Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
КОРХОНАИ ВОҲИДИ ДАВЛАТИИ "ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ"

САЁҲАТИ РАҚАМӢ: АВИАТСИЯИ ҶАҲОНӢ БА СӮИ ОЯНДАИ БИДУНИ ҲУҶҶАТҲОИ КОҒАЗӢ ҲАРАКАТ МЕКУНАД

САЁҲАТИ РАҚАМӢ: АВИАТСИЯИ ҶАҲОНӢ БА СӮИ ОЯНДАИ БИДУНИ ҲУҶҶАТҲОИ КОҒАЗӢ ҲАРАКАТ МЕКУНАД
32

Чоп кардан

Дар ҷаҳони муосир рушди технологияҳои рақамӣ соҳаи авиатсияро низ фаро гирифта, тарзи хизматрасонӣ ба мусофиронро тағйир медиҳад. Имрӯз ширкатҳои ҳавопаймоӣ ва фурудгоҳҳои пешрафта ба татбиқи низомҳое рӯ оварда истодаанд, ки ба мусофирон имкон медиҳанд, бидуни истифодаи ҳуҷҷатҳои коғазӣ ва танҳо тавассути шинохти чеҳра ва дастгоҳҳои рақамӣ марҳилаҳои асосии сафарро анҷом диҳанд.

Яке аз унсурҳои муҳими ин раванд шиносномаи рақамии сафар (Digital Travel Credential – DTC) мебошад. Ин шиносномаи рақамӣ ҳамчун нусхаи электронии шиносномаи муқаррарӣ таҳия шуда, аз ҷониби Созмони байналмилалии авиатсияи гражданӣ (ICAO) – ниҳоди махсуси Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи авиатсия таҳия гардидааст.

Мақсади асосии DTC фароҳам овардани имконияти саёҳати бехатар, зуд ва бидуни монеа мебошад. Аммо яке аз масъалаҳои муҳиме, ки рушди васеи онро маҳдуд месозад, тарзи нигоҳдорӣ ва мубодилаи маълумоти шахсӣ мебошад.

Дар айни замон, маълумоти шиноснома дар DTC ҳамчун як маҷмӯи ягона нигоҳ дошта мешавад. Барои мақомоти назорати сарҳадӣ, ки ба маълумоти пурраи шахсият ниёз доранд, ин усул мувофиқ аст. Аммо ширкатҳои ҳавопаймоӣ одатан танҳо ба қисми муайяни маълумот, аз ҷумла ном, санаи таваллуд ва баъзан шаҳрвандӣ ниёз доранд.

Аз ин рӯ, масъалаи асосӣ ба истифодаи принсипи камкунии маълумот (data minimization) вобаста мебошад. Яъне бояд танҳо ҳамон маълумоте пешниҳод карда шавад, ки барои иҷрои як амали мушаххас зарур аст. Ин равиш имкон медиҳад, ки маълумоти шахсии мусофирон ҳифз гардида, ҳамзамон равандҳои рақамӣ самаранок фаъолият намоянд.

Дар ин самт ICAO метавонад такмили стандарти DTC ва таҳияи роҳнамои татбиқи онро барои истифодаи бехатари маълумоти ҷудогона баррасӣ намояд.

Ташаббусҳои байналмилалӣ дар роҳи саёҳати рақамӣ

Бо вуҷуди он ки таҳияи стандартҳои байналмилалӣ вақт талаб мекунад, соҳаи авиатсия ва як қатор давлатҳо аллакай ба татбиқи технологияҳои саёҳати рақамӣ шурӯъ кардаанд.

Яке аз ташаббусҳои муҳим дар ин самт барномаи One ID-и Ассотсиатсияи байналмилалии нақлиёти ҳавоӣ (IATA) мебошад. Ин ташаббус барои ташкили саёҳати бидуни ҳуҷҷатҳои коғазӣ тавассути истифодаи шахсияти рақамӣ ва технологияҳои биометрӣ равона шудааст.

Дар доираи ин низом, DTC ҳамчун шиносномаи рақамии ҳифзшуда истифода шуда, One ID тартиби тасдиқи шахсият, гирифтани розигии мусофир ва мубодилаи танҳо маълумоти заруриро муайян мекунад.

Ҳамзамон, масъалаҳои шахсияти рақамӣ ва ҳамоҳангсозии байналмилалӣ дар сатҳи созмонҳои ҷаҳонӣ низ баррасӣ мешаванд. Аз ҷумла, таҳқиқоти кишварҳои гурӯҳи G7 оид ба равишҳои истифодаи шахсияти рақамӣ аз ҷониби Созмони ҳамкорӣ ва рушди иқтисодӣ (OECD) гузаронида шуда, барои таҳияи стандартҳои ояндаи байналмилалӣ мусоидат мекунад.

Татбиқи саёҳати рақамӣ дар фурудгоҳҳои ҷаҳон

Имрӯз саёҳати рақамӣ дигар танҳо як идея нест. Шумораи афзояндаи ширкатҳои ҳавопаймоӣ ба мусофирон имконият медиҳанд, ки тавассути шинохти чеҳра ва телефон бақайдгирӣ, санҷиши бехатарӣ ва саворшавӣ ба ҳавопайморо анҷом диҳанд.

Мисоли равшани ин раванд барномаи Digi Yatra дар Ҳиндустон мебошад, ки дар 24 фурудгоҳ фаъолият мекунад. Ин низом ба мусофирони парвозҳои дохилӣ имкон медиҳад, ки бо истифода аз шинохти чеҳра ва шахсияти рақамии тасдиқшуда бидуни пешниҳоди ҳуҷҷатҳои коғазӣ аз марҳилаҳои асосии сафар гузаранд.

Дар саросари ҷаҳон низ низомҳои биометрӣ дар даҳҳо фурудгоҳ ҷорӣ гардидаанд. Барои дастгирии ширкатҳои ҳавопаймоӣ дар истифодаи ин инфрасохтор, IATA Феҳристи сафарҳои бидуни тамосро роҳандозӣ намудааст, ки маълумотро оид ба фурудгоҳҳои дорои хизматрасониҳои рақамӣ ҷамъоварӣ мекунад.

Ҳамоҳангсозии байналмилалӣ – қадами муҳим ба оянда

Коршиносон бар он назаранд, ки масъалаи асосии боқимонда барои рушди пурраи саёҳати рақамӣ – ҳамоҳангсозии стандартҳо байни давлатҳо мебошад.

То замоне ки талаботи байналмилалӣ мутобиқ карда нашаванд ва механизмҳои мубодилаи бехатари маълумот такмил наёбанд, истифодаи пурраи имкониятҳои саёҳати рақамӣ маҳдуд боқӣ хоҳад монд.

Бо вуҷуди ин, қадамҳои амалии ширкатҳои ҳавопаймоӣ, фурудгоҳҳо ва давлатҳо нишон медиҳанд, ки ояндаи авиатсия ба самти рақамикунонӣ ҳаракат дорад. Дар ояндаи наздик чеҳра ва дастгоҳи шахсии мусофир метавонанд ба воситаи асосии тасдиқи шахсият дар тамоми марҳилаҳои сафар табдил ёбанд.