ОҒОЗИ САФАРИ КОРӢ БА ШАҲРИ РОҒУН
20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади ифтитоҳи як қатор иншооти ҷашнӣ, мулоқот бо сокинон ва шиносоӣ бо раванди корҳои созандагӣ, ба хусус бо рафти бунёди иншооти бузурги аср – неругоҳи Роғун, ба шаҳри Роғун ташриф оварданд.
Дар фурудгоҳи муваққатии шаҳри Роғун Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро раиси шаҳри Роғун ва фаъолон бо эҳтирому самимияти беандоза пешвоз гирифтанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Роғун бинои нави Прокуратураро ифтитоҳ намуданд.
Дар бинои нав 10 ҳуҷраи корӣ, китобхона, толори маҷлисӣ бо 40 ҷойи нишаст, ошхона, толор барои варзиш ва дигар утоқҳои ёрирасон мавҷуд аст.
Дар баробари таъмини шароити корӣ, ҳамчунин, дар иншоот ҳуҷраҳои зист низ барои кормандон муҳайё гардидааст.
Сохтмони бино бо сифати баланд ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир бунёд ёфтааст.
Бинои нави хизматӣ туҳфаи арзишманди Ҳукумати кишвар ба истиқболи сазовори ҷашни бузургу пуршукуҳи миллӣ - 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои кормандони прокуратура арзёбӣ гардид.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо шароити муҳайёгардида дар бинои прокуратура ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд доданд.
Зимни суҳбат бо масъулин Пешвои миллат барои тақвият бахшидани фаъолият, назорати риояи қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ ба кормандон дастуру тавсияҳо доданд.
Талаб карда шуд, ки кормандони мақомоти прокуратура бояд вазифаҳои хизматии худро содиқонаву софдилона дар назди Ватан ва мардум иҷро намоянд.
Мавриди зикр аст, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ барои беҳтар намудани шароити фаъолият ва мукаммалсозии инфрасохтор ба кормандони прокуратура дар шаҳру ноҳияҳои кишвар иншооти хуштарҳу замонавии хизматӣ ва истиқоматӣ ба истифода дода мешавад.
20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Роғун бинои нави нозироти андози шаҳрро ифтитоҳ намуданд.
Зимни шиносоӣ ба Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар иншооти нав барои фаъолияти самараноки кормандони мақомоти андоз инфрасохтори зарурӣ муҳайё гардидааст.
Бинои нави нозироти андоз аз 10 ҳуҷраи корӣ, компютерӣ, машваратӣ, толори калони маҷлис бо 80 ҷойи нишаст, маркази хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, инчунин китобхона, бойгонӣ, ҳуҷраҳои таҷҳизоти зиддисухтор ва техникӣ иборат аст.
Тавре аён гардид, дар бинои нозироти андоз барои беҳсозии фаъолияти кормандон ва ворид кардани технологияҳои рақамӣ шароити корӣ фароҳам гардидааст.
Иттилоъ дода шуд, ки мавриди истифодабарӣ қарор гирифтани бинои наву муосири мақомоти андоз ба рушди инфрасохтори мақомоти мазкур нигаронида шуда, дар самти татбиқи ислоҳоти соҳа, гузариш ба низоми муосири идоракунӣ ва рақамикунонии хизматрасониҳо ба аҳолӣ мусоидат хоҳад кард.
Бинои нави нозироти андоз дар шаҳри Роғун дар доираи сиёсати созандагии Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи истиқболи сазовори ҷашни бузурги миллӣ 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтиттоҳ гардида, туҳфаи арзанда ба кормандони соҳа арзёбӣ гардид.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо шароити кор дар бинои нави Нозироти андоз ба сифати сохтмон баҳои баланд доданд.
20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Роғун ду иншооти дигарро ба таври фосилавӣ мавриди истифода қарор доданд.
