Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА АЭРОНАВИГАТСИЯИ МУОСИР: РОҲИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» БА СӮИ РУШДИ УСТУВОР

ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА АЭРОНАВИГАТСИЯИ МУОСИР: РОҲИ КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» БА СӮИ РУШДИ УСТУВОР
23

Чоп кардан

Дар шароити рушди босуръати илму технология ва рақобати шадиди иқтисоди ҷаҳонӣ, истифодаи технологияҳои рақамӣ ба яке аз омилҳои асосии таъмини рушди устувори давлатҳо табдил ёфтааст. Имрӯз рақамикунонӣ танҳо як раванди технологӣ нест, балки воситаи муҳими такмили идоракунӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ, истифодаи самараноки захираҳо ва таъмини амният ба ҳисоб меравад. Аз ҳамин ҷост, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди иқтисоди рақамӣ ва татбиқи технологияҳои инноватсиониро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ муайян намудааст.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 декабри соли 2025 таъкид гардид, ки рушди технологияҳои рақамӣ ва густариши раванди рақамикунонӣ бояд тамоми бахшҳои иқтисоди миллӣ ва идоракунии давлатиро фаро гирад. Ин ҳидояти Пешвои миллат аз ҳамаи сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла корхонаҳои соҳаи авиатсияи гражданӣ, тақозо менамояд, ки бо истифода аз имкониятҳои технологияҳои муосир фаъолияти худро мутобиқ ба талаботи ҷаҳонӣ ба роҳ монанд.

Соҳаи аэронавигатсия аз ҷумлаи бахшҳои пешсафи истифодаи технологияҳои рақамӣ маҳсуб меёбад. Идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, мубодилаи фаврии маълумот, банақшагирии парвозҳо, пешниҳоди иттилооти аэронавигатсионӣ ва таъмини бехатарии истифодаи фазои ҳавоӣ ба низомҳои муосири рақамӣ ва технологияҳои муосири рақамӣ такя мекунанд. Бинобар ин, рушди инфрасохтори рақамӣ дар соҳаи аэронавигатсия на танҳо талаботи замон, балки кафолати таъмини амнияти парвозҳо ва мутобиқшавӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мебошад.

КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ҳамчун корхонаи давлатӣ, ки масъули таъмини хизматрасонии аэронавигатсионӣ дар фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, сиёсати давлатии рақамикунониро аз самтҳои муҳими фаъолияти худ медонад. Корхона пайваста ҷиҳати навсозии таҷҳизоти техникии аэронавигатсионӣ, ҷорӣ намудани низомҳои муосири идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, рушди инфрасохтори рақамӣ ва такмили технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.

Дар фаъолияти корхона истифодаи низомҳои муосири CNS/ATM (алоқа, навигатсия, назорат ва идоракунии ҳаракати ҳавоӣ), татбиқи усулҳои PBN (Performance-Based Navigation), такмили низоми AIM (Aeronautical Information Management) ва истифодаи технологияҳои рақамӣ барои коркард ва мубодилаи маълумоти аэронавигатсионӣ имконият фароҳам овардааст, ки хизматрасонӣ бо сатҳи баланди дақиқӣ, эътимоднокӣ ва мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ амалӣ гардад.

Яке аз самтҳои муҳими фаъолияти КВД «Тоҷикаэронавигатсия» рақамикунонии хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ мебошад. Ин раванд имконият медиҳад, ки ҷамъоварӣ, таҳлил, нигоҳдорӣ ва интиқоли маълумоти аэронавигатсионӣ бо суръати баланд ва сатҳи баланди эътимоднокӣ анҷом дода шуда, барои қабули қарорҳои фаврӣ ва самаранок шароити мусоид фароҳам гардад. Дар баробари ин, рақамикунонӣ хатари омилҳои инсонӣ ва эҳтимоли хатогиҳоро коҳиш дода, сатҳи бехатарии парвозҳоро боз ҳам баланд мебардорад.

Имрӯз корхона бо татбиқи сиёсати давлатии рақамикунонӣ ва истифодаи технологияҳои пешрафта барои фароҳам овардани муҳити муосири хизматрасонии аэронавигатсионӣ, таъмини амнияти фазои ҳавоӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти худ ба талаботи Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ пайваста талош менамояд.

Бо итминон метавон гуфт, ки рақамикунонӣ омили асосии рушди минбаъдаи соҳаи аэронавигатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 КВД «Тоҷикаэронавигатсия» низ бо дарки баланди масъулият сиёсати созандаи Пешвои миллатро сармашқи фаъолияти худ қарор дода, минбаъд низ барои ҷорӣ намудани технологияҳои навин, рушди иқтисоди рақамӣ, баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва таҳкими мавқеи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми байналмилалии авиатсияи гражданӣ саҳми арзандаи худро хоҳад гузошт.

Мутахассиси пешбари Маркази матбуоти

КВД «Тоҷикаэронавигатсия»

Ҳасанзода Эътибор