АВВАЛИН МАРКАЗИ ИДОРАКУНИИ ФОСИЛАВӢ БАРОИ ИДОРАКУНИИ ҲАРАКАТИ ҲАВОӢ ДАР ЯКЧАНД ФУРУДГОҲ
Ширкати «Indra Group» ва таъминкунандаи хизматрасониҳои аэронавигатсионии Финландия – «Fintraffic Air Navigation Services» оид ба таъсиси нахустин маркази рақамии идоракунии фосилавии ҳаракати ҳавоӣ, ки махсус барои идоракунии ҳамзамони якчанд фурудгоҳ тарҳрезӣ шудааст, қарордод ба имзо расониданд.
Ин марказ дар шаҳри Вантаа, дар наздикии пойтахти Финландия – Ҳелсинки ҷойгир гардида, амалиёти ҳафт фурудгоҳ, аз ҷумла Мариеҳамн, Турку, Вааса, Киттиля, Ивало, Кусамо ва Оулуро аз масофаи дур идора хоҳад кард. Дар доираи ин низом, танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ метавонанд аз як ҷойи корӣ ҳаракати ҳавоиро ҳамзамон дар се фурудгоҳ идора намоянд.
Тибқи созишнома, ширкати «Indra Group» ба «Fintraffic ANS» платформаи мукаммали технологиро пешниҳод менамояд, ки ҳамаи низомҳои асосии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ, аз ҷумла маълумот оид ба ҳаракати ҳавоӣ, нақшаҳои электронии парвоз ва иттилооти обуҳавошиносиро дар як муҳити ягона муттаҳид месозад.
Ҳамчунин, ин низом бо технологияи пешрафтаи манораи рақамии ширкати «Indra Group» муҷаҳҳаз гардидааст. Он тасвирҳои баландсифати 4K, манзараҳои панорамии табиӣ, имконияти мушоҳидаи шабонаи ҳаракати ҳавопаймоҳо, инчунин пайгирии худкори объектҳо, аломатгузории оқилонаи ҳаракати ҳавоӣ ва заминӣ ва намоиши маълумотро дар вақти воқеӣ таъмин менамояд. Ин имкониятҳо сатҳи огоҳии танзимгаронро баланд бардошта, самаранокии идоракунии ҳаракати ҳавоиро беҳтар месозанд.
Директори генералии «Fintraffic Air Navigation Services» Рейн Луожус таъкид намуд, ки гузариш ба хизматрасониҳои рақамии аэронавигатсионӣ қадами навбатии мантиқӣ дар рушди соҳа мебошад. Ба гуфтаи ӯ, муштариён ва шарикон аз ширкат талаб доранд, ки хизматрасониҳои аз ҷиҳати экологӣ тоза, самаранок ва камхарҷро пешниҳод намояд. Аз ин рӯ, татбиқи чунин низом барои рушди минбаъдаи фаъолияти ширкат ва мутобиқ шудан ба талаботи нави бозор аҳаммияти калон дорад.
Ноиби президенти иҷроияи бахши идоракунии ҳаракати ҳавоии «Indra Group» Виктор Мартинес изҳор дошт, ки татбиқи ин лоиҳа ба «Fintraffic» имкон медиҳад модели самараноктар ва устувортари фаъолияти худро роҳандозӣ намояд. Ба гуфтаи ӯ, истифодаи технологияҳои муосир шумораи таҷҳизоти техникӣ ва серверҳоро коҳиш дода, низоми чандир ва васеъшавандаи идоракунии ҳаракати ҳавоиро фароҳам меорад. Ҳамзамон, «Fintraffic» аввалин таъминкунандаи хизматрасониҳои аэронавигатсионӣ дар ҷаҳон хоҳад гардид, ки аз рӯзи аввали фаъолият низоми идоракунии фосилавии манораҳои якчанд фурудгоҳро ба истифода медиҳад.
Дар доираи ин ҳамкорӣ, «Indra Group» инчунин низоми муосири телефонии IP GAREX-ро таъмин менамояд, ки барои таъмини алоқаи рақамии боэътимод ва бехатар байни танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ, сарнишинон ва кормандони хадамоти заминӣ пешбинӣ шудааст.
Таҷҳизоте, ки дар фурудгоҳҳои Финландия насб мегарданд, барои фаъолият дар шароити иқлими шадид мутобиқ буда, метавонанд то ҳарорати –50 дараҷа фаъолият намоянд.
Стандарти нав дар идоракунии ҳаракати ҳавоӣ
Ширкати «Indra Group» фаъолияти худро дар самти рушди технологияҳои манораҳои рақамӣ ва идоракунии фосилавии ҳаракати ҳавоӣ пайваста густариш дода, дар татбиқи лоиҳаҳои бузурги байналмилалӣ дар Аврупо ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико иштирок менамояд.
Дар Норвегия ширкат дар таъсиси аввалин ва бузургтарин маркази идоракунии фосилавии ҳаракати ҳавоӣ дар ҷаҳон саҳм мегузорад, ки идоракунии 14 фурудгоҳро ба зимма дорад. Дар Арабистони Саудӣ бошад, аввалин манораи идоракунии фосилавӣ дар минтақаи Ховари Миёна бо технологияи ин ширкат мавриди истифода қарор гирифтааст, ки фурудгоҳи Ал-Уларо бо маркази идоракунӣ дар шаҳри Ҷидда, дар масофаи зиёда аз 500 километр, пайваст мекунад.
Дар шаҳри Будапешт «Indra Group» яке аз пешрафтатарин манораҳои рақамии идоракунии ҳаракати ҳавоиро таъсис медиҳад, ки қобилияти идоракунии беш аз 300 амалиёти ҳавоиро дар як шабонарӯз дорад. Дар шаҳри Ванкувер низ технологияи ширкат дар идоракунии ҳаракати ҳавопаймоҳо дар перрон истифода шуда, имкон медиҳад дар як шабонарӯз зиёда аз 1000 амалиёт иҷро гардад.
Бо имзои ин қарордоди нав дар Финландия, «Indra Group» мавқеи худро ҳамчун яке аз ширкатҳои пешсаф дар самти технологияҳои рақамии идоракунии ҳаракати ҳавоӣ боз ҳам таҳким бахшида, дар баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ, самаранокӣ ва иқтидори амалиётии фурудгоҳҳо нақши муҳим мегузорад.


