Дар кӯчаи ба номи Олим Карими шаҳраки Оби Гарм бинои нави ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Осоишгоҳи асри 21 мавриди истифода қарор гирифт.
Иншооти нав дар шаҳраки Оби Гарм аз ҷониби соҳибкорони маҳаллӣ ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд гардидааст.
Бинои осоишгоҳ дорои ҳуҷраҳои табобатию истироҳатӣ, ҳавзҳои оби шифобахш, ошхона ва толори варзишӣ буда, барои қабули то 40 истироҳаткунанда дар як вақт пешбинӣ шудааст. Дар раванди сохтмон 21 нафар бо кори муваққатӣ таъмин гардиданд.
Дар деҳоти Қади Оби шаҳри Роғун бинои нави Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди шаҳр мавриди истифода қарор гирифт.
Бино дорои 9 ҳуҷраи корӣ, маҷлисгоҳ, ошхона ва 19 ҳуҷраи истироҳатӣ мебошад.
Ҳоло техникаи роҳнигоҳдорӣ тавассути GPS назорат шуда, дар ояндаи наздик муассиса ба низоми рақамӣ пайваст хоҳад гардид.
20 август Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун аз хобгоҳи бунёднамудаи Ҷамъияти Саҳҳомии Кушодаи Тоҷикгидроэлектромонтаж боздид намуданд.
Хобгоҳи нав дар асоси меъёрҳои сохтмонӣ бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити зисту истироҳати кормандони ширкат сохта шуда, дар он 84 ҳуҷраи хоб, мавҷуд мебошад.
Ҳуҷраҳои хобгоҳ бо лавозимоти зарурӣ таъмин карда шуда, барои кормандон шароити муосири истиқомат фароҳам гардидааст.
Бо мақсади таъмини бехатарӣ дар хобгоҳ камераҳои назоратӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ насб гардидааст.
Хобгоҳи нав дар мавзеи наздик ба қитъаи сохтмон ба сарфаи вақти кормандон мусоидат менамояд.
Дар ҳаминҷо ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамон лоиҳаи нави биноҳои иловагӣ, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон, ки дар оянда бунёд мегарданд, муаррифӣ карда шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳамаи биноҳо то охири сол сохта ба истифода дода мешаванд.
Таъкид гардид, ки бунёди чунин хобгоҳҳои наву замонавӣ, таъмини шароити арзанда ба кормандони ин иншооти азими аср дар асоси дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои кормандон ба роҳ монда шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҳайати муҳандисону бунёдкорон даъват намуданд, ки бо истифода аз шароиту имкониятҳои фароҳамшуда ба сифати сохтмон ва иҷрои саривақтии масъулияташон диққати баланд зоҳир намоянд.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар Неругоҳи Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Дар идомаи боздиди корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Неругоҳи Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар сарбанди ин иншооти бузурги гидроэнергетикӣ шинос шуданд.
Сарбанди Неругоҳи Роғун аз қисмҳои ядро, филтрҳои минтақаи гузариши дуюм ва сеюм, призмаи такядевори поёнӣ, призмаи такядевори болоӣ, борсангҳои биефи болоӣ ва поёнӣ иборат буда, баъди пурра ба анҷом расидан бо баландии 335 метр баландтарин сарбанди регусангӣ дар ҷаҳон хоҳад буд.
Бино ба иттилоъ паҳноии сарбанд дар поёни он 1800 метр, паҳноии он дар боло 612 метр, паҳноии тахтапушти сарбанд 20 метр ва ҳаҷми умумии маводи дар сарбанд хобонидашаванда 79 миллион метри мукаабро ташкил медиҳад.
Неруи тоза ва хастанопазири сохтмончиёну муҳандисон, садои баланди техникаву механизмҳои пуриқтидори муосир дар сарбанди неругоҳ шаҳодати он аст, ки дар ин корзори бесобиқа раванди корҳои сохтмонӣ лаҳзае қатъ намегардад.
