САФАРИ ДАВЛАТӢ БА МУҒУЛИСТОН
21 июл маросими бошукӯҳи истиқболи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар майдони марказии шаҳри Уланбатори Муғулистон, ки ба хотири сафари давлатии меҳмони воломақом идона ороста шуда буд, баргузор гардид.
Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух самимона пешвоз гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.
Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ ба меҳмони воломақом, садо додани сурудҳои миллии ду кишвар, гузаштан аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Муғулистон, бо қадамзании мутантан ва гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони ду давлат ҷараён гирифта, баъди шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду ҷониб анҷом ёфт.
Ҳамчунин ба ифтихори ташрифи давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тупхонаҳо 21 маротиба шиллик паронда шуд.
21 июл баррасии масоили ҳамкорӣ дар суҳбати хосаи сарони давлатҳои Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух оғоз гардида, дар мулоқот бо иштироки ҳайатҳо идома ёфт.
Нахуст, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баланди пазироӣ изҳори сипос намуда, изҳори итминон доштанд, ки “натиҷаҳои мулоқоту музокироти имрӯза ба тавсеаи минбаъдаи ҳамкории судманди дуҷонибаи мо такони тоза хоҳанд бахшид”.
Ҷонибҳо аз рушди бемайлони робитаҳои сиёсии ду кишвар ёдовар шуда, ба тақвияти робитаҳои байнипарлумонӣ ҳамчун воситаи муассири таҳкими эътимоди сиёсӣ аҳаммияти махсус доданд.
Дар рафти музокирот ба самтҳои афзалиятноки ҳамкорӣ дар соҳаҳои энергетика, сохтмон ва рушди зерсохтор, кишоварзӣ, аз ҷумла чорводорӣ, содироти меваю сабзавоти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Муғулистон, таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Пешниҳод шуд, ки барои мусоидат ба рушди ҳамкории судманди дуҷониба Гурӯҳҳои муштараки корӣ дар соҳаҳои энергетика ва сохтмон ва рушди инфрасохтор таъсис дода шавад.
Саноати коркард, бахусус саноати сабук ва хӯрокворӣ, истихроҷ ва коркарди маъданҳо аз ҷумлаи бахшҳои ояндадори муносибатҳои ду кишвар арзёбӣ гашт.
Фаъолияти мунтазами Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои ҳамоҳангсозии маҷмӯи робитаҳои дуҷониба ва ҷалби сармоягузорӣ муҳим дониста шуд.
Зикр гардид, ки ҳамкории гуманитарӣ ҷанбаи дигари муҳимми муносибатҳои Тоҷикистону Муғулистон мебошад. Дар ин самт, бо қаноатмандӣ аҳамияти баргузории Рӯзҳои фарҳанги кишварҳо дар қаламрави якдигар таъкид гардид.
Густариши минбаъдаи робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва академӣ, марказҳои таҳлилӣ ва дигар муассисаҳои соҳавии ду кишвар самти дигари ҳамкорӣ номида шуд.
Гуфта шуд, ки дар соҳаҳои сайёҳӣ, ҷавонон ва варзиш низ имкониятҳои фарохи ҳамкорӣ мавҷуд аст.
Аз Муғулистони дӯст барои дастгирӣ аз ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2027-2036 ҳамчун “Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда” ва дигар пешниҳодҳои ҷаҳонии кишвари мо, бахусус дар соҳаҳои обу иқлим изҳори сипос карда шуд.
Дар ин зимн аҳаммияти таҳкими минбаъдаи ҳамкории ду ҷониб дар чорчӯби Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ бахусус таъкид гардид.
Табодули судманди афкор, ҳамчунин, оид ба дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҳар ду ҷониб сурат гирифт.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олӣ миёни Тоҷикистон ва Муғулистон маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор гардид.
Дар ҳузур ва бо иштироки Сарони давлатҳо 12 санад ба имзо расид.
Нахуст Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Муғулистон муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух дар бораи густариш ва рушди муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон қабул ва эълон гардид.
