ТАБРИКОТИ ДИРЕКТОРИ ГЕНЕРАЛИИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» БЕГИҶОНЗОДА ЛОИҚ БЕГИҶОН БА МУНОСИБАТИ 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҳамдиёрони гиромӣ!
Ҳамкорони арҷманд!
Бо камоли эҳтиром ва самимияти беандоза фарорасии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла кормандони соҳаи авиатсияи гражданӣ ва ҳайати кормандони КВД «Тоҷикаэронавигатсия» самимона табрик мегӯям.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик бузургтарин дастоварди таърихӣ ва заминаи асосии таҳкими давлатдории миллӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ, рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафти кишвар ба ҳисоб меравад. Дар давоми солҳои соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳи пурифтихори созандагиро тай намуда, дар арсаи байналмилалӣ ҷойгоҳи шоистаи худро пайдо кард.
Имрӯз Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибистиқлол дар самти рушди инфрасохтори муосир, таҳкими робитаҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкориҳои иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор мегузорад. Соҳаи авиатсияи гражданӣ низ ҳамчун яке аз бахшҳои муҳими иқтисоди миллӣ дар ин раванд нақши назаррас дорад.
КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамчун сохтори муҳими соҳаи авиатсияи граждании кишвар бо фаъолияти масъулиятноки мутахассисони соҳибтаҷриба дар таъмини бехатарӣ ва самаранокии ҳаракати ҳавоӣ саҳми арзандаи худро дар рушди соҳа ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон ҳамчун кишвари дорои низоми муосири хизматрасонии аэронавигатсионӣ мегузорад.
Бо истифода аз фурсати муносиб, ба тамоми мардуми Тоҷикистон сулҳу суботи пойдор, ваҳдати миллӣ, зиндагии шоиста, саломатӣ, саодати рӯзгор ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлол пешрафту шукуфоии рӯзафзун орзу менамоям.
Ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бод!
Бо эҳтиром, Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон
директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия»


































