КВД «ТОҶИКАЭРОНАВИГАТСИЯ» ФАЬОЛИЯТИ НИМСОЛААШРО НАТИЧАГИРӢ НАМУД
6 июли соли 2026 дар Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикаэронавигатсия» ҷаласаи ҷамъбастии фаъолияти шаш моҳи аввали соли 2026 баргузор гардид. Дар он Раҳимзода Тоҷиддин Сафаралӣ, муовини сардори Раёсати рушди инфрасохтори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳабибулло Назарзода, директори Агентии авиатсияи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон, директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» ва кормандони корхона иштирок намуданд.
Директори генералии КВД «Тоҷикаэронавигатсия» – Бегиҷонзода Лоиқ Бегиҷон, зимни ироаи ҳисобот зикр кард, ки дар нимсолаи аввал ҷиҳати таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, таъмини бехатарии парвозҳо, ҷорӣ намудани технологияҳои муосири аэронавигатсионӣ ва татбиқи лоиҳаҳои муштарак як қатор корҳои муҳим анҷом дода шуданд. Аз ҷумла, ҳамкориҳо бо муассисаҳои аэронавигатсионии Қирғизистон ва Ӯзбекистон густариш ёфта, корҳои вобаста ба ташкили шабакаҳои муосири алоқа, истифодаи технологияҳои нав ва тавсеаи ҳамкориҳо дар самти кушодани роҳҳои нави ҳавоӣ идома доранд. Ҳамзамон, барои баланд бардоштани сатҳи тахассуси кормандон курсҳои такмили ихтисос, аз ҷумла дар Ҷумҳурии Мардумии Чин, роҳандозӣ гардиданд.
Зимни ҷаласа Ҳабибулло Назарзода таъкид намуд, ки дар солҳои Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи авиатсияи гражданӣ бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи роҳбарияти олии кишвар ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, КВД «Тоҷикаэронавигатсия» имрӯз ҳамчун яке аз сохторҳои калидӣ дар таъмини бехатарии парвозҳо ва рушди инфрасохтори авиатсионӣ нақши муҳим дорад. Раҳимзода Тоҷиддин Сафаралӣ низ нақши муҳими корхонаро дар таъмини бехатарии парвозҳо ва рушди соҳаи авиатсияи граждании кишвар таъкид кард.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид гардид, ки корхона фаъолияти минбаъдаи худро бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар сатҳи баланд истиқбол гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома хоҳад дод.
Маркази матбуоти КВД «Тоҷикаэронавигатсия»


































