Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ГӮШТИНГИРӢ – МЕРОСИ НИЁГОН ВА МАЙДОНИ НАВИ ПИРӮЗИҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶАҲОН

ГӮШТИНГИРӢ – МЕРОСИ НИЁГОН ВА МАЙДОНИ НАВИ ПИРӮЗИҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР САТҲИ ҶАҲОН
18

Чоп кардан

Гӯштингирӣ ҳамчун яке аз намудҳои қадимии варзиши миллии тоҷикон дар таърихи фарҳангӣ ва иҷтимоии миллати тоҷик ҷойгоҳи хосса дорад. Ин навъи варзиш на танҳо василаи қувваозмоӣ, балки мактаби тарбияи далерӣ, матонат, эҳтиром ба рақиб ва рӯҳияи ватандӯстӣ ба шумор меравад. Мувофиқи сарчашмаҳои марбут ба таърихи гӯштингирӣ, ин варзиши суннатӣ таърихи беш аз панҷҳазорсола дошта, дар ҷашнҳои миллӣ ва махсусан Наврӯз аз қадим маъмул будааст.

Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон гӯштингирӣ ба марҳилаи нави рушд ворид гардид. Бо таваҷҷуҳ ва дастгирии пайвастаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти шаҳри Душанбе барои эҳё, такмил ва муаррифии ин мероси варзишии миллӣ дар арсаи байналмилалӣ шароити мусоид фароҳам оварда шуд. Дар натиҷаи ин раванд гӯштингирии тоҷикӣ соли 2022 мақоми байналмилалӣ гирифт ва барои рушди минбаъдаи он заминаи устувор гузошта шуд.

Яке аз рӯйдодҳои муҳим дар таърихи навини ин намуди варзиш баргузории нахустин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ– гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе буд. Мусобиқа 28–31 августи соли 2024 баргузор гардида, дар он беш аз 200 варзишгар аз 60 кишвари ҷаҳон иштирок намуданд. Ин чорабинии сатҳи ҷаҳонӣ қадами муҳим дар роҳи муаррифии фарҳанги варзишӣ ва анъанаҳои миллии тоҷикон ба ҷомеаи байналмилалӣ гардид.

Идомаи мантиқии ин ташаббусҳо дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ буд, ки рӯзҳои 15–16 август дар шаҳри Душанбе бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар маросими ифтитоҳи чемпионат Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба ҳайси меҳмони фахрӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.

   

Мусобиқа бо иштироки варзишгарони зиёда аз 70 давлати ҷаҳон баргузор шуда, паҳлавонон дар 9 вазн – 6 вазн байни мардон ва 3 вазн байни занон – барои ба даст овардани унвони қаҳрамонӣ қувваозмоӣ карданд.

Натиҷаи иштироки мунтахаби Тоҷикистон дар ин мусобиқаи бузурги байналмилалӣ барои аҳли кишвар боиси ифтихор гардид. Паҳлавонони тоҷик дар маҷмӯъ 12 медал – 5 медали тилло, 3 нуқра ва 4 биринҷӣ ба даст оварда, дар ҷадвали натиҷаҳо мавқеи арзандаро ишғол намуданд.

Медалҳои тиллои Тоҷикистонро Муҳаммад Салимов дар вазни то 65 кг, Абдуллои Ориф дар вазни то 71 кг, Муҳаммадшариф Наҷмиддинов дар вазни то 78 кг, Ҳақназар Назаров дар вазни то 86 кг ва Комроншоҳ Устопириён дар вазни то 95 кг соҳиб шуданд.

Дар вазни то 71 кг Умар Шеров, дар вазни то 78 кг Қоим Шукронов ва дар вазни беш аз 95 кг Шарифҷон Назриев бо медалҳои нуқра сарфароз гардиданд.

Медалҳои биринҷиро Ёсин Бобокалонов дар вазни то 65 кг, Муҳаммадисо Раҷабов дар вазни то 71 кг, Акмал Муродов дар вазни то 95 кг ва Шакармамад Мирмамадов дар вазни беш аз 95 кг ба даст оварданд.

Ҳамин тариқ, майдони чемпионати ҷаҳон дар Душанбе бори дигар собит намуд, ки гӯштингирӣ ҳамчун мероси варзишии тоҷикон на танҳо дар қаламрави кишвар, балки берун аз он низ пайваста маҳбубият пайдо карда истодааст.

Тибқи муқаррароти чемпионат, барои варзишгарони ғолиб ҷоизаҳои назарраси пулӣ пешбинӣ гардида, ба барандаи медали тилло 20 ҳазор доллари ИМА, ба соҳиби медали нуқра 10 ҳазор доллар ва ба барандаи медали биринҷӣ 5 ҳазор доллар тақдим карда шуд.

Дастоварди паҳлавонони тоҷик дар чемпионати дуюми ҷаҳон натиҷаи рушди пайвастаи гӯштингирӣ, боло рафтани сатҳи маҳорати варзишгарон ва фароҳам гардидани имкониятҳои мусоид барои иштироки онҳо дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ мебошад.

Имрӯз гӯштингирӣ аз доираи як мусобиқаи суннатии мардумӣ берун рафта, ба яке аз воситаҳои муҳими муаррифии фарҳанг, таърих ва арзишҳои миллии тоҷикон дар арсаи ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Баргузории ду чемпионати ҷаҳон дар Душанбе дар муддати кӯтоҳ шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон барои рушди ин навъи варзиши миллӣ ва ба ҷаҳониён муаррифӣ намудани он қадамҳои устувор мегузорад.

Паҳлавонони тоҷик бо пирӯзиҳои худ дар майдонҳои байналмилалӣ на танҳо парчами давлатро баланд мебардоранд, балки эҳтиром ба мероси ниёгон, рӯҳияи ватандӯстӣ ва фарҳанги миллиро низ муаррифӣ менамоянд.

Дуюмин Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини миллӣ – гӯштингирӣ дар шаҳри Душанбе ҳамчун як рӯйдоди муҳими варзишӣ ва фарҳангӣ ба анҷом расид ва бо натиҷаҳои назарраси мунтахаби Тоҷикистон дар таърихи навини ин риштаи варзиш саҳифаи тозае боз намуд.

     
   

                                                                               Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»