Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ

ХАБАРРЕЗАИ АВИАТСИОНӢ
14

Чоп кардан

3 августи соли 2026 дар шаҳри Душанбе маросими муаррифии ҳавопаймои нави муосири Boeing 737-8 MAX, ки чанде пеш ба парки ҳавопаймоии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати ҳавопаймоии Сомон Эйр» ворид гардид, баргузор шуд. Ворид гардидани ин ҳавопаймо дар партави таваҷҷуҳу дастгириҳои пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба рушди соҳаи авиатсияи гражданӣ ва татбиқи сиёсати муосири нақлиёти ҳавоӣ амалӣ гардида, қадами муҳим дар роҳи таҳкими иқтидори авиатсионии мамлакат арзёбӣ мешавад.

***

1 август ширкати «Cathay PacificCargo»-и Ҳонконг парвозҳои мунтазами боркашониро тавассути фурудгоҳи Остона оғоз намуд, ки дар маҷмӯъ 5 парвоз дар як ҳафта анҷом дода мешавад.

***

Ширкати «Iraqi Airways» парвозҳоро аз Бағдод ба Масква барқарор менамояд, ки парвози аввал 4 август пешибӣ шудааст.

***

Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Федератсияи Россия шаҳодатномаи оператори ҳавопаймоии ширкати ҳавопаймоии «Ижавия»-ро бекор кард. Дар натиҷа, ширкати ҳавопаймоӣ фурӯши чиптаҳоро барои ҳамаи парвозҳо аз 1 августи соли 2026 қатъ намуд.

***

3 августи соли 2026 Идораи федералии авиатсияи граждании Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ҳавопаймои нави Boeing 737-7-ро расман сертификатсия намуд. Ҳамзамон, ин ниҳод бо дарназардошти ворид гардидани модели нави мазкур, сертификати истеҳсолии ширкати Boeing-ро низ таҷдид кард.

***

Ширкати «Air India» парвозҳои ҳавопаймои нави Boeing 787-9-и худро дар масири Деҳлӣ-Торонто оғоз намуд.

***

Ширкати «German Airways» харид ва маблағгузории панҷ ҳавопаймои минтақавии Embraer E190-ро бо муваффақият анҷом дод.  

***

Дар вохӯрии роҳбарияти Фурудгоҳи байналмилалии Остона ва ширкати ҳавопаймоии «Urumqi Air» масъалаи роҳандозии парвозҳои мунтазами мусофирбарӣ дар масири Остона (Қазоқистон) – Йинин (Чин) мавриди баррасӣ қарор гирифт. Зимни мулоқот таъкид гардид, ки ифтитоҳи ин хатсайр бо истифода аз ҳавопаймои минтақавии COMAC C909 метавонад ба таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ, густариши робитаҳои нақлиёти ҳавоӣ ва афзоиши мубодилаи мусофирон миёни ду кишвар мусоидат намояд.

***

(Манбаъ: АМИТ «Ховар», Aviation Explorer, Buying Business Travel Russia, Flight Global, Aviation Source News, https://news.mail.ru/tag/306/)