Корҳои сохтмонӣ дар сарбанд дар навбати аввал то баландии 1050 метр аз сатҳи баҳр шуруъ гардида, таҳкурсии ядрои сарбанд аз бетони кубидашуда бо ҳаҷми 293 ҳазору 446 метри мукааб, сементатсияи мустаҳкамкунандаи таҳкурсии ядро бо шумораи 3 ҳазору 359 чоҳ, сементатсияи пардаи оббанд бо шумораи 125 чоҳ бо чуқуриҳои аз 44 то 149 метр ба анҷом расидааст.
Зимни мулоқоти қаблӣ бо муҳандисону бунёдкорони Неругоҳи Роғун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буданд, ки корҳои бардоштани сарбанд дар соли 2026 ба баландии 1155 метр аз сатҳи баҳр ва пуркунии обанборро то сатҳи 1140 метр расонида шавад.
Дар робита ба ин, ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки бунёди сарбанд тибқи дастур ва нақшаи кории тасдиқгардида ба роҳ монда шуда, сарбанди неругоҳ ба нуқтаи 1155 метр пеш аз муҳлат бардошта шуда, пуркунии обанбор дар муҳлатҳои наздик то ба сатҳи 1140 метр аз сатҳи баҳр расонида мешавад.
Неругоҳи Роғун, ки ҷавобгӯи талаботи стандартҳои экологӣ, техникӣ ва бехатарист, ифтихори миллати созандаи тоҷик буда, имшабу рӯзҳо ҳазорон фидоиёни роҳи дурахшони кишвар дар ин майдони корзор меҳнат мекунанд ва бо ғурури рустамона ҷиҳати дар фурсати муайян ба истифода додани ин иншооти гидроэнергетикӣ заҳмат мекашанд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин, аз баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр бо раванди корҳои сохтмонӣ дар назди баромадгоҳи нақби нақлиётии 9 ба суйи сарбанди неругоҳи Роғун шинос шуданд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки дар минтақаи сарбанди неругоҳи Роғун кор ба таври шабонарӯзӣ дар ду баст ба роҳ монда шуда, ҳамарӯза зиёда аз 160 техникаю механизми муосир ба он сафарбар гардидааст.
Зимни суҳбат бо кормандони муҳандисию техникии неругоҳ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар иҷрои корҳои сохтмонии сарбанд сифати кор ва риояи ҳатмии стандартҳои байналмилалӣ дар мадди аввал гузошта шавад, зеро рисолати ватандӯстона ва бунёдкоронае, ки имрӯз бо нангу номуси миллӣ ва иродаи шикастнопазир анҷом дода мешавад, барои садсолаҳо ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол пешбинӣ гардидааст.
Зимни боздид аз Неругоҳи Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ аз ҷараёни корҳо дар нақби нақлиётии 39 боздид намуданд.
Нақби нақлиётии 39 яке аз иншооти муҳимми Неругоҳи Роғун буда, барои таъмин намудани дастрасии нақлиёт аз соҳили рост ба қисмати поёнии маҷмааи неругоҳ, ҳам дар давраи сохтмон ва ҳам дар давраи истифодабарии неругоҳ пешбинӣ шудааст.
Тибқи маҷмӯи нақшаҳои корӣ дарозии трассаи асосии нақб 2 ҳазору 192 метрро ташкил медиҳад. Аз рӯи профили тӯлонӣ ва нақшаи умумӣ, нақб аз қисмати болоӣ дар сатҳи 1320 метр оғоз гардида, тадриҷан поён меравад ва ба қисмати поёнии неругоҳ дар сатҳи 1160 метр мерасад.
Дар ҳамин ҷо ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон, ҳамчунин, лоиҳаи нақби обпартои сатҳи болоӣ, ки дарозии он 953 метрро дар бар мегирад, муаррифӣ карда шуд.
