Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ДАР ҶАЛАСАИ КУМИТАИ БАЙНИДАВЛАТИИ АВИАТСИОНӢ ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРҲОИ НАВИ ҲАВОӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ ИДМ БАРРАСӢ ШУД

ДАР ҶАЛАСАИ КУМИТАИ БАЙНИДАВЛАТИИ АВИАТСИОНӢ ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРҲОИ НАВИ ҲАВОӢ БАЙНИ ТОҶИКИСТОН ВА КИШВАРҲОИ ИДМ БАРРАСӢ ШУД
10

Чоп кардан

Дар шаҳри Москва ҷаласаи кории Кумитаи байнидавлатии авиатсионӣ (МАК) баргузор гардид, ки дар он Директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Назарзода иштирок намуд.

АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар  ҷаласа доир ба масъалаҳои муҳими соҳаи авиатсияи гражданӣ, аз ҷумла таҳкими сатҳи бехатарии парвозҳо, татбиқи стандартҳо ва тавсияҳои байналмилалӣ, рушди ҳамкории минтақавӣ ва байналмилалӣ, кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои авиатсионӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам табодули афкор доир шуд.

Ҳамзамон ба масъалаҳои таҳкими ҳамкории судманд дар соҳаи авиатсияи гражданӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти сохторҳои дахлдор ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои рушди минбаъдаи соҳаи авиатсия таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардид.

Бояд гуфт, ки аз 1 январи соли 2026 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷрои вазифаи раисии Шуро оид ба авиатсия ва истифодаи фазои ҳавоии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шуруъ намуд. Ин масъулияти муҳим дар доираи ҳамкории бисёрҷониба барои Ҷумҳурии Тоҷикистон имконияти мусоид фароҳам меорад, ки дар таҳкими ҳамкории минтақавӣ, ҳамоҳангсозии мавқеъҳо ва пешбурди ташаббусҳои муштарак дар самти рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ саҳми бештар гузорад.

Итминон аст, ки раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди авиатсияи гражданӣ дар ҳама кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил такони иловагӣ бахшида, нуфуз ва обрӯи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд мебардорад.