АВИАТСИЯИ ГРАЖДАНИИ ТОҶИКИСТОН: РОҲИ ТАЪРИХӢ, РУШДИ УСТУВОР ВА УФУҚҲОИ НАВ
3 сентябр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Рӯзи авиатсияи гражданӣ таҷлил мегардад. Ин сана барои аҳли соҳаи авиатсия танҳо як рӯзи касбӣ набуда, бозгӯи таърихи пуршараф, роҳи тайкардаи соҳа ва саҳми он дар рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба ҳисоб меравад.
Таърихи авиатсияи граждании Тоҷикистон ба 3 сентябри соли 1924 пайванд дорад. Дар ин рӯз аввалин ҳавопаймо ба Душанбе парвоз анҷом дода, оғози марҳилаи нави истифодаи нақлиёти ҳавоӣ дар қаламрави Тоҷикистонро гузошт. Аз ҳамон рӯзҳо то ба имрӯз авиатсияи мамлакат роҳи тӯлонии рушду такмилро тай намуда, аз парвозҳои ҳавопаймоҳои хурд то истифодаи техникаи муосири ҳавоӣ ва низомҳои пешрафтаи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ расидааст.
Дар даҳсолаҳои минбаъда бо таъсиси сохторҳои авиатсионӣ, бунёди фурудгоҳҳо ва васеъ гардидани хатсайрҳои ҳавоӣ соҳа тадриҷан рушд кард. Ба Тоҷикистон ҳавопаймоҳои нав ворид шуда, имкониятҳои ҳамлу нақли мусофирон ва борҳо афзоиш ёфтанд. Хатсайрҳои ҳавоӣ ҷумҳуриро бо шаҳрҳои гуногуни Иттиҳоди Шӯравӣ пайваст намуда, авиатсия ба яке аз воситаҳои муҳими иртиботӣ табдил ёфт.
Марҳилаи муҳимтарини рушди соҳа ба даврони Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рост меояд. Истиқлол барои кишвар имконият фароҳам овард, ки соҳаҳои мухталиф дар асоси манфиатҳои миллӣ ва талаботи замони муосир рушд намоянд. Авиатсияи гражданӣ низ дар ин давра ба марҳилаи нави рушд ворид шуда, инфрасохтори фурудгоҳӣ, воситаҳои алоқа ва навигатсионӣ, низомҳои назорати ҳаракати ҳавоӣ ва дигар самтҳои муҳими соҳа ба таври назаррас такмил ёфтанд.
Имрӯз дар кишвар инфрасохтори авиатсионӣ дорои имкониятҳои муосир буда, фурудгоҳҳои байналмилалии Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб ва Бохтар барои қабули ҳавопаймоҳои гуногун ва хизматрасонӣ ба мусофирон фаъолият менамоянд. Дар баробари рушди инфрасохтори фурудгоҳҳо, такмили низоми идоракунии ҳаракати ҳавоӣ низ яке аз самтҳои муҳими сиёсати давлатӣ дар соҳаи авиатсия ба ҳисоб меравад.
Дар ин раванд нақши аэронавигатсия, ки бевосита ба бехатарӣ, самаранокии ҳаракати ҳавоӣ иртибот дорад, ниҳоят муҳим мебошад. КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамчун сохтори соҳавӣ барои таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти худро бо истифода аз технологияҳои муосир ва мутобиқ ба талаботи байналмилалӣ ба роҳ мондааст.
Имрӯз идоракунии ҳаракати ҳавоӣ танҳо назорати парвозҳо нест. Ин маҷмӯи мураккаби равандҳоест, ки ҳамоҳангсозии доимии ҳайати касбӣ, таҷҳизоти навигатсионӣ, воситаҳои алоқа, системаҳои назорат ва дигар унсурҳои инфрасохтори аэронавигатсиониро тақозо менамояд. Дар паси ҳар парвози бехатар меҳнати шабонарӯзии мутахассисоне қарор дорад, ки масъулияти бузурги ҳифзи ҷони ҳазорон мусофирон ва ҳайати ҳавопаймоҳоро бар дӯш доранд.
Бо дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи сиёсати созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи авиатсияи граждании мамлакат дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба марҳилаи нави рушд расид. Бунёд ва навсозии иншооти авиатсионӣ, ҷорӣ намудани технологияҳои муосир, такмили заминаи техникӣ ва баланд бардоштани сатҳи касбии мутахассисон барои ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани соҳа заминаи устувор гузоштанд.
Яке аз дастовардҳои муҳим дар ин самт рушди инфрасохтори аэронавигатсионӣ мебошад. Ба истифода додани иншооти муосир, аз ҷумла Манораи назорати ҳаракати ҳавоӣ дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, барои баланд бардоштани сатҳи идоракунии ҳаракати ҳавоӣ ва таъмини бехатарии парвозҳо имкониятҳои бештар фароҳам овард.
Тайи солҳои истиқлол ҷуғрофиёи парвозҳо аз Тоҷикистон васеъ гардида, робитаҳои ҳавоӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон таҳким ёфтанд. Ин раванд ба рушди сайёҳӣ, тиҷорат, робитаҳои иқтисодиву фарҳангӣ ва таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар фазои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Имрӯз, ки кишвар ба сӯи ҳадафҳои нави созанда қадам мегузорад, рушди минбаъдаи авиатсияи гражданӣ низ аз ҷумлаи самтҳои муҳими пешрафти иқтисоди миллӣ мебошад. Баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, татбиқи технологияҳои рақамӣ, таҷдиди инфрасохтор ва омода намудани мутахассисони баландихтисос аз омилҳои асосии рушди устувори соҳа ба шумор мераванд.
Рӯзи авиатсияи гражданӣ ҳамзамон рӯзи эҳтиром ба намояндагони касбҳои гуногуни соҳа – халабонҳо, танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ, муҳандисон, мутахассисони техникӣ, кормандони фурудгоҳҳо ва дигар кормандони соҳаи авиатсия мебошад, ки фаъолияти онҳо бо масъулият, дақиқкорӣ ва садоқат ба касб пайваст аст.
Ин сана моро водор месозад, ки роҳи тайкардаи авиатсияи граждании Тоҷикистонро бо эҳтиром ёд намуда, ба ояндаи он бо эътимод назар кунем. Зеро ҳар қадами нави соҳа идомаи ҳамон роҳи таърихист, ки беш аз як аср пеш бо нахустин парвози ҳавопаймо ба Душанбе оғоз гардида буд.
Ба ҳамаи кормандон ва собиқадорони соҳаи авиатсияи гражданӣ саломатӣ, саодати рӯзгор, неруи тоза, барору комёбӣ ва дар фаъолияти пурмасъулияташон парвозҳои бехатару осмони соф орзумандем.
Осмони софу парвозҳои бехатар – ҳамеша ҳамсафари авиатсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол бод!Рӯзи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон муборак бошад!
Кароматулло Саидов
Сардори РКвам КВД «Тоҷикаэронавигатсия»


