Тибқи лоиҳа пайвастшавии нақби мошингарди 39 бо нақби 23 ва дигар коркардҳои зеризаминии маҷмаа ба назар гирифта шудааст.
Вазифаи асосии нақби нақлиётии Т-39 таъмин намудани роҳи мустақим ва боэътимоди нақлиётӣ байни соҳили рост ва иншооти қисми поёнии Неругоҳи Роғун, аз ҷумла барои интиқоли техника, таҷҳизот, мавод ва хизматрасонии иншоот дар давраи сохтмон ва давраи истифодабарии неругоҳ мебошад.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздиди корӣ аз Неругоҳи Роғун бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар обқабулкунаки асосӣ дар баландиҳои 1172 ва 1300 метр аз сатҳи баҳр шинос шуданд.
Вазифаи обқабулкунаки асосӣ вобаста ба сатҳи оби обанбор аз се зина ворид намудани об ба нақбҳои обрасон ва таъмини интиқоли боэътимоди он ба агрегатҳо мебошад. Ҳамзамон, ин иншоот барои мустаҳкам нигоҳ доштани қабати куҳпора ва пешгирӣ намудани кучиши ҷинсҳои куҳӣ баъди пур гардидани обанбор аҳамияти баланд дорад.
Низоми обрасонии неругоҳ низ ба талаботи баланди муҳандисӣ мутобиқ карда мешавад. Оби аз обанбор ба ҷониби агрегатҳо равонашаванда барои агрегатҳои рақами 3 ва 4 аз баландии 1152 метр ва барои агрегатҳои рақамҳои 1, 2, 5 ва 6 аз баландии 1172 метр аз сатҳи баҳр ба нақбҳои обрасон ворид мегардад.
Яке аз самтҳои муҳими корҳои сохтмонӣ дар соли равон ба хобонидани бетони конструктивӣ дар мавзеи даромадгоҳи нақбҳои обрасони рақамҳои 3 ва 4 марбут мебошад.
То 1 августи соли 2026 дар ин қитъа 10 ҳазору 367 метри мукааб бетон хобонида шудааст.
Ҷараёни босуръати корҳои сохтмонӣ дар обқабулкунаки асосӣ бозгуи сатҳи баланди корҳои муҳандисиву техникӣ ва истифодаи имкониятҳои муосири сохтмонӣ дар бунёди ин иншооти азими аср мебошад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо корҳои сохтмонӣ дар иншооти обқабулкунаки асосӣ ба коргарон дастур доданд, ки барои саривақт ва босифат ба анҷом расонидани марҳилаҳои пешбинишуда тадбирҳои зарурӣ амалӣ намоянд.
Боздиди кории Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сохтмони шахтаҳои дарвозаҳои таъмирӣ ва асосии обқабулкунаки доимӣ дар баландии 1300 метр аз сатҳи баҳр идома ёфт.
Сарвари давлат дар шахтаи рақами 4 бо мутахассисону коргарони ин қитъа, ки аксарияташон коргарони Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак мебошанд, суҳбати самимӣ анҷом доданд.
Зикр гардид, ки ҳоло дар неругоҳи Роғун зиёда аз 1500 мутахассиси Заводи таҷрибавии механикии шаҳри Норак фаъолияти пурсамар доранд.
Зимни муаррифӣ зикр гардид, ки техникаву механизмҳои пуриқтидори борбардор, боркаш ва худфарор бо як маротиба барқ пур кардан то 8 соат кор мекунад ва ин аввалин таҷрибаи судбахш барои сарфаи сузишворӣ дар иншоот мебошад.
Иттилоъ дода шуд, ки ҳоло дар қисмати болоӣ ва зеризаминии шахтаҳо корҳои арматурабандӣ ва бетонрезии конструктивӣ дар ду баст идома дорад.
Тибқи лоиҳа дар ин ҷо дар масоҳати умумии 2500 метри мураббаъ барои гидроагрегатҳои неругоҳ як роҳи мустақили обгузар, маҷмааи обқабулкунаки доимӣ бо 6 шахтаи дарвозаҳо сохта мешавад.
