ТАТБИҚИ СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ ФАЪОЛГАРДОНИИ НАҚШИ ЗАНОН ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Бо мақсади татбиқи амалии Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030, дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» бо иштироки бонувони корхона мизи мудаввар баргузор гардид.
Зимни ҳамоиш таъкид карда шуд, ки Стратегияи мазкур ба баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, фаъолгардонии нақши онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоӣ, таъмини баробарии гендерӣ ва баробарҳуқуқии занону мардон, ҷалби занон ба вазифаҳои роҳбарикунанда, инчунин фароҳам овардани имкониятҳои васеъ барои омӯзишу такмили ихтисоси бонувону духтарон равона шудааст.
Қайд гардид, ки бо мақсади татбиқи амалии Стратегияи мазкур дар КВД «Тоҷикаэронавигатсия» Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021–2030 қабул гардида, ҷиҳати иҷрои саривақтии он тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешаванд.
Дар ҷараёни ҳамоиш инчунин зикр гардид, ки татбиқи Стратегияи мазкур ба баланд бардоштани мақоми зан дар корхона, рушди қобилияти касбӣ ва такмили ихтисоси онҳо, дастгирии мутахассисони ҷавон аз ҳисоби бонувон, ҷалби ҳарчи бештари занон ба соҳаи аэронавигатсия ва авиатсияи гражданӣ, инчунин таҳкими нақши онҳо дар пешрафти соҳа мусоидат хоҳад намуд.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»


































