НИШАСТИ МАТБУОТӢ
8 июли соли 2026 дар толори ҶСК «Тоҷик Эйр» нишасти матбуотӣ оид ба натиҷаҳои фаъолияти соҳаи авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 баргузор гардид.
Дар кори нишаст муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, КВД «Тоҷикаэронавигатсия», ҶСК «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», ҶСК «Сомон Эйр», ҶСК «Тоҷик Эйр», инчунин намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷии кишвар иштирок намуданд.
Зимни нишаст натиҷаҳои фаъолияти соҳаи авиатсияи гражданӣ ва корхонаҳои авиатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи аввали соли 2026 мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифтанд.
Таваҷҷуҳи махсус ба масоили таъсири вазъи кунунии ҷаҳон ба фаъолияти соҳаи авиатсияи граждании кишвар, таъмини захираи сӯзишвории авиатсионӣ, тавсеаи ҷуғрофияи парвозҳои дохилӣ ва байналмилалӣ, афзоиши шумораи парвозҳои транзитӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонии аэронавигатсионӣ ва фаъолияти ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ, таҷдиди инфрасохтори фурудгоҳҳои кишвар зоҳир гардид.
Дар фарҷоми нишаст ба намояндагони воситаҳои ахбори омма иттилоъ дода шуд, ки бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли ҷорӣ як қатор созишномаҳои ҳамкорӣ оид ба роҳандозии алоқаи ҳавоӣ бо давлатҳои хориҷӣ ба имзо расидаанд. Интизор меравад, ки дар нимсолаи дуюми соли 2026 якчанд хатсайри нави байналмилалӣ ба истифода дода шавад.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»


