Дар асоси дурнамо барои бунёди шахтаҳои дарвозаҳои таъмирӣ ва асосии обқабулкунаки доимии неругоҳ 65 ҳазор метри мураббаъ бетон ва тақрибан 5,5 ҳазор тонна арматура истифода хоҳад шуд.
То ин вақт дар ин қитъа 33 фоизи корҳо иҷро гардидааст.
Баъди анҷоми сохтмони иншоот, шахтаҳо барои идора ва дар ҳолати зарурӣ пурра бастани нақби обрави зери фишори ҳар як гидроагрегат, таъмини имконияти азназаргузаронӣ, таъмири нақбҳо ва ҳифзи таҷҳизоти неругоҳ дар ҳолатҳои садамавӣ хизмат хоҳад кард.
Дар идомаи боздиди корӣ аз иншооти гуногуни неругоҳи Роғун раванди корҳои сохтмонӣ дар кони №17, нақби сохтмонии қабати чорум ва нақбҳои обпартои болоӣ низ дар маркази таваҷҷуҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.
Шиносоии Пешвои миллат бо рафти корҳои истеҳсоливу сохтмонӣ дар ин иншоот аз дидбонгоҳи кони №17 оғоз ёфт. Тибқи маълумот, ҳоло дар кони №17 ҳафт корхона фаъолият дошта, иқтидори коркард ва истеҳсоли маҳсулот, аз ҷумла гилхок, рег ва сангреза, дар як шабонарӯз аз 10 то 12 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад.
Фаъолияти шабонарӯзии корхонаҳои коркард дар кони №17 барои таъмин намудани захираи зарурии масолеҳ ва афзоиши ҳаҷми маҳсулоти мавриди истифода дар сохтмони сарбанди неругоҳ заминаи муҳим мегузорад.
Тибқи маълумот, нақби сохтмонии қабати чорум қобилияти гузаронидани то 3500 метри мукааб обро дар як сония дорад. Аз ин рӯ, таъмини ҳаракати бехатар ва идорашавандаи чунин ҳаҷми бузурги об аз талаботи муҳими техникии иншоот ба ҳисоб меравад.
Иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти муҳим барои таъмини бехатарӣ, устуворӣ ва фаъолияти самараноки неругоҳ аҳамияти калидӣ дошта, аз ҷумлаи самтҳои муҳимми раванди бунёди ин иншооти бузурги энергетикии кишвар ба ҳисоб меравад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Неругоҳи Роғун аз ҷараёни корҳо дар ҳавзи мавҷшикани нақбҳои обпартои соҳили рости Неругоҳи Роғун дидан намуданд.
Ҳавзи мавҷшикан яке аз иншооти маҷмааи обпартои соҳили рости Неругоҳи Роғун буда, барои қабули ҷараёнҳои баландсуръати об аз нақбҳои сохтмонии СТ-4А ва СТ-4Б, нақби обпартои сатҳи болоӣ ТВВУ-1 ва нақбҳои обпартои ТВП-1 ва ТВП-2, паст намудани энергияи ҷараён ва фароҳам овардани шароити бехатари воридшавии об ба маҷрои дарёи Вахш пешбинӣ шудааст.
Геометрияи ҳавз бо дарназардошти траекторияи фаввораҳои об, натиҷаҳои озмоишҳои модели физикӣ, ҳисобҳои математикӣ ва эҳтимолияти шусташавии маҷро муайян гардидааст.