Сипас, санадҳои зерин ба имзо расид:
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ ва хизматӣ;
- Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамлу нақли байналмилалии автомобилӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи карантин ва ҳифзи растаниҳо;
- Ёддошти тафоҳум миёни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи маориф;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти техникӣ ва касбӣ ва омӯзиш;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, варзиш, сайёҳӣ ва ҷавонони Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҷавонон ва варзиш;
- Лоиҳаи Ёддошти тафоҳум миёни Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Идораи захираҳои маъданӣ ва нафти Муғулистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таҳқиқоти геологӣ;
- Ёддошти тафоҳум миёни Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати истихроҷи маъдан ва саноати вазнини Муғулистон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии сармоягузорӣ ва савдои Муғулистон;
- Ёддошти тафоҳум миёни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати муҳити зист ва тағйирёбии иқлими Муғулистон оид ба ҳамкории стратегӣ дар самти барқарорсозии чарогоҳҳо, ҳифзи пиряхҳо, мутобиқшавӣ ва устуворӣ ба тағйирёбии иқлим, инчунин коҳиш додани биёбоншавӣ;
- Харитаи роҳ доир ба рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва амнияти озуқаворӣ миёни Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати озуқаворӣ, кишоварзӣ ва саноати сабуки Муғулистон барои солҳои 2026-2028.
Пас аз анҷоми мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистон ва Муғулистон Сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Ухнаагийн Хурэлсух барои доираи васеи намояндагони васоити ахбори омма нишасти матбуотӣ оростанд.
Роҳбарони давлатҳо натиҷаи музокиротро барои таҳкиму тавсеаи муносибатҳои ҳамкории ду кишвар неку ояндадор маънидод намуданд.
Мавриди зикри хос аст, ки рӯзҳои 20 - 21 июл дар ҳошияи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Улан-Батор Ҷаласаи нахустини Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон оид ба масъалаҳои тиҷоратию иқтисодӣ, Форуми соҳибкории Тоҷикистону Муғулистон ва Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Муғулистон дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардид.
Зимни мулоқот масоили рушду таҳкими ҳамкории ду кишвар баррасӣ гардид.
“Мо ба таҳкиму густариши ҳамкории судманд бо Муғулистони дӯст таваҷҷуҳи пайваста зоҳир менамоем”, - изҳор доштанд дар оғози мулоқот Роҳбари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷонибҳо ба густариши робитаҳои судманд дар бахшҳои гуногуни тиҷоратию иқтисодӣ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд.
Аҳамияти махсуси фаъолияти муназзами Комиссияи муштарак оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ барои пешбурди тамоми маҷмӯи робитаҳо таъкид шуд.
Ба роҳандозии ҳамкорӣ дар соҳаҳои гидроэнергетика, кишоварзӣ, бахусус бахши чорводорӣ, саноати кӯҳӣ ва геология таваҷҷуҳи зиёд зоҳир гардид.
Татбиқи лоиҳаҳои муштарак оид ба истеҳсол, нигоҳдорӣ ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти навъҳои гуногуни маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи соҳаи кишоварзӣ ба Муғулистон ва таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди маҳсулоти чорводорӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт.
Нақши робитаҳои мустақими доираҳои соҳибкорӣ ва баргузории Форуми соҳибкорони Тоҷикистону Муғулистон дар шаҳри Улан-Батор барои густариши робитаҳои тиҷоратӣ муҳим дониста шуд. Дар ин зимн пешниҳод гардид, ки Шурои муштараки соҳибкорони Тоҷикистон ва Муғулистон таъсис дода шавад.
Алоқамандии ҷонибҳо ба густариши ҳамкории фарҳангию башарӣ, аз ҷумла роҳандозии робитаҳои мустақим миёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ, марказҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва сайёҳӣ низ таъкид гардид.
https://www.president.tj/

































