заминаи тадбирҳои дар ин самт амалишуда дар 35 соли истиқлол теъдоди мактабҳои олӣ дар кишвари мо аз 13 то ба 51 ва шумораи донишҷӯён дар онҳо аз ҳафтод ҳазор то ба 230 ҳазор нафар расидааст.
Роҳбари давлат изҳор доштанд, ки мо ҳамеша барои ҷавонон ҷиҳати таҳсилу касбомӯзӣ дар хориҷи кишвар шароиту имконоти зарурӣ муҳайё месозем. Ҳоло зиёда аз 40 ҳазор ҷавони Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии қариб 50 кишвари дунё, ба шумули Ҷумҳурии Корея машғули омӯхтани илму дониш ва касбҳои муосир мебошанд.
“Мо ҳавасманди идомаи ҳамкорӣ бо Донишгоҳи Корея ва дигар муассисаҳои таҳсилоти олии кишвари шумо, ҳамчунин, таҳкиму густариши табодули академӣ, татбиқи лоиҳаҳои муштараки илмӣ ва таҳқиқотӣ ҳастем”, - иброз доштанд Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Зимни суханронӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, доир ба марҳалаҳои асосии рушди сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва раванди густариши робитаҳои дӯстиву ҳамкории судманди кишвари мо бо Ҷумҳурии Корея андешаронӣ намуданд.
Гуфта шуд, ки кишварҳои моро анъанаҳои неки ҳамёрӣ, ки бар пояи усулҳои хайрхоҳӣ ба якдигар, ҳусни тафоҳум, эҳтироми ҳамдигар ва эътимод бунёд ёфтаанд, ба ҳам мепайванданд. Соли оянда мо 35-солагии барқарории робитаҳои дипломатии кишварҳоямонро ҷашн мегирем.
Дар ин зимн, нақши Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOIKA) дар тақвияту тавсеаи пайгиронаи равандҳои ҷории шарикии кишварҳоямон таъкид гардид.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкиму тавсеаи робитаҳои фарҳангиву гуманитарӣ, бахусус дар самти рушди захираҳои инсонӣ ва тандурустиро аз масъалаҳои муҳими муносибатҳои ду кишвар номиданд.
Таъкид гардид, ки мо ба тавсеаи ҳамкориҳоямон бо кишвари шумо дар соҳаи таҳсилоти олӣ ва табодули академӣ аҳаммияти хос медиҳем.
Зикр карда шуд, ки ҷониби Кореяи дӯст ҳамасола барои таҳсили ҷавонони Тоҷикистон дар донишгоҳҳои худ бурсияҳои таълимӣ ва грантҳо ҷудо мекунад. Ҳоло дар Ҷумҳурии Корея аз кишвари мо беш аз 350 нафар донишҷӯ, аз ҷумла дар Донишгоҳи Корея, таҳсил менамояд ва шумораи хоҳишмандони таҳсил дар донишгоҳҳои ин кишвари дӯст сол ба сол дар ҳоли афзоиш қарор дорад.
Таъсиси марказҳои омӯзиши забони кореягӣ дар ҳашт донишгоҳи Тоҷикистон ва роҳандозии робитаҳои мустақими ҳамкорӣ миёни муассисаҳои таҳсилоти олии ду кишвар аз дастовардҳои муҳимми солҳои охир дар ин самт арзёбӣ гардид.
Дар фароварди сухан Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки густариши минбаъдаи ҳамкорӣ миёни кишварҳои мо дар соҳаҳои илму маориф барои тарбияи насли нави мутахассисони дар шароити муосир рақобатпазир пояҳои устувор мегузорад.
Дар саҳни Донишгоҳи Корея Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо як гуруҳ ҷавонони хуштолеъи даврони истиқлол, ки дар донишгоҳҳои Корея таҳсили илм доранд, суҳбати самимӣ доир намуданд.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон онҳоро ба истифодаи самараноки имконияти илмомӯзӣ, аз худ кардани забонҳои хориҷӣ ва риояи одобу интизоми баланд ҳидоят намуданд.


