Мувофиқи лоиҳа, омодасозии ҳавзи мавҷшикан дар ду навбат пешбинӣ гардида, қисми асосии он то сатҳи 945,0 метр поён бурда мешавад. Мустаҳкамсозии соҳили рост бо дарназардошти ҷараёни максималии ҳисобии 1 ҳазору 750 метри мукааб дар сония муайян шудааст. Барои таъмини бехатарӣ пояи нишебии соҳили рост на камтар аз 20 метр ва соҳили чап тақрибан 20-30 метр аз нуқтаи бархӯрди фаввораи ҳисобии об дуртар ҷойгир карда шудааст.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки тибқи ҳисобҳои гидравликӣ, худи ҳавзи мавҷшикан ҳамчун иншооти энергияфурӯбаранда ва минтақаи идорашавандаи шусташавӣ амал намуда, барои паст намудани таъсири ҷараёнҳои пуриқтидори об ва таъмини устувории соҳилҳо пешбинӣ шудааст.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки дар ҷараёни корҳои минбаъда ба сифати корҳо, устувории нишебиҳо, мустаҳкамкунии соҳилҳо ва таъмини бехатарии иншооти қисми поёнии неругоҳ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир карда шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва таҷҳизоти гидромеханикии дарвозаҳои асосӣ ва таъмирии СТ-4 Неругоҳи Роғун дидан намуданд.
Камера ва бинои идоракунии дарвозаҳои садамавӣ-таъмирӣ ва асосии СТ-4 (Нақби сохтмонии қабати 4-ум) яке аз иншооти муҳимми гидротехникии зеризаминии соҳили рости Неругоҳи Роғун ба ҳисоб рафта, барои идора ва танзими ҷараёни об, бастани қисмҳои обгузари нақб дар ҳолатҳои садамавӣ, инчунин фароҳам овардани шароит барои азназаргузаронӣ, таъмир ва хизматрасонии таҷҳизоти гидромеханикӣ пешбинӣ гардидааст.
Нақби сохтмонии СТ-4 барои гузаронидани обҳои селобии дарёи Вахш дар давраи сохтмони сарбанд ва иншооти асосии неругоҳ пешбинӣ шуда, остонаи обқабулкунаки он дар сатҳи 1090,0 метр ҷойгир мебошад. Қобилияти максималии обгузаронии нақб 3 500 метри мукааб дар сония буда, таҷҳизоти гидромеханикии он барои кор дар шароити фишори об то тақрибан 150 метр тарҳрезӣ шудааст.
Чор дарвозаи радиалии корӣ таҷҳизоти асосии танзимкунандаи СТ-4 мебошанд. Онҳо барои пурра ё қисман кушодани гузаргоҳҳо, танзими сарфи об ба поёноб, нигоҳ доштани сатҳи муайяни оби болооб ва дар ҳолати зарурӣ бастани гузаргоҳ истифода мешаванд.
Ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки барои чор маҷмӯи дарвозаҳои радиалӣ низоми ягонаи барқтаъминкунӣ пешбинӣ гардидааст.
Дар сурати қатъ гардидани таъминот аз манбаи асосӣ, система ба таври автоматӣ ба манбаи захиравӣ мегузарад. Ҳамзамон, маълумот оид ба манбаи амалкунандаи барқ ба системаи диспетчерии неругоҳ интиқол дода мешавад.
Дар маҷмуъ, камера ва бинои идоракунии дарвозаҳои СТ-4 маҷмааи мураккаби зеризаминии гидротехникӣ ва автоматишуда мебошад.
Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки иҷрои корҳои ҳаҷман бузурги сохтмонӣ дар шароити мураккаби зеризаминӣ натиҷаи истифодаи таҷрибаи пешрафта, технологияи муосир ва заҳмати мутахассисони ватанӣ буда, зарур аст, ки барои боз ҳам бо сифат ва саривақт иҷро намудани корҳои бунёдӣ талоши бештар варзида шавад.
Ёдовар мешавем, ки зимни сафари корӣ дар Неругоҳи Роғун, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, дигар масъулини ҳукуматӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор ҳамроҳӣ намуданд.
https://www.president.tj/

